Кули Сарез

Кули Сарез маълумот расм картинки

Кули Сарез
Кули Сарез

Сарез (سریز) кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст.

Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.

Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи ОқсӯиАфғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар БадахшониТоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шиддати дақиқи ин заминларза то ба ҳол мушаххас нашудааст, вале олимон мегӯянд расадхонаи Пулково воқеъ дар наздикии шаҳри Санкт-Петербург ин зилзиларо эҳсос кардааст.

Дар натиҷаи баста шудани маҷрои рӯди Мурғоб хатари зери об мондан ба рустои Сарез ва боз се деҳи дигар таҳдид кард. Сокинони Сарез деҳаву хонаҳо ва дарахту боғзорҳояшонро раҳо карда, тавассути минтақаи Мурғоб ба қаламрави ноҳияи Шуғнон ба деҳаи Сарҳади Бадчор кӯчиданд. Дар ҷои уфтодаи кӯҳпораи Усой кӯли бузурге пайдо шуд ва деҳи Сарезро ба коми худ фурӯ бурд.

Аз ин фоҷеъа мардуми деҳоти поёноби рӯди Мурғоб танҳо баъди 45 рӯз хабар ёфтанд. Волии Рӯшон дар бораи ин фоҷеъа ба қалъаи низомии Русия, ки дар деҳаи Хоруғ воқеъ буд, иттилоъ дод. Русҳо, ки он замон Помир таҳти тасарруфашон қарор дошт, танҳо аз моҳи октябри соли 1913 ба таҳқиқи кӯли нав пардохтанд.

Полковник Григорий Шпилко, сардори гурӯҳи низомии русҳо дар Помир, ки дар айни замон ба ҷуғрофияшиносӣ низ машғул буд, дар таърих нахустин муҳаққиқи ин кӯл маҳсуб мешавад. Бо унвони Сарез низ бори нахуст ин кӯлро Шпилко ном бурдааст.

Ба гуфтаи аксари олимони ҷуғрофияшинос ва иқлимшиноси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мамолики муштаракулманофеъ кӯли Сарез ба вазъи ҷуғрофӣ ва иқлими на танҳо кӯҳистони Помир, балки тамомиОсиёи марказӣ таъсири бунёдӣ гузошт. Ҳамакнун Сарез бо назардошти хатари эҳтимолии он дар гуфтаҳо ва навиштаҳо аксаран бо унвони «аждаҳои хуфта» ёд мешавад.

Зеро донишмандон мегӯянд дар сурати рахнаи садди кӯли Сарез, ки дар минтақаи зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Узбакистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 милён одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.

Хатари эҳтимолии рахнаи садди Сарезро олимони табиатшинос ба се омил марбут медонанд: вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф.

Дар айни хол, яъне бо гузашти 98 сол аз ташкили обанбори табии, тули кул ба бештар аз 70 километр ва чукурии он ба 500 метр расидааст. Хачми оби чамъшуда 17 млрд. метри кубй баровард шудааст. Ин кул дар баландии 3 хазор метр аз сатхи оби бахр чойгир шудааст.

 Кули Сарез аз замони пайдоиш дар маркази таваччухи ниходхои зистмухитии Точикистон ва минтака карор дошт. Хануз дар солхои 70-уми асри гузашта мутахассисони Шуравй дар пайи тахкикоти зиёд ба ин натича расиданд, агар чорахои зарурй андешида нашавад, дар дарозмуддат чмаъ шудани беш аз хадди об боиси вайрон шудани садди табии ва сарозер шудани обу сангу гил хохад шуд, амре ки чони 6 млн. аз ахолии Осиёи Марказиро дар маърази хатар карор хохад дод.

 Баъд аз касби истиклол, масъулони точик талош намуданд бо пешниход кардани ракаму далелхо хатари кули Сарезро муаррифй ва барои пешгирй аз фочеахои экологй ва инсонй талошхое ба харч доданд. Аз чумла дар охирхои соли 1997 дар шахри Душанбе конфронси байналмилалие баргузор гардид, ки дар он масъалахои вобаста ба кули Сарез мавриди бахсу баррасй карор гирифт. Дар ин конфронс пешниход шуд, ки дар сурати бахрабардорй, кули Сарез 40 то 50 млн. ахолиро бо оби солими ошомиданй таъмин хохад кард.

 Дар соли 2000 хукуматхои Точикистон, Киргизистон ва Узбакистон аз чомеаи чахонй даъват карданд, ки барои аз байн бурдани хатароти кули Сарез мусоидатхои лозимро анчом диханд. Дар хамон сол тахти сарпарастии Бонки чахонй тархе бо номи “Кули Сарез:барномаи кохиши хатар” тасвиб ба мархалаи ичро гузошта шуд.

 Дар таърихи 3 ноябри соли 2007 раиси чумхурии Точикистон аз созмонхои байналмилалии молй такозо кард, ки барои тахияи барномаи истифода аз оби кули Сарез кумак кунанд. Дар ин пешниход гуфта мешуд, ки бо ичрои чунин барнома 40 млн. ахолии минтака бо оби ошомиданй таъмин ва хатархои эхтимолй рафъ хоханд шуд.

 28 майи соли 2008 дар шахри Бишкек дар хамоише бо хузури вазирони об аз кишвархои Точикистон, Туркия, Туркманистон, Казокистон, Озарбойчон ва Киргизистон бори дигар масъалаи кумак ба тархи бахрабардорй аз оби кули Сарез матрах шуд.

 Ба иловаи ин хама, бисёре аз кишвархо ва ниходхои байналмилалй дар ростои мусоидат ба халли масъалахои кули Сарез кумакхои милй ва фаннй расондаанд, ки Шветсария дар садри ин руйхат карор дорад.

 Хатароти эхтимолии бархоста аз кули Сарез дар холе матрах мешавад, ки ба эътикоди гурухе аз мутахассисон, ин мавзуъ як василаи судчуйи барои бархе аз сохторхо ва макомот дар кишвархои минтака табдил шудааст. Аз чумла, Юрий Казаков, мутахассиси заминшиносй, ки солхои зиёде дар минтакаи Сарез кор кардааст, ба хамин нукта ишора мекунад ва мегуяд, бисёре аз матолиби чопшуда дар бораи масъалахои Сарез на касбй, балкй эхсосотй таълиф шудаанд. Вай зимни тасдик кардани хатароти эхтимолии кули Сарез, бо таассуф мегуяд, тахкикот дар мавриди кули Сарез ба таври комил анчом нашудааст.

 Аз суе, Леонид Папирин, мудири собики гурухи тахкикотй дар Бадахшон мегуяд, хар вакт ки пажухишхо комил шуданд, метавон муайян кард, ки барои рафъи хатарот чи корхое анчом дод.  Ин мутахассис муътакид аст, ки сохтани неругохи барк дар ин минтака, хам хатархои эхтимолиро аз байн мебарад ва хам дар кутохмуддат тамоми харочотро чуброн хохад кард.

 Тахкикот нишон медихад, ки хамасола сатхи оби кули Сарез 20 см. афзоиш меёбад ва аз соли 1967 то соли 2001 сатхи об дар ин кул 4,8 метр боло рафтааст. Ба андешаи мутахассисон чамъшавии беш аз андозаи об метавонад садди Усойро, ки дар пайи заминларза ба вучуд омад, вайрон кунад. Аз суи дигар, бар асоси пажухишхои анчомшуда, дар минтакаи Бадахшон хар 100 сол як заминларзаи шадид ба амал меояд. Аз ин ру ин эхтимол низ вучуд дорад, ки кули Сарез баъд аз 100-солагй дар соли 2011, дар пайи як зилзила аз байн хохад рафт. Аммо, агар ба истилох “таваллуди” кули Сарез боиси аз байн рафатани як деха гардида бошад, пас ин эхтимол чой дорад, ки “марги” он боиси нобудии даххо шахру деха дар Точикистон, Узбакистон, Афгонистон, Туркманистон ва Киргизистон хохад шуд.

 Хамин фарзия эчоб мекунад, ки барномахои рафъи хатароти кули Сарез ба таври чиддй пайгирй шаванд ва ба иборате, “илочи вокеа кабл аз вукуъ” сурат гирад.


Мавод аз Википедия ва дигар манбаъҳо

 

ҚаблӣКобилият, фаъолият, шахс
БаъдӣДилномаи Мавлоно Чалолиддини Балхи