Иброҳими Адҳам (ҳикоя аз «Тазкират-ул-авлиё»)

Иброҳим подшоҳи Балх буд ва оламе зери фармон дошт ва чиҳил шамшери заррин ва чиҳил гурзи заррин дар пеш ва паси ӯ мебуданд.

Як шаб дар тахт хуфта буд. Ними шаб сақфи хона ҷунбид, чунон, ки гӯё касе бар бом меравад. Овоз дод, ки «кист?».

Гуфт: – Ошност. Уштуре гум кардаам, бар ин бом талаб мекунам.

Гуфт: – Эй ҷохил, уштур бар бом меҷӯй?

Гуфт: – Эй ғофил, ту маъбудро дар ҷомаи атлас хуфта бар тахти заррин металабӣ?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ин сухан ҳайбате ба дили ӯ омад ва оташ дар дилаш афтод, то рӯз хуфт. Чун рӯз баромад, ба суфа боз шуд ва мутафаккир ва мутаҳайир ва андуҳгин бар тахт нишаст. Аркони давлат ҳар яке бар ҷойгоҳи хеш истоданд, ғуломон саф кашиданд ва бори омм доданд. Ногоҳ марде боҳайбат аз дар даромад, чунон, ки хеҷ касро аз хашам заҳра набуд, ки бигуяд: «Ту кистӣ?» Ҷумларо забонҳо ба гулӯ фурӯ шуд ва ҳамчунон меомад, то пеши тахт.

Иброҳим гуфт: – Чӣ мехоҳӣ?

Гуфт: – Дар ин работ фурӯ оям.

Гуфт: – Работ нест, сарои ман аст. Ту девонаӣ?

Гуфт: – Ин сарои пеш аз ин аз они кӣ буд?

Гуфт: – Аз они падарам.

Гуфт: – Пеш аз он?

Гуфт: – Аз они падари падарам.

Гуфт: – Пеш аз он?

Гуфт: – Аз они падари фалон кас.

Гуфт: – Ҳама куҷо шуданд?

Гуфт: – Бирафтанд ва бимурданд.

Гуфт: – Пас работ ин бувад, ки яке меояд ва яке мегузорад.

ҚаблӣҲикояҳои назмӣ (аз “Мантиқуттайр”и Аттор)
БаъдӣМодари Шофеӣ (ҳикоя дар бораи Имом Шофеӣ)