Кобилият ва шахс

Қобилият ва шахс / Кобилият ва шахс


Бомуваффакият ичро намудани ин ё он фаъолият, хатто хангоми мавчудият кобилият, ба пайвастагии муайяни сифатхои шахс вобаста аст. Танхо худи кобилият, агар он бо равияи мувофики шахс ва хосиятхои эмоционали – иродавии у пайваста нашуда бошад, комьёбихои намоён намедихад.

Кобилият, пеш аз хама, бо муносибати фаъоли мусбати шахс  нибат ба фаъолияти муайян, шавку, хавас ба он фаъолият ва майли бо он машгул шудан, ки дар дарачаи баланди тараккиёташ ба рагбати баланд ва талаботи хаёт табдил меёбад, зич алокаманд аст.Одам аксар вакт кушиш мекунад бо фаъолияте машгул шавад, ки дар у махз нисбат ба хамон фаъолият кобилият ташаккул ёфтааст. Хангоми бо майли зур, амали ва устувор машгул шудани одам ба фаъолияти муайян дар бораи бо хамин фаъолият кобилият доштани у хулоса баровардан мумкин аст.

Шавку хавас ва майл нисбат ба фаъолияте одатан дар ягонаги бо кобилият нисбат ба хамон фаъолият таракки мекунанд.

Масалан, майл ва шавку хаваси талаба нисбат ба математика уро мачбур мекунад, ки бо хамин фан бештар машгул шавад ин, дар навбати худ, барои тараккиёти кобилияти математики сабаб мешавад.Кобилияти математики таракки кардаистода комъёби ва муваффакиятхои муайянро дар сохаи математика таъмин менамояд, ки ин дар бача хиссиёти хурсандибахш ва каноатмандиро ба вучуд меоварад.Ин хиссиёт сабаби нисбат ба хамин предмет пайдо шудани шавку хаваси боз хам чукуртар ва майли боз хам зиёдтар машгул шудан мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барои дар фаъолият ба муваффакият ноил гаштан гайр аз кобилият,шавку хавас ва майл, боз як катор хислатхои характер ва пеш аз хама мехнатдусти, муташаккили, мутамарказият, максадноки, суботкори ва гайра низ лозим аст. Дар сурати набудани ин сифатхо хатто кобилияти барчаста хам ба комьёбии муътадил, боэътимод, ахамиятнок намеоварад. Дар мактаб бисёр талабахое хастанд, ки ба танбаливу номуташаккилиашон нигох накарда, дарсхоро нагз аз худ мекунанд. Вале онхо дар хаёт аксар вакт махз аз он сабаб сазовори бовари намегарданд, ки онхо ба чидди ва муташаккилона кор кардан ва монеахоро суботкорона бартараф намудан одат накадаанд.

Кобилиятхои тараккикарда бояд бо идеянокии баланду принципноки пайваста бошанд.Одам то даме ки барои шарафу манфиати шахси не, балки барои манфиати халки худ ва тамоми инсоният мехнат мекунад, кобилияти худро пурра ошкор мекунад, гайрату кувваи худро барои ба даст даровардани натичае сафарбар карда метавонад.

Чунин сифатхои шахс, монанди хоксори, худтанкидкуни, нисбат ба худ серталаб будан нихоят мухим мебошанд. Боварии калон доштан нисбат ба худ, ки дар заминаи таърифу тавсифи беасос пайдо мешавад, умуман барои кобилият халокатовар аст, зеро дар ин холат магрури, худмафтуни ва худлаззатбари ва нисбат ба одамони ихотакарда беилтифоти ташаккул меёбад. Одам дар ин маврид барои тараккиёти худ кор намекунад, душворихо боиси ба вучуд омадани хашмгини ва ноумедии у мешаванду хамаи тараккиёти кобилиятро бозмедорад.

 

ҚаблӣНамуд ва дарачахои кобилият
БаъдӣТашаккул ва тараккиёти кобилияти бачахо