Кобилияти алохидаи одам холо ба он кафолат намедихад, ки фаъолияти эчодии мураккаб бомуваффакият ичро карда мешуда бошад. Кобилияти инженер – конструктор на факат хаёли нагз тараккикардаи эчодиро дарбар мегирад. Идроки нозуки шаклу ранг, ки дар шахсе нагз таракки кардааст, холо уро рассом намегардонад. Кобилият аълои шунавоии садохои мусика худ аз худ мусиканавозро намеофарад. Барои бомуваффакият аз худ намудани фаъолияти эчодии муайян пайвастагии кобилиятхои алохидаю хусуси зарур аст, ки онхо дар якчояги бутунии сифатан ба худ хосро ташкил медиханд.
Пеш аз хама кобилияти умумии акли ва кобилияти махсусро фарк мекунанд. Кобилияти умумии акли кобилияте мебошад, ки он барои ичрои ягон фаъолият не, балки фаъолиятхои гуногун зарур аст: ин кобилият талабхоеро каноат мекунад, ки онхоро як фаъолият не, балки мачмуи васеи фаъолиятхои ба хамдигар нисбатан наздик пешниход менамоянд. Ба кобилияти умумии акли чунин сифатхои акл, масалан, мохири, танкиди, мураттаби, зуди фаъоли дарачаи баланди фаъолияти тахлилию таркиби ва чунин сифатхо, монанди диккати мутамарказонидашуда, хотири хуб ва баъзе хусусиятхои эмоционали – иродави тааллук доранд.
Кобилияти махсус кобилияте мебошад, ки барои бомуваффакият ичро намудани ягон фаъолияти муайян, масалан, мусика, математика, фаъолифти бадеи – тасвири, адаби конструктивитехники ва гайра лозим аст. Ин кобилият инчунин пайвастагии кобилиятхои алохидаи хусуси хам мебошад. Чунончи, кобилияти мусики пайвастагии чунин кобилиятхо монанди хиссиёти чуркуни (дар идроки эмоционали ва ба осони шинохтани оханг ифода меёбад): кобилияти тасаввуроти шунавои (дар аник аз нав хосил кардани оханг аз руи кобилияти шунавои ифода меёбад): ё ба ибораи дигар хотири мусики ва хиссиёти мусики – охангиро (кобилияти хис кардани оханг ва аз нав хосил намудани он) ташкил медихад.
Дар таркиби кобилияти математики хотири математики (бахотиргири ва дар хотир нигох доштани тарзхои мухокима ва исбот, методхои халли масъала ва принципхои тахлили онхо): кобилияти тафаккури мантики (дар сохаи муносибатхои микдори) ва фазоги: зуд ва васеъ чамъбаст кардани материали математики: осон ва озодона кучонидани фикр аз як амали фикри ба дигараш, равшан сода, кутох ва пурмазмун будани мухокимаю халхо ва хоказо роли мухим мебозанд.
Кобилияти адаби пайвастагии кобилиятхои зерин мебошад: мушохидакори, мутаассиршави (таассуроти эмоционалии идрок), мавчудияти образхои равшану аёнии хотир, хиссиёти эстетики, хаёли эчоди, аники, эмоционали ва ифоданокии забон ва хоказо.
На факат дар бораи намудхои алохидаи кобилият , балки дар хусуси дарачахои гуногуни тараккиёти он хам сухан рондан мумкин.Агар дар мавриди якум фаркияти сифатии кобилиятхоро дар назар дошта бошанд, дар мавриди дуюм сухан дар бораи фаркхои микдори меравад, ба муаллиме, ки талабахои худро бодиккат меомузад, барои дуруст ташкил кардани таълиму тарбия ва муносибати индивидуали кардан дар таълиму тарбия донистани он мухим аст, ки шогирдаш ба чи кобилият зохир мекунад ва ин кобилият то чи андоза ифода ёфтааст, талаба дар фаъолияти муайян то кадом андоза дониш, махорат ва малакахоро зуд, осон ва мустахкам аз худ менамояд.
Дарачаи баланди таракиёти кобилиятро бо калимаи «истеъдод» ифода менамоянд. Истеъдод – ин пайвастагии мусоидтарини кобилиятхо мебошад, ки барои бомуваффакият ва эчодкорона ичро намудани фаъолияти муайян имкониятмедихад.Истеъдод на танхо дар сохаи илм ё санъат, балки дар фаъолияти гуногуни одам зохир шуда метавонад.Бинобар ин хам духтури табобаткунанда, хам муаллим, хам лётчик, хам навоварандаи истехсолоти хочагии кишлок, хам коргари ихтисоснок боистеъдод шуда метавонанд.
Инкишофи истеъдод ба таври халкунанда ба шароити чвмъиятию таърихи вобаста аст. Чамъияти синфи тараккиёти истеъдоди намояндагони синфхои истисморшавандаро боздошта меистад.Ва агар дар чунин шароитхо шахсони боистеъдод аз байни халк баромада бошанд хам (М. В. Ломоносов – писари помор, Тарас Шевченко – писари дехкони крепостной, ихтироъкунандаи паровоз Стефенсон – писари коргар), ин танхо дар бораи он шаходат медихад, ки халк то кадом дарача боистеъдод аст, имкониятхои он чи кадар калон мебошанд.
Чамъияти социалисти барои ошкор намудан ва таракки додани истеъдод хаматарафа мусоидат мекунад, барои тараккиёти хаматарафаю эчодии хар як аъзои чамъият хамаи имкониятхоро фарохам меоварад.В.И.Ленин кайд карда буд, ки социализм дар чахон якумин шуда имконият медихад, ки «аксарияти мехнаткашон хакикатан ба майдони чунин кор чалб карда шаванд, ки онхо дар ин чо фаъолияти худро нишон дода, кобилиятхои худро вусъат дода одамони боистеъдоди худро пешбари карда тавонанд, ки ин хел одамони боистеъдод дар байни халк нихоят бисъёранд ва капитализм хазорон ва миллионхо нафари онхоро мачак, пахш ва буги мекард».
Истеъдод ин аз як тараф, пайвастагии равшани кобилиятхо ва аз тарафи дигар, ба фаъолияти муайян майл доштан буда, талаби ба худ хосест ки дар фаъолият хангоми бо хамин кор машгул шудан характери марокангез ва рагбати хакикиро мегирад.
Аксарияти одамон фикр мекунанд, ки шахсони боистеъдод хама чизро ба осони, бе ягон мехнати махсус ба даст медароранд. Харгиз ин тавр нест, Тараккиёти истеъдод омузиши бардавому устувор, мехнати зиёдро талаб мекунад. Истеъдод, чун коида хамеша бо кобилияти кори ва мехнатдустии фавкулода пайваста аст. Хамаи одамони боистеъдод бехуда таъкид намекунанд, ки истеъдод – ин мехнати бо токат кувватдодашуда, истеъдод – ин ба мехнати беинтихо майл доштан аст.