Аппликатсия (гулпартои)-и матоъ.
1. Ороиши матоъ бо роҳи аппликатсия кори душвор нест. Барои аппликатсия матоъҳои гуногун, лахтакчаҳои матои пахтагин, абрешимӣ, пашмӣ, синтетикӣ, замш, чармӣ ва ғайраҳоро истифода мебаранд:
а) Аппликатсияи матоъ ба аппликатсияи коғаз монанд аст, аммо вобаста ба техникаи буриш ва пайвастани он ба асос фарқ мекунад.
б) Дар вақти матоъро ба коғаз часпондан ширешро истифода мебаранд.
в) Дар вақти матоъро бо матоъ аппликатсия кардан кӯкҳои гуногун истифода бурда мешаванд.
Аввал ҷойи қисмҳоро ба назар гирифта, қолибро дуруст буридан лозим аст, вагарна дар қисмҳои аппликатсия роғ мемонад ва қисмҳо ба ҳам мувофиқ намеоянд. Бинобар ин тарзи гузориши қисмҳо ба асос нақши калон мебозад. Ҳамаи қолиби қисмҳоро бо сӯзанчаҳо ба матоъ, ба риштаи пуд маҳкам мекунанд.
2. Нақше, ки аппликатсия мешавад, бояд 2 нусха бошад. Нусхаи якумро бо қисмҳои алоҳида бурида ва нусхаи дуюмро ба сифати санҷиш истифода мебаранд. Қисмҳоро аз матоъ мисли қисмҳои коғазӣ мебуранд. Қисмҳои тайёрро ба тарҳи пурраи асос ба шакли сурати одам, меваҷот ё ҳайвонҳои гуногун бо ширеш мечаспонанд. Агар аппликатсия ба рӯйи матоъ бошад, онро ба болои матоъ маҳкам карда, гирдашро ба тарзи гуногун медӯзанд. Онро ба ҳар шакле бошад, аз рӯйи қоидаи ягона бо сӯзанчаҳо маҳкам карда, аввал кӯк мезананд ва баъд аппликатсияи матоъро мувофиқи табъ ба тарзи гуногун медӯзанд.
Агар аппликатсия аз чити борик, сатин, штапел, шоҳӣ ва ғайраҳо бошад, барои дӯхтан аввал матоъро оҳар дода, нағз дарзмол кардан лозим аст. Ҳар як қисми аппликатсияшавандаро бо коғаз нусхабардорӣ карда, қисмҳои онро бо матоъҳо ё лахтакҳои тайёркарда мувофиқ менамоянд.
Қисмҳои буридаро ба андозаи муайян оварда, нусхаи дӯхташударо ба таги асоси матои аппликатсия мувофиқ карда, аввал бо мулина ё ресмони одӣ кӯк мезананд, баъд гирди онро бо чоки ҳамвор ё юрма дурусту зебо медӯзанд.
Матоъро ба болои плёнка паҳн карда, баъд ба болои он матои аппликатсияшударо гузошта, бо дарзмоли нимгарм дарзмол мекунанд. Плёнка нест шуда, қисми асосӣ ба матоъ мечаспад. Матоъҳои зичи аппликатсияшаванда, монанди драп, моҳут, ҷинс, замш ва ғайраро аввал дар картон нақша мегиранд, баъд қолиб бурида, онро ба болои матои асосӣ гузошта, гирдашро қалам мекашанд. Қисмҳои аз моҳут, замш, драп буридаро бо асоси матоъ бо марҷонҳо дӯхта, пайваст кардан ҳам мумкин аст.
Матоъро ба шаклҳои гуногун оварда, мувофиқ карда дӯхтан мумкин аст, монанди ҷилди болишт, сумка, сару либос, намояҳо ва ғайра. Барои кӯтоҳ ё дароз кардани доман, поҷома, шим, курта ва ғайраҳо ба матои асосӣ аппликатсия медӯзанд ё мечаспонанд.

Савол
- Барои сохтани аппликатсия аз кадом матоъҳо истифода мебаранд?
- Нақши аппликатсия аз чанд нусха иборат аст? Дар вақти сохтани аппликатсия нусхабардориро аз кадом коғаз истифода мебаранд?