Ташаккул ва тараккиёти кобилияти бачахо

Ташаккул ва тараққиёти қобилияти бачаҳо


Чунон ки кайд карда шуд, кобилияти дар хаёту фаъолият, дар таълиму тарбия ташаккул меёбад, ва таракки мекунад.

Вазифаи асибси системаи тарбияи совети – ин хаматарафа таракки додани кобилияти бачахо мебошад. Тараккиёти яктарафаю махдуди бача, хангоме, ки у нисбат ба ягон соха кобилият зохир менамояду дар айни замон нисбат ба хамаи бокимонда тамоман бепарво мемонад, дуруст нест. Албатта, шавку хавасе, к ибо кобилият алокаман аст, бояд хукмрон монад, вале муаллим, дар баробари ин, ба тараккиёти хаматарафа ва мутаносиби шахсият талаба, баланд бардоштани маданияти умуми ва васеъ гаштани чахонбинии у кушиш мекунад. Факат хамин хел тараккиёт нашъунамои хакикии кобилиятро таъмин менамояд.

Хар як бачаи аз чихати психики саломат ва бардам ба кобилияте, ки барои дар мактаб бомуваффакият хондан зарур аст, доро мебошад Бо ибораи дигар, хар касс кобилият дорад, ки маълумоти миёна гирад, материали таълимиро дар доираи рограммаи мактаб аз худ кунад. Баъзан талаба ба ин ё он предмети таълими бекобилият менамояд. Ин гуна тасаввурот аз сабаби дар набудани баъзе донишу махорату малакахо, норасогихои дониши вай, захуроти ин ё он хусусиятхои мизоч пайдо мешаванд.

Аксар вакт муаллимон дар бораи кобилияти бача дар асоси зуд аз худ кардани материал хулоса мебароранд. Бинобар ин талабахои мизочошон флегматикро, ки материалро суст аз худ менамоянд, беасос ба катори бачахои бекобилият дохил мекунанд. Дар байни бачахое, ки материали таълимиро охиста – охиста аз худ мекунанд, талабахои кобилиятнок бисьёранд.

Хар як одам ба гайр аз кобилияти умуми нисбат ба хондан ба ягон сохои махсуси фаъолият ба таври оптимали мувофик аст,ё чи тавре ки мегуянд, дорои кобилияти махсус мебошад. Психологияи совети кайхо мукаррар кардааст, ки хар як одам ба ягон кор кобилият дорад, одамони «боистеъдод» намешаванд. Факат ба одам ёри додан лозим, ки «худашро ёбад» ба у имкониятхояшро нишон додан лозим аст. Дар он чо роли муаллими синфхои ибтидои бузург мебошад. Махз муаллим, устоди боандешаю гамхор, кобилияту истеъдоди талабахоро ташаккул медихад, роли тараккиёти онхоро мохирона муайян мекунад.

Психологхо ва педагогхо имкониятхои калони тараккиёти кобилияти махсуси талабахои синфхои ибтидои, аз чумла имкониятхои таълими саводи тасвири ва усулхои расмкашии эчодиро нишон додаанд. Ба талаба то ба синфи 4 гузаштанаш аллакай коидахои асосии тасвири босаводона ва дар расми эчоди озодона ифода намудани фикрхои худро омузонидан мумкин аст. Дар сохаи мусика ва сурудхони бошад, ба хамаи талабахои синфхои ибтидои сурудхони ва асосхои саводи нотаро ёд додан мумкин аст. Психологхо ва педагогхои совети имкониятхои калони тараккиёти кобилияти математики талабахои синфхои ибтидоиро низ нишон доранд, хонандахои синфхои ибтидои баъзе материали алгебравиро, ки онхоро пештар факат ба талабахои синфи 5 ва 6 дастрас хисоб менамуданд, бомуваффакият аз худ мекунанд.

Кобилият дар хамон фаъолияте, ки дар он татбик мегардад, ташаккул меёбад ва таракки мекунад. Бачаи бепарво ва бегайрат, нисбат ба хар гунна мехнат бетараф мемонад, одатан кобилият хам зохир наменамояд. Фаъолият чи кадаре ки гуногуншаклу пурмазмун бошад, имконияти тараккиёти он хамон кадар зиёдтар мешавад. Яъне таълиму тарбия дар мактаб, ки фаъолияти бачахоро ташкил мекунад, барои тараккиёти кобилияти онхо ахмияти калон дорад. Вале на хама гуна фаъолият, ки бачахо дар он иштирок мекунанд, худ аз худ кобилиятро нисбат ба он ташаккул ва таракки медихад. Барои он ки фаъолият ба тараккиёти кобилият таъсири мусбат расонад, ичро шудани баъзе шартхо лозим аст.

Якум фаъолият бояд дар кудак боиси ба вучуд омадани эмоцияхои мусбати зуру устувор, каноатманди, саъю кушиши бо ташаббуси худ, бе мачбури бо он машгул шуданро ба вучуд оварад.Шавкухаваси фаъол, хохиши хар кадар бехтар ичро кардани кор, бо он муносибати расми, боэтинои ва бетафовут накардан – шартхои зарурии он мебошанд, ки фаъолият ба тараккиёти кобилият таъсири мусбат расонад.

Азбаски кобилият танхо дар сурати ба хамон фаъолият бо шавку хаваси чукур ва майли устувор машгул шудан махсул дода метавонанд, муаллим бояд шавку хаваси бачахоро фаъолона таракки дихад ва бо он кушиш кунад, ки ин шавку хавас руяки набуда, балки характери чидди, устувор ва амали дошта бошад.

Албатта, на хамеша мактаббачаи фарз кардем, ба математика ё мусика кобилият дошта нисбат ба он мустакилона шавку хавас зохир менамояд. Мавридхое мешаванд, ки дар натичаи ин ё он шароит (методикаи номувофики таълим, фанни таълимиро нагз надонистан, ки имконияти пайдоиши шавку хавас хам намемонад, зиддияти падару модарон ва гайра) талаба ба предмети муайян кам марок зохир менамояд, хатто нисбат ба он бепарво мемонад. Агар тадабаро ба таври хакики ба фаъолияти шавкманд кунем, он гох шавку хавас уро зуд (аксар вакт ин ба одамони ихотакарда ногахони менамояд)ва тамоман ба худ мекашанд ва хатто завк характери рагбатро хам мегирад.

Дуюм, фаъолияти бача набояд факат характери айнан азнавхосилкуни, балки ба кадри имкон характери эчоди хам дошта бошад.Масалан, барои тараккиёти кобилияти бадеи доир ба навиштани очерк, хикоя ва шеърхо машкхои пайдарпаи гузаронидан ва тахлил кардани онхо, бо максади мушохидакори ва идроки эстетики хакикат ва баёни минъбаъдаи зебо ва ифоданоки чизи дидаги ва шунидаги ташкил намудани экскурсияхои махсус ба табиат фоиданок мебошанд. Барои тараккиёти кобилият тафаккури мустакили эчодии талабахоро, аз шакл ва зухуроти ибтидоии он сар карда, таракки додан лозим аст. Маълум аст, ки кори мустакилона ва фаъолонаи фикр хангоми дар назди одам пайдо шудани проблема, савол ва масъала вар мешавад. Бинибар ин муаллим бояд барои тавре гузаронидани дарс кушиш кунад, ки дар назди талабахо зуд – зуд акалан саволхои одди пайдо шуда истанд, ва бачахоро ба кушиши ба ин саволхо мустакилона чавоб додан водор намояд.

Сеюм , фаъолияти бачаро тавре ташкил кардан лозим ки у аз паи максадхое шавад, ки онхо аз имкониятхои мавчудбудаи у аз дарачаи ба даст овардашудаи ичрои фаъолият андаке зиёдтар бошанд. Бачахои кобилияташон аллакай муайяншуда махсусан ба супоришхои эчодии торафт мураккабшаванда ва гуногун мухточ мебошанд.

Дарачаи тараккиёти ин ё он кобилияти талаба чи кадаре ки баланд бошад (кобилияти мактаббачаи хурдсол), у хамон кадар бештар диккат ва хамхориро талаб мекунад. Ба бача адабиёти муайяни илми – оммавиро тавсия намудан, уро бо усул ва тарзхои махсуси ичрои фаъолияти барояш мароковар шинос кардан лозим аст. Талабахои кобилиятноки синфхои ибтидоиро бо максади ёрии ихтисоси расонидан ба муаллимони фанхои алохида вобаста кардан кобили кайд мебошад.

Шаклхои гуногуни корхои беруназсинфи ва беруназмактаби аз чумла, кори кружокхои математики, техники, биологи, адаби, мусики расмкаши, драма, ва гайра ба тараккиёти кобилияти бачахо мусоидат мекунанд ва мактаббачахои хурдсолро хам ба ин кружокхо чалб намудан лозим аст. Дар аксар мактабхо гушахои табиати зинда ташкил карда шудаанд,хонахои махсусе чихозонида шудаанд, ки дар он чо бачахо дар вакти холиашон бо сохтани модель ва маснуоти майда – чуйдаи дуредгарию харроти машгул мешаванд, бо дастахои «конструктор» кор мекунанд ва хоказо. Ба мехнати дасти майл доштани мактаббачахои хурдсолро, ки ба хамаи онхо хос аст, инкишоф додан мухим мебошад. Дар дарсхои мехнати дастии синфхои ибтидои бачахо аз чуб, картон, когаз ва пластилин маснуоти на он кадар мураккабро тайёр мекунанд ва дар айни замон онхо хушзехни, ихтироъкори, эчод кори гайриоддиро зохир менамоянд. Дар ин дарсхо дар бачахо махорати ташкил кардан ва ба план даровардани фаъолияти худ таракки мекунад, малакахои худназорат ташаккул меёбад, махорати ёфта тавонистани хато ва камбудихои ко рва дарьёфт намудани роххои бартараф намудани онхо зохир мешавад.

Дар баробари тарбияи кобилияти бачахо дар онхо нисбат ба мехнат хисси мухаббат, барои бартараф намудани душворихо суботкориро инкишоф додан лозим аст, зеро дар акси холл мавчудияти замина ва кобилияти мусоидтарин хам натича намедиханд. Дар бачае, ки хангоми кор тамоман ба хаячон намеояд, холати аз мехнат каноатманд буданро хис намекунад, кушиш наменамояд, на зухурот ва на тараккиёти ин ё он кобилият имкон дорад.Дар хотир доштан зарур аст, ки хатто кобилияти калон хам талабаро аз зарурати устуворона мехнат кардану душворихоро суботкорона бартараф намудан озод намекунад. Баъзан талабаи кобилияти хуб доштаги хангоми бемуваффакияти ва вайрони рухафтода мешавад, ба кувваи худ бовариашро гум мекунад, нисбат ба машгулиятхои пештар дустдоштааш дилхунук мешавад. Муаллим дар ин гуна мавридхо бояд бачаро дилпур кунад, ба бача часорат бахшад, барои худашро ба даст гирифтани ва бартараф намудани душворихо, барои хушнудии галабаро дар душворихо аз сар гузаронидан ва бо тачрибаи бартараф намудани душворихо мусаллах шудан ба у ёри расонад.

Дар талабахои синфхои 1 – 2 тарбия намудани мехнатдусти аз тарбия намудани одати дар хар як дарс фаъолона кор кардан сар мешавад. Маълум аст, ки бисьёр талабахо ба умеди дар хона ичро намудан ё аз худ кардани вазифа шуда дар давоми дарс бо тамоми куввату имконияташон кор намекунанд. Баъзе муаллимон назорат намекунанд, ки хамаи талабахо дар дарс фаъол бошанд.

Барои тараккиёти кобилияти талабахо кушиш карда истода, дар онхо хислатхои коллективизм, нисбат ба худ серталаб будан, махорати нисбат ба худ танкидона рафтор кардан ва гайраро тарбия намудан лозим аст. Вобаста ба ин дар бачахо ташаккул додани муносибати дуруст ба кобилият, муваффакият ва комьёбихои худ, тарбия намудани худбаходихии дуруст хеле мухим мебошад. Хеч гох хох руирост бошаду хох бевосита, ба бача фикреро дар бораи фавкулодаги ва назар ба дигарон бартари доштани у талкин намудан мумкин нест, аз кобияти бача аз хад зиёд мафтун шудан, уро аз хад зиёд таъриф кардан ва ба дигар бачахо мукобил гузаштан мумкин нест. Ба бачаи кобилиятнок фахмондан лозим аст, ки у харгиз одами фавкулода намебошад, дигар бачахо хам кобилият доранд ва агар у аз ягон чихат назар ба рафиконаш бартари дошта бошад, онхо назар ба у аз бисьёр чихатхо низ бартари доранд.

Бачаи кобилиятнок бояд нагз фахмад, ки кобилияти у барои худашро нисбат ба дигарон дар мавкеи махсус гузоштан, нисбат ба онхо талабахои калон пешниход намудан хукук намедихад. Баръакс, ба у хамчун ба бачаи кобилиятнок, талабхои нисбатан калонро махз аз он сабаб пешниход менамоянд, ки кобилияти у назар ба дигарон зиёдтар аст.

Дар кори якчояи мактаб ва оила барои тараккиёти хаматарафаи куввахои эчоди ва кобилияти бачахо шароити мусоидтарин фарохам оварда мешавад.

ҚаблӣКобилият ва шахс
БаъдӣҚобилият / Кобилият (реферат, кори мустакилона)