Заминаи табиии тараккиёти кобилият

Роли омили табии, биологи дар тараккиёти кобилият чи гунна аст?

Аксарияти олимони буржуази дар мавкеи эътироф намудани табиати модарзоди, ирси биологи доштани кобилияти одам меистанд: Онхо чунин мешуморанд, ки хам намуд ва хам дарачаи кобилият пешаки, яъне аз таваллуд – модарзоди муайян карда шудаанд. Психологияи хакикатан илми ин нуктаи назари нодурустро катъиян инкор карда, роли муайяни омилхои табиию биологиро хамчун заминаи табиии тараккиёти кобилият эътироф менамояд. Чунин заминаи табиии тараккиёти кобилиятро аломату нишонахои анатоми физиологи ташкил медиханд.

Аломату нишонахои анатомии- физиологи гуфта баъзе хусусиятхои модарзодии анатоми – физиологии майна, системаи асаб ва анализаторхоро дар назар доранд. Ин аломату нишонахо заминаи табиии кобилият мебошанд ва ба чараёни ташаккул ва тараккиёти он таъсир мерасонад. Мавчудияти аломату нишонахо хангоми якхел будани дигар шароитхо барои инкишофи кобилият хеле мусоидат мекунад, тараккиёти онро осон мегардонад.

Баъзе хусусиятхои модарзодии анализаторхои бинои ва шунавои ба аломату нишонахои физиологи тааллук доранд. Ба сифати ин аломату нишонахо хосиятхои умумии системаи асаб хам баромад мекунанд, ки хусусиятхои ташкилёбии алокахои муваккатии асаби, зудии ташкилёби ва мустахками онхо, ососнии хосилшавии фарккунихо кувваи диккати мутамарказонидашуда,тобоварии системаи асаб ва кобилияти кори фикри доштани одам ба онхо вобаста мебошад. Дарачаи таракиёт ва муносибати системахои сигналии якум ва дуюмро низ ба сифати хамин аломату нишонахо дида баромадан лозим аст. И.П. Павлов, вобаста ба хусусиятхои муносибати байни системахои сигнали, се типи ба инсон хоси фаъолияти олии асабро фарк мекард: типи бадеи, ки дар он бартарии нисбии системаи сигналии дуюм бартарии нисби дорад: типи миёна, ки дар он системахои сигнали нисбатан дар мувозанат мебошанд.

Ба одамони типии бадеи равшании таассуроти бевосита, образи будани идроку хотир, бой ва равшании хаёл ва эмоционали будан хос аст. Одамони типи фикри ба тахлилу батартибдарори, ба тафаккури чамъбастию абстракти майл доранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хангоми мавчуд будани аломату нишонахои мусоид, масалан, аломату нишонахои мусики, адаби, бадеи – тасвири ва математики кобилияти бача хеле барвакт ташаккул ёфта, босуръат таракки карда метавонад (чи тавре ки чунин ходиса дар хаёти бастакор Моцарт, рассом  К. брюллов мушохида шуда буд). Чунин ходисахо баъзан иллюзияи модарзоди будани кобилиятро ба вучуд меоваранд.

Бояд дар хотир дошт, ки аломату нишонахо кобилиятро дарбар намегиранд ва тараккиёти онро таъмин намекунанд.Онхо танхо яке аз шартхои ташаккулёбии кобилият мебошанд. Ягон одам, бо вучуди дорои аломату нишонахои мувофик буданаш бо фаъолияти муайян бисьёр ва суботкорона машгул нашуда, ходими намоёни сохаи мусики, рассом ё математики машхур намегардид. Мо дар хаёт бо бисьёр мисолхое дучор мешавем, ки одамони дорои аломату нишонахои хеле мувофик хамаи имкониятхои худро дар хаёт татбик карда натавонистаанд ва махз дар хамон фаъолияте, ки дар сурати дигар хел ташкил кардани хаёташон ба муваффакиятхои калон сохиб шуда метавонистанд, хамчун ичрокунандаи катори мондаанд. Ва баръакс, хатто хангоми мавчуд набудани аломату нишонахои хуб одами мехнатдусту суботкоре, ки ба ягон фаъолият шавку хавас ва майли устувор дорад, дар хамон соха ба муваффакиятхо сохиб шуда метавонад.

Ба хар кобилият аломату нишонахои муайяне мувофикат мекунанд гуфта фикр кардан мумкин нест. Аломату нишонахо гуногунмохият мебошанд. Ин чунин маъно дорад, ки дар асоси хамон як аломату нишона кобилиятхои гуногун таракки карда метавонанд. Масалан, дар асоси чунин аломату нишонахо, масалан, зуди, аники ва мустахкамии хосил кардани фарккунии сохаи харакат, вобаста ба шароити хаёту фаъолият, хам кобилияти харакатхои равону ба хамдигар мутобик кардашудаи бадан дар гимнаст, хам кобилияти харакатхои аник ва амики дасти чаррох, хам харакатхои зуду тагьирёбандаи панчахои гижжакнавоз хосил шуда метавонанд. Дар асоси типи бадеи хам кобилиятхои актёр, хам нависанда, хам рассом, хам мусиканавоз ташаккул ёфта метавонанд. Дар асоси типи фикри доир ба математика, лингвистика, философия кобилият нишон додан мумкин аст.

Агар сухан дар бораи тараккиёти кобилият равад, он гох мавчуд набудани комьёбихои барвактро хамчун далели мавчуд набудани аломату нишонахои мувофик дида баромадан мумкин нест. Масалан, чунин одамони бузург монанди физик  И.Ньютон, математик  Н.Н.Лузин, биологхо  Л. Пастер  ва К.Линней, нависандахо  В. Скотт,  Н. В. Гоголь ва В.Я.Шишков кобилияти мувофики худро нисбатан дер ошкор намудаанд.

ҚаблӣКобилият ва фаъолият / Қобилият ва фаъолият
БаъдӣНамуд ва дарачахои кобилият