Ленин дар Помир (достон аз Мирсаид Миршакар)

Ин достон аз эҷодиёти устод Мирсаид Миршакар оварда шудааст. Оиди ҳаёт ва фаъолияти устод Мирсаид Миршакар инҷо << маълумот бигиред.

Марҳамат достони Ленин дар Помир

Не хурусе ҷеғ зад шаб, бемаҳал,
Не ситора бар замин афтида буд,
Не ба боми хонае чуғзе нишаст,
Не касе дар хоб море дида буд.
Сол, аммо соли ноором буд,
Кори мардум бесару анҷом буд.

Раҳгузарҳову мусофирҳои раҳ
Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар.
Хурдакак будем, аммо кунҷков,
Гуш медодем бар ҳар раҳгузар.

Вақти бозӣ буд магар? Не! Хостем
Бохабар бошем аз ҳар «нек»-у «бад»,
Маънии «тақдири бад»-ро хостем
Бишнавем аз нобаладҳо ё балад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Хурдакак будем, лекин хостем
Бохабар бошем аз «кори ҷаҳон».
Коргарбачча, ки Даврон ном дошт,
Бар сари мо, кунҷковон, буд калон.
Бо падар дар шаҳр рафта борҳо
Ҳар касеро мардикорӣ кардааст.
Синну солаш хурд, аммо аллакай
Зарби чуби бандагиро хурдааст.
Хурд бошад ҳам, вале фаҳмида буд
Се суханро: «шаҳр», «меҳнат», «бандагӣ».

Пас, камаш се бор аз мо бештар
Ошно вай бо тариқи зиндагӣ.
Шаҳр дида, зиндагониро зи мо,
Хубтар, бисёртар донисга буд.
Ҳар чиро, ки мешунид ӯ аз падар,
Омада бар мо ҳикоят менамуд.

Раҳгузарҳою мусофирҳои раҳ
Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар.
Мардуми деҳ-марду зан, пиру ҷавон
Гуш медоданд бар ҳар раҳгузар.
Он яке мегуфт: «Гӯё дар ҷаҳон,
Қуввае нав – «Болшевой» пайдо шудааст».
Дигаре мегуфт: «Оре, Болшевой» –
Одам асту номи вай Ленин будаст.
Ӯ худаш рус асту мехоҳад диҳад
Подшоҳи русро, инак, ҷазо:
Дасти ӯро баста тахташ бишканад.
Бо замин яксон намояд тоҷро.
Дар Петербурге, ки ҳар майдони ӯ
Аз диёри мо васею паҳнтар,
Дар Петербурге, ки ҳар як хонааш
Мебарад, гӯянд, то сесад нафар,
Давлати шоҳ аст дар зери хатар!…»

«… Бесабаб не ин хабарҳо! «Большевой»
Зидди шоҳи рус исён кардааст!»
Омад он соат, – бигуфто дигаре: –
«Давлати пурзӯри шаҳ ёбад шикаст!»

Қозии қишлоқи мо ногаҳ шабе
Мезанад фарёд, ки: “Эй аҳли дин!
Хоб дидам, «Болшевой» бо лашкараш
Ҳамла овардаст бар Шуғнонзамин.

Алғараз, дар хобу дар бедориаш
Халқ машғули сиёсат гашта буд.
Буд равшан, ки ягон гап мешавад,
Оташ, охир, гар набошад, нест дуд.
Буд равшан хаст оташ! Лекин он –
«Дар куҷо ҳасту кӣ шуд ҳезумкашаш?
Хонаи кӣ – дӯстон ё душманон
Гарму равшан мешавад аз шуълааш?»
Дар дили ҳар кас саволи бешумор
Вақти хобу вақти роҳат, вақти кор
Фикр мекарданд, медиданд фол
Одамони оддии кӯҳсор.
Бо ҳамин раҳ бар саволи бешумор
Ҷустуҷӯ мекард ҳар як кас ҷавоб.
Байни мардум боз як тозахабар
Паҳн шуд, ки:
«Дар Петербург инқилоб!»
Гӯиё, ки гург дар байни рама
Гашта пайдо! –
Шуру ғавғо шуд баланд.
«Инқилоб, исён ба зидди шоҳи рус
Бо туфангу досу бо путку каланд!»
Он касе, ки ин хабарро паҳн кард,
Ҳабс шуд.
Он рӯз дар ҳавлии худ
Карда моро ҷамъ, Даврон инчунин
Саргузашти он ҷавонро гуфта буд:
Ман шунидам, одами бечора ӯст,
Хоксору зиндадил, синнаш ҷавон.
Бо забони нарму гарму форамаш
Гуфтугӯ мекард бо бечорагон.
Ӯ худаш аз шаҳри Хоруғ будааст,
Рафта дар мулки Хуҷанду дуртар,
Дар заводу фабрика, дар конҳо
Кор мекардаст, марди коргар.
Дар ғарибӣ гашта-гашта омадаст
Ӯ ба назди баччагонаш,
Ногаҳон –
Ҳабс шуд,
Ӯ дузд не, ҷаллод не!
«Болшевой»-ро ёвару ёрирасон
Қисматашро муҳри қозӣ ҳал намуд:
Зинда гуронанд он бечораро.
Бойҳою пирҳо розӣ шуданд
Бар чунин як ҳукми он гурги дупо.

Даҳшатовар буд чунин соат, вале
Кард вай бедор мардумро зи хоб.
Бар саволи хеш дар он тирарӯз
Ёфт мардум пурраву равшан ҷавоб.
Дид бо чашми тари худ ҳар яке,
Ки дар он соат барои «Болшевой»
Камбағалҳо ашки худ мерехтанд,
Лек хандиданд пиру миру бой.
Маънии бисёрии «Ленин», «Болшевой»
Гашт равшан дар дили бечорагон,
Ҳар кӣ шуд бедор, ёру хешро
Мекунад бедор аз хоби гарон.
Рафт он фурсат, ки бо завқи калон
Гуш медодем бар афсонаҳо,
Баҳри мо Даврон ҳикоят менамуд.
Инчунин пурваҳму мудҳиш қиссаҳо
Гуш медодему мепиндоштем:
Бачча мо не. Ҳар яке марди калон,
Ақли мо ҳам, гӯиё, ки мефузуд.
Маънии шодию ғам ҳам шуд аён…


Аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар, ашъори Мирсаид Миршакар, дар бораи Ленин бо забони точики, забони тоҷикӣ, на таджикском языке.

ҚаблӣПанҷи Ноором (оғози достон, духтарони Дарвоз)
БаъдӣКамбағал (ҳикояи назмӣ)