Камбағал (ҳикояи назмӣ)

Ҳикояи назмии мазкур аз эҷодиёти Мирсаид Миршакар оварда шудааст. Оиди ҳаёт ва фаъолияти Мирсаид Миршакар ва дигар эҷодиёти ӯ инҷо мутоли намоед >> Калидвожа: Мирсаид Миршакар.

Марҳамат ҳикоя оиди шахси камбағале >>

Муйсафеде буд дар қишлоқи мо,
Синну солаш бештар аз шаст буд.
Рӯзу шаб дар хонаи боёни деҳ
Нимсеру гушна меҳнат менамуд.
Номи ӯ аслан Атобек будааст.
Қозие, ки вай ба ӯ мекард кор
«Бек» лозим нест, бар ту бас «Ато»!
Гуфта номашро намудаст ихтисор.
Гашт воқиф чун аз ин кирдори вай,
Завқ карда мирҳазори он диёр,
«А» барои ту чӣ лозим, «То» бас аст!»
Гуфта номашро намудаст ихтисор.
Хаиндаовар ин суханҳо, лек
То: «Майлатон, – гуфтаст, – як номи дигар
Низ дорам
-Камбағал, – он номи ман,
Ӯ ба ман мерос мондаст аз падар,
Камбағал!
Ин номи моро ҳеҷ кас
Нест қодир, ки намояд ихтисор!
Бо ҳамин як номи меросӣ маро
Мешиносанд одамони ҳар диёр…»


Дигар эҷодиёти Мирсаид Миршакар:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣЛенин дар Помир (достон аз Мирсаид Миршакар)
БаъдӣРубоиёт аз Гулназар Келдӣ