Вaқт – Time (вақт ва соат дар забони англисӣ)

Дар забони англисӣ бо саволҳои зерин аз вақт пурсон мешаванд:

1 . What time is it? Соат чанд аст?

Давоми матн пас аз блоки реклама
  1. What is the time? Соат чанд аст?

Ҳоло аз соати 10 то 11 ҳисоб карда меравем.

10.00 It is 10 o’clock. — Соат 10 аст.

10.05 It is 5 (minutes) past 10.

Соат аз 10 панҷ дакиқа гузашт.

10.10 It is 10 past 10.

Аз даҳ даҳто гузашт.

10.15 It is a quarter past 10.

Аз даҳ понздаҳ то гузашт.

10.20   It is 20 past 10.

Аз даҳ бист то гузашт,

10.25 It is 25 past 10.

Аз даҳ бисту панч то гузашт.

10.30 It is half past 10.

Даҳуним.

10.35 It is 25 to 11.

Бисту панҷ то кам 10.40

It is 20 to 11.

Бист то кам 11.

10.45 It is a quarter to 11.

Понздаҳ то кам 11.

10.50 It is 10 to 11.

Даҳ то кам 11.

10.55 lt is 5 to 11.

Панҷ то кам 11.

11.00   It is 11 o’clock.

Соат ёздаҳ.

Акнун баъзе аз нуқтаҳои заруриро шарҳ медиҳем. Мо ҳангоми ҷавоб додани вақт аввал бо калимаи “o’clock” дучор омадем.

Он шакли мухтасари ибораи “of сlоск” буда, аз пешоянди “of”, ки мансубиятро мефаҳмонад ва калимаи “clock”, яъне “соат” иборат аст. Бо мурури замон аз ибораи “of clock” ҳарфи f афтидани калимаи “o’clock” ҳосил шудааст ва ин калима ҳангоми ифода намудани соатҳои расо кор фармуда мешавад. Ҳангоми ҳисоб кардани вақт аз соати расо то ним (аз 10.00 то 10.30) мо аз калимаи “past” истифода кардем ва он маънои “гузашт”-ро дорад. Калимаи “minutes”, ки шакли ҷамъи калимаи “minute” мебошад, “дақиқа” тарҷума мешавад. Аз ин калима хоҳем истифода мекунем, нахоҳем не. Барои шумораи “понздаҳ” калимаи “quater” истифода мешавад, ки “чоряк” тарҷума мешавад. Калимаи “half “ним” тарҷума мешавад. Калимаи “to” дар ин ҷо ба калимаи “кам” ҳаммаъност.

Мисолҳои дигар:

6:07 It is seven past six,

7:22 It is twenty two past seven.

8:49 it is eleven to nine.

Хотиррасон мекунем, ки ҳангоми гуфтани вақт гоҳо танҳо аз рақамҳо истифода мекунанд.

9.15 — nine fifteen

10.30 — ten thirty

12.20   — twelve twenty

Ҳангоми ҷавоб гуфтан ба соат аз ҳарфҳои “а.m” ва “р.m” ҳам истифода мебаранд. Ҳарфхои мазкур шаклхои мухтасаршудаи иборахои лотинии “ante meridiem”- (то нисфирузӣ), ва “post meridiem” — (баъди нисфирузӣ) мебошанд. “А. m” он вақт кор фармуда мешавад, ки соат аз 12 шаб то 12 руз дар назар дошта бошад, “Р. m” бошад аз 12 руз то 12 шабро ифода мекунад.

Мисолҳо:

2 a.m. Соати дуи шаб

2 p.m. Соати дуи рӯз

5 a.m. Соати панҷи саҳар

5 p.m. Соати панҷи бегоҳ

Ҳангоми саволу ҷавоб бо вақт ҳамчунин ҷумлаҳои зерин низ истифода шуданашон мумкин аст:

My watch is three minutes fast. Соати ман се дақиқа пеш мегардад.

My watch is five minute slow. Соати ман панҷ дақиқа қафо мегардад.

My watch is correct. Соати ман дуруст мегардад

Акнун бо истифода аз соатҳо якчанд ҷумла дар замони ҳозира —

оянда месозем.

They come at 7 o’clock.

She goes to the shop at six o’clock.

Nigina brings my book at a guarter past four.

Sorbon doesn’t finish his classes at half past two, he finishes them at three o’clock.

When do they go to the cinema? They go to the cinema at four o’clock.

What time does Nodira watch TV? She usually watches TV at half past nine.

 

ВaқтTime (вақт ва соат дар забони англиси), соат бо забони англиси.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед