Ҳангоми беморӣ ё талаф додани хуни зиёд ба одамон хун мегузаронанд. Хунро аз донорҳо мегиранд. Хуни гирифташударо ба зарфҳои шишагин ба таври герметикӣ маҳкам карда нигоҳ медоранд ва барои лахта нашудани хун моддаҳои махсуси кимиёвиро истифода мебаранд.
Гурӯҳҳои хун | Ба гурӯҳҳои зерин хун дода метавонанд | Хуни гурӯҳҳои зеринро қабул карда метавонанд |
I
II III IV |
I
II III IV |
I
II III IV |
Хунгузарониро аз рӯйи гурӯҳҳои хун муайян кардан мумкин аст. Асосан чор гурӯҳи хунро фарқ кардан мумкин аст. Барои гузаронидани хун ҳатман ба гурӯҳи хуни хунгиранда ва хундиҳанда аҳамият додан лозим аст. Ҳам гурӯҳи хуни онҳо ва ҳам омилҳои резусиашон бояд якхела бошанд.
Ҳар кас бояд гурӯҳи хуни худро донад. Гурӯҳи хун ирсӣ буда, аз падару модар ба насл ва фарзандон мегузарад. Онҳо доимӣ буда, дар давоми умр тағйир намеёбанд. Қариб 35 фоизи аҳолии кураи Замин хуни гурӯҳи I буда, хуни 36 фоиз гурӯҳи II, 22 фоиз гурӯҳи III, 7 фоиз гурӯҳи IV доранд.
Мавзӯи пурра >>