Лоик Шерали (зиндагинома, шеърхо)

Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст!

Лоик Шерали шеърхо

Лоик Шерали 20-уми майи соли 1941 дар Мазори Шариф, ки яке аз деҳаҳои хушманзари ноҳияи Панҷакент аст, ба дунё омадааст. Аввал мактаби ҳаштсола, баъд омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент ва дар охир Донишгоҳи омӯзгории Душанберо (1963) хатм намудааст. Падараш колхозчӣ буд. Фаъолияти шоирии ӯ хеле зуд – аз айёми донишҷӯияш оғоз ёфтааст. Аввалин шеъраш – «Ном» соли 1959 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуда буд. Аз нахустин рӯзҳое, ки қалам ба даст гирифту шоириро ихтиёр кард, ба назми бузурги классикон майл ва таваҷҷуҳи зиёде дошт ва бесабаб нест, ки ашъори Рӯдакию Фирдавсию Саъдию Ҳофизу Мавлавию Ҷомиро сабақи шоирӣ ва ҳунари суханварии худ ме- донад. Лоиқ аз ҷумлаи шоироне буд, ки афкори адабӣ ва таърихии халқи худро хеле хуб аз худ кардааст. Вай нисбат ба шеъру шоирӣ ақидаи махсус дошт. Шоир «бояд бисёр мушоҳидакору дақиқназар ва ҳассос бошад ва аз ҳама мушоҳидаҳояш чизеро тасвир кунад, ки то ҳол ягон шоири дигар нагуфта бошад, ё агар гуфта бошад, ин шоир бояд онро такрор накунад. Барои ин корро уҳда кардан дониши бе- мисли адабӣ доштан лозим аст, то кас донад, ки киҳо чиҳо гуфтаанд». Ба ақидаи Лоиқ, шоири ҳақиқӣ «фарзанди айём», «минбари виҷдон», «сарбози миллат», «ровии армони халқ», «чашми замона», «ойинаи давр», шеър «Қуръони ҳамаи миллатҳо» бояд бошад.

Дили пурэҳсоси ин шоири маҳбуб 30-юми июни соли 2000 дар Душанбе абадан аз тапиш монд.

Эчодиёти Лоиқ Шералӣ

Лоиқ шоири лирик мебошад. Қаҳрамони лирикии ӯ ҳам оқилу ҳам муқтадир аст, олами маънавии ғанӣ дорад, ғами ҷаҳону ҷаҳониёнро ғами худ медонад, мероси гаронбаҳои гузаштагонро мисли гавҳараки чашми худ нигоҳ медорад. Тарзи сухани Лоиқ низ нотакрор аст, вай аз дили мардум ва барои мардум мегӯяд. Лоиқ инсонро бо тамоми фазилатҳояш васф мекунад, аммо симои модар мағз андар мағзи эҷодиёти ӯро ташкил медиҳад. Модарномаҳои Лоиқ дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми махсус доранд. Лоиқ дар бештари анвои адабӣ шеър гуфтааст, аммо дар сурудани ғазалу рубоию дубайтӣ камназар аст. Вай муаллифи китобҳои «Сари сабз» (1966), «Илҳом» (1968), «Нӯшбод» (1971), «Соҳилҳо» (1972), «Ташнадил» (1974), «Хоки ватан» (1975), «Марди роҳ» (1979), «Варақи санг» (1980), «Хонаи чашм» (1982), «Рӯзи сафед» (1984), «Хонаи дил» (1986), «Офтобборон» (1988), «Дасти дуои модар» (1991), «Аввалу охири ишқ» (1994), «Фарёди бефарёдрас» (1997), «Ангораҳо» (2001), «Куллиёт» (2001) мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Лоиқ дар баробари шоири хуб будан, тарбиятгари шои- рони навқалам низ мебошад. Ӯ солҳои зиёде раиси шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Лоиқ барои ашъори дилписандаш сазовори мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва унвони «Шоири халқии Тоҷикистон» гардидааст. Дар шеърҳои «Забонгумкарда», «Корези Фирдавсӣ» ва «Модарам» беҳтарин хислатҳои қаҳрамони лирикии шоир ифода ёфтаанд.

Шояд инҳо низ писандатон оянд:

 Зиндагиномаи шархи холи тарчумаи холи ЛОИК ШЕРАЛИ, эчодиёти Лоик Шерали шеърхо шеърхои Лоик Шерали Лоиқ Шералӣ

Куллиёти Лоиқ Шералӣ

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед