Бофтани матоъхо.
Матоъҳои абрешимӣ, пашмӣ ва пахтагин бо усулҳои сачоқӣ, абрагӣ ва атласӣ ё сатинӣ бофта мешаванд.
Бофти сачоқӣ. Ин бофт дар тарафи рост ва чап як хел мебошад. Барои ҳосил кардани ин бофт ду ремизак лозим аст. Ду ришта – пуд ва тор бо ҳам бофта мешаванд. Ин бофт васеъ истифода бурда мешавад. Титшавии он назар ба бофти астарӣ ва сатинӣ кам мебошад, чунки дар ин бофти охирин пуд ва тор бо ҳам бофта мешавад. Бо ин усул матоъҳои пахтагин – батис, чит, метапалан, маркизет ва ғайраҳо бофта мешаванд.
Бофти абрагӣ. Ин бофт дар матоъ, одатан, аз чап ба поён ва аз боло ба тарафи рост чун рахҳои каҷи уреб сурат мегирад.
Бофти абрагӣ дар матоъҳои пахтагин, ба монанди лас, бумазӣ, кашмирӣ, шотландӣ ва ғайраҳо ҳам истифода мешавад. Дар матоъҳои пашмӣ – кашмирӣ, костар, шевлат, драп ва ғайра, абрешимӣ – атлас, радолӣ ва ғайра ҳам бофти абрагиро истифода мебаранд.
Бофти атласӣ ё сатинӣ. Дар бофти сатинӣ рӯйи матоъ ҳамвор ва ҷиллодор мебошад. Барои ҳосил кардани бофти сатинӣ ё атласӣ аз 5 то 12 ремизак лозим аст. Атлас, силон, сатин ва ғайраро бо ин усул мебофанд.























