Достони «Кова ва Заххок» (иншо, эссе, ессе)
Мавзӯъ: Достони «Кова ва Заҳҳок»
Нақща:
Муқаддима
- Ғояи асосин достон
- Симои қаҳрамонони достон
Хулоса
Аблуқосими Фирдавсӣ ҳамчун сарояндаи достонҳои безаволк «Шоҳнома»дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ ва ҳамчунин дар таърихи адабиёти ҷаҳон шӯҳрати бузург касб кардааст.
Фирдавсӣ дар овони ҷавонй ба омӯхтани илму дониш шавқу завқи зиёде доштааст. Аз ин рӯ, дар андак муддат илмҳои замонаашро аз худ менамояд. У сарояндаи яке аз достонҳои бузурги қаҳрамонӣ- «Шоҳнома» буда, дар таърихи адабиёти ҷаҳон ҳамчун ҳамосасаро маълуму машҳур гардидааст.
Достонҳои «Шоҳнома» ранҷу заҳматҳои зиёда аз сивупанҷсолаи шоирро фаро гирифтааст. Шоир барои эҷоди ин асари калонҳаҷм тамоми дороии хешро сарф намудааст. Вале, мутаассифона, шоҳ Маҳмуди Ғазнавӣ ба фикру аидешаи бадхоҳон гӯш дода, ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсй беэътиборй зоҳир намуд ва бар ивази ҳама ОЙ ранҷу заҳматҳои кашидаи шоир ба ӯ музди ночизе дод.
«Шоҳнома» достонҳои қаҳрамонй буда, аз бахшҳои гуногук иборат мебошад. «Шоҳнома» аз якчанд достонҳои таърихиву қаҳрамонй иборат мебошад, ки яке аз ҷолибтарини онҳо достони «Кова ва Заҳҳок» мебошад. Фирдавсй дар достони «Кова ва Захлок» муборизаи халқи меҳнаткашро бо роҳбариву сарварии Кова ба муқобили Заҳҳоки ситампешаву золим тасвир намудааст. Ғояи асосии достон муборизаи қувваҳои некӣ бар зидди қувваҳои бадй ба ҳисоб меравад. Дар достон Заҳҳоки золим, Коваи оҳангар, писаронаш ва халқи меҳнаткаш қаҳрамонони асосй маҳсуб мешаванд.
Заҳҳок бо таъсири қувваҳои бадй падари худро ба қатл мерасонад ва баъд аз он ба сари тахт менишинад. Баъди он ки Аҳриман аз китфҳои Заҳҳок бӯса мекунад, аз ду китфи ӯ мор мебарояд. Морҳо ба сари Заҳҳок ҳамла меоваранд. Аҳриман ба Заҳҳок ҳамчун табиб маслиҳат медиҳад, ки ҳар рӯз морҳоро бо магзи сари ду ҷавон зиёфат диҳад. Фикру андеша ва мақсаду муроди Аҳриман аз ин маслиҳат он буд, ки тухми инсонро аз рӯйи замин нобуд кунад. Ҳамин тавр, морони Заҳҳокро парвариш мекунанд. Халқи бечора ба танг меояд. Кова, ки ҳабдаҳ писари худро аз даст дода буд, пешдомани чармини худро ливо сохта, халқи меҳнаткашро ба мубориза даъват менамояд. Саранҷом, Кова галаба мекунад.
Фирдавсй Заҳҳокро ҳамчун шахси золим, фарзанди нохалаф, рамзи қувваи бадй ба қалам додааст. Дар образи халқ бошад, қувваи бузургу мағлубнопазирро инъикос намудааст. Шоир дар образи Кова шахси бузургу тавоноро тасвир кардааст. Фирдавсй галабаи Коваро бо кӯмаку дастгирии ҳалқи меҳнаткаш тасвир намуда, қудрат ва тавоноии халқи оддиро хеле бузург мешуморад.