Мафҳуми «метод» ва моҳияти тарбиявии он

Мафхуми «метод» ва мохияти тарбиявии он. Воситахои тарбия


Метод аз истилоҳи юнонии methodos гирифта шуда, дар забони тоҷикӣ маънои роҳ, тарз ё равишро дорад, ки мавриди тадқиқоти илмӣ, омӯзиши назарияи тарбия, таълим ва ғайра истифода бурда мешавад. Таҳти методҳои тарбия дар педагогика тарзи ба тарбиягирандагон ташаккул додани тарбияи фикрӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, ҷисмонӣ, эстетикӣ ва ғайра, ки ҳини раванди тадрис ва умури тарбия ба вуқӯъ мепайвандад, фаҳмида мешавад. Методҳои тарбия ин раванди тарафайни фаъолияти муштараки тарбиятгару тарбиягирандагон аст.

Пеш аз ҳама ёдрас мешавем, ки шахсият маҳз тибқи фаъолият инкишоф меёбад. Ин ба муносибатҳои ташаккулёбӣ (хислатҳои хоси шахсият) ҳам пурра дахл дорад. Ташаккул чунин муносибатҳои иҷтимоӣ, аз қабили ҷаҳонбинӣ ва самтгирии ҷамъиятии шахсият зимни фаъолият дарк карда мешавад. Чунончи, ҳисси Ватандӯстӣ ва байналмилалӣ тавассути фаъолияти дарккунӣ ва амалиёти тарбиявӣ дода мешавад. Ё меҳнатдӯстӣ фақат дар асоси фаъолияти амалии меҳнат ташаккул меёбад ва ҳоказо. Ҳамаи ин, аз тарбиятгар хуб донистани метод ва усулҳои ташкили фаъолияти таълимию фаҳмидагирӣ ва амалиёти гуногуни тарбиягирандагонро тақозо мекунад.

Аммо барои ташаккули муносибатҳо масъалаи умдатарин аз он иборат аст, ки тарбиятгар фаъолияти тарбиягирандагонро ташкил намуда, аз чунин тарз ва усулҳои тарбия, ки онҳоро ба ҳавасмандии талаботи инкишофи шахсӣ, ба мувофиқаткунии ташаккули шуурнокӣ, такомулоти рафтор ва қавииродагӣ, ки дар маҷмӯъ барои кор кардани ин ё он сифати хислат меорад, моҳирона бояд истифода барад. Ҳамин тавр, барои боинтизом тарбиякунӣ ба талабагон фаҳмондани меъёр ва қоидаҳои рафтор лозим аст, то ки онҳоро ба камоли итминон риоя кунанд. Ба ҳамин мақсад баҳри адои ӯҳдарории худ мисолҳои мусбати интизомнокӣ ҳам истифода бурда мешавад. Ҳамаи ин барои ташаккулёбии талабагон мувофиқи талабот, назария, ҳиссу эътиқод ва ба рафтори онҳо таъсири мусбат мерасонад.

Вале дар аксар мавридҳо барои коркарди малака ва одатҳои рафтори интизомнокӣ дар дарсҳо, танаффусҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ зурурати истифода бурдани машқҳои махсус, ки дар парта дуруст нишастан, лаҳзаи ба муаллим муроҷиаткунӣ дастбардоштан ва ғайраҳоро ёд медиҳад, истифода бурдан лозим аст. Дар ташаккули интизомнокӣ нақши рӯҳбаландкунии ҳавасмандонӣ ҳам бағоят калон мебошад, ҳамчунин барои ислоҳкунии камбудиҳои ҷойдошта маҳкумкунӣ низ зарур аст. Чунин ислоҳкуниро талаботи педагог, назорат аз болои рафтори талабагон низ иҷро карда метавонанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Чунинанд моҳияти метод ва усулҳои муҳими тарбиявӣ, ки дар раванди ташаккули муносибатҳои талабагон истифода бурда мешаванд.

Аз ин нуқтаи назар дар таҳти методҳои тарбия маҷмӯи роҳҳои махсус ва усулҳои тарбиявие фаҳмида мешавад, ки дар раванди ташаккул додани хислатҳои шахсият баҳри инкишкофи талаботи соҳавӣ ва шуурнокии талабагон, барои ҳосил кардани малака ва одатҳои рафтор, инчунин барои ислоҳ ва такмили онҳо истифода бурда мешавад.

Методҳои тарбия бисёранд ва олимони ин соҳа онҳоро ба гурӯҳҳои зайл тақсим кардаанд:

  1. Методҳои ташаккул додани шууронагии шахсият (ақидаҳо, эътиқод, идеалҳо).
  2. Методҳои ташкили фаъолият (алоқа, таҷрибаҳои рафтори ҷамъиятӣ).
  3. Методҳои ҳавасмандгардонӣ ва маҳкумкунии фаъолият ва рафтор.
  4. Методҳои назорат, худназоратӣ ва худбаҳодиҳӣ ба фаъолият ва рафтор.

Чуноне ки мебинем, дар асоси ин таснифот методҳои тарбия дар сохти яклухти фаъолият, ки дар худ раванди амалиёти шуурона, ташкили он, ҳавасмандгардонии фаъолият, назорат ва таҳлили натиҷаҳо гузошта шудааст, фароҳам оварда мешавад.

Ҳоло мо, пеш аз он ки ба тавзеҳоти гурӯҳҳои методҳои фавқ таваққуф намоем, нисбати воситаҳои тарбия ҳам бояд маълумот диҳем, чунки онҳо барои татбиқи методҳои тарбия замина мегузоранд.

Воситаҳои тарбия

Методҳои тарбияро бидуни воситаҳо тасаввур кардан мумкин нест. Воситаҳои тарбия он чорабинӣ ё шаклҳои кори тарбиявӣ (маҷлис, ахбор, сӯҳбат, мубоҳиса, вохӯрӣ, шабнишиниҳо, ва ғ.), намудҳои фаъолияти талабагон (машғулиятҳои таълимӣ, маҳфилҳо, озмунҳо, олимпиадаҳо ва ғ.), инчунин ашёҳои намоишдиҳиро (суратҳо, филмҳо ва ғ.), ки дар ҷараёни амалиёти ину он метод истифода бурда мешавад, ифода меёбад. Чунончи, барои дар хохандагон амалӣ гардондани методи ибрат ва намуна аз чунин воситаҳои тарбия истифода бурдан мумкин аст: сӯхбати эзоҳӣ, ахлоқӣ ва санъатӣ, маҷлис, мубоҳиса, муқоиса, машқ, намоишдиҳии филм ва ғ. Баъзан сӯҳбати эзоҳӣ, ахбор, маҷлис, машқ ва дигар воситаҳои тарбияро ба методҳо мансуб медонанд, ки ин хатои калон нест. Чунки ин методҳо ба сифати воситаҳо баҳри амалӣ гардонидани методи ибрат ва намуна чун ҷузъиёти таъсирбахш истифода бурда мешаванд. Яъне методҳои сӯҳбати этикӣ, маҷлис, мубоҳиса, намоиши филмҳо, муқоиса, машқ ва дигарҳо ҳамчун қисмати шакли ин ё он методи тарбия истифода шуда, вазифаи воситаҳои методро адо мекунанд.

ҚаблӣМавзӯъ. Принсипҳои тарбия
БаъдӣМетодҳои ташаккул додани шууронагии шахсият