Мавзӯъ. Принсипҳои тарбия

Принсипхои тарбия, Принсипҳои тарбия

Нақша

  1. Хусияти принсипҳои тарбия
  2. Сохти иҷтимоӣ доштани тарбия
  3. Робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат
  4. Дар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан
  5. Тарбияи гуманистӣ
  6. Рафтори шахсӣ
  7. Дар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия

1.Хусияти принсипҳои тарбия

 Истилоҳи «принсип» аз лотинӣ буда, дар забони тоҷикӣ маънои «асос» ва «аввалин» – ро ифода мекунад. Принсипҳои раванди тарбия – ин қоидаҳои умумии аввалин, ки талаботи асосӣ ба мазмун, методҳо, ташкил кардани раванди тарбияро мефаҳмонад. Онҳо хусусияти раванди тарбия ва фарқияти байни принсипҳои умумии раванди педагогӣ, ҳамчунин қоидаҳои умумие, ки педагогҳо мавриди ҳалли вазифаҳо ба роҳбарӣ мегиранд, инъикос менамоянд. Талабот, изҳороти ба принсипҳо гузошташударо тавзеҳ медиҳем.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Сохти иҷтимоӣ доштани тарбия

 Педагогҳои прогрессивӣ тарбияро ҳамчун «институти иҷтимоӣ, аз синни поёнӣ майл додани омодагии одамон бо ёрии панддиҳӣ ва ибрат, этиқод ва зарурат бо кӯшиши амалӣ ва дар ҳаёт собитқадамона истифода бурдани қоидаҳои азхудкарда» мефаҳмиданд (Г. Сент – Джон). Ин принсип дар давраҳои гуногуни иҷтимоӣ тағйир ёфт, баъзан моҳияти иҷтимоии зиёд, гоҳо давлатӣ ва баъзан самти шахсиятӣ ҳам гирифт. Дар педагогикаи ватанӣ ҳам он борҳо ба дигаргунӣ дучор шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат

Ин принсип талаб мекунад, ки раванди тарбия (ва омӯзиш) – и мактабиён дар робита бо ҳаёти давру замон пайваста сурат гирад, то ки онон аз хурдӣ баҳри зиндагӣ омода гарданд, дар таҷрибаи меҳнат обутоб ёбанд.

«На барои мактаб – барои ҳаёт» – ин даъвати римиёни қадим аз он гувоҳӣ медиҳад, ки педагогҳои давраи атиқа моҳияти бо ҳаёт ва таҷриба алоқамандии тарбияи насли наврасро фаҳмидаанд. Ташаккули шахсити инсон асосан аз худи вай ба корҳои оммавӣ ва меҳнатӣ иштирок намуданаш вобаста аст.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Дар тарбия ба ҷиҳатҳои мусбат такя кардан

 Агар шумо дар дастпарвари худ заррае ҷиҳати хубро зоҳир намоед ва ба он беҳбудӣ такя карда кор гиред, онгоҳ муаммои ботини ӯро кашф мекунед, дар тарбияи вай ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил хоҳед шуд. Педагогҳои донишманд суботкорона ҷустуҷӯ мекунанд, ки ақалан дар толибилми тарбияаш душвор ягон сифати мусбатро дарёбанд ва ба он такя намуда, дар ташаккули вай ва дигарон таъсири мусбат расонанд. Ин тарзи корбарӣ нафақат ба худи вай, ҳамчунин ба ҳамсинфонаш низ намунаи ибрат мегардад. Дар ин масъала мардуми мо аз андарзи «Дар, ба ту мегӯям, девор, гӯш дор» хуб истифода мебаранд.

Мавзӯро пурра хонед >>


5.Тарбияи гуманистӣ

 Ин принсип ба принсипи ба мусбат такякунӣ зич алоқамандӣ дорад. Тарбияи гуманистӣ (инсондӯстӣ) талаб мекунад: 1) муносибати гуманистӣ кардан ба шахсияти тарбиягиранда; 2) эҳтиром кардани ҳуқуқ ва озодии вай; 3) ба тарбиягиранда талаботи алоқадри ҳол ва оқилонаи аниқ гузоштан; 4) вазъияти дастпарварро эҳтиром намудан, ҳатто вақте, ки иҷрои вазифаи супоридашударо ҳам рад мекунад; 5) ҳурмат кардани ҳуқуқи одам дар ҳоли худаш; 6) ба шуури тарбиягиранда мақсади аниқи тарбияи ӯро баррасӣ намудан; 7) талаботи сифатро ба вай зӯран бор накардан; 8) аз ҷазои ҷисмонӣ ва дигаре, ки қадру қимати ӯро паст мекунад, даст кашидан; 9) эътироф кардани ҳуқуқи шахсият барои комилан рад кардани он мухолифатҳое, ки бо ягон сабаб ба сифати ташаккули эътиқоди вай монеъ мешавад (гуманитарӣ, динӣ ва ғ.).

Мавзӯро пурра хонед >>


6.Рафтори шахсӣ

 Дар ин ҷо моҳияти ду принсип дода мешавад: ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои синну соли тарбиягирандагон ва иҷро кардани тарбия дар асоси муносибаткунии инфиродӣ. Тадқиқотҳои психологию педагогии даҳ соли охир нишон доданд, ки моҳияти аввалиндараҷа на он қадар дониши тарбиядиҳанда нисбати синну сол ва хусусиятҳои фардӣ, балки ҳамон қадар ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои шахсият ва имкониятҳои тарбиягирон вобаста аст. Муносибати фардӣ ҳамчун такягоҳ ба сифати шахсият фаҳмида мешавад. Охирин барои тавсифи тарбия хеле муҳим аст – майл додани шахсият, арзиши тавҷеҳи вай, нақшаҳои ҳаётӣ, мақсади ташаккулёбӣ, мотивҳои бартаридоштаи фаъолият ва рафтор. На синну сол, на хусусиятҳои фардии шахсият (тавсиф, мизоҷ ирода ва ғ.), аз барандагии сифатҳои номбурда сифати баланди тарбияи пешбинишудаи шахсиятро таъмин карда наметавонанд. Арзиши пешбинишуда, нақшаҳои ҳаётӣ, майли шахсият бевосита ба синну сол ва хусусиятҳои фардӣ алоқаманд аст. Аммо аввалааш фақат ба асоси шахсият тааллуқ дорад.

Мавзӯро пурра хонед >>


7.Дар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия

 Ин принсип ба пурқувват кардани умури тарбия дар ягонагии мактаб, оила ва ҷамоатчигӣ нигаронида шудааст. Дигар хел карда гӯем, принсипи фаъолияти ҳамкории муаллимон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва оила нисбати тарбияи насли наврас мебошад. Он талаб мекунад, ки ҳамаи шахсон, ташкилотҳо, институтҳои ҷамъиятии дахлдор ба кори тарбия якҷоя амал кунанд, талаботҳоро ба тарбиягирандагон мутобиқ гардонанд, бо якдигар даст ба даст дода, ба ҳамдигар ёрӣ расонанд ва ба пурқувват таъсирбахшии кори педагогӣ мададрасон бошанд. Оила ва ҷамоатчигӣ ба сони ду «боли» мактаб ва агар онҳо хуб кор кунанд, мактаб нисбати таълиму тарбияи ворисон дар фазои баланд ба парвоз меояд.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Принсипи тарбия чист?
  2. Кадом қоидаҳои умумӣ ба системаи принсипҳои тарбия дохил мешаванд?
  3. Моҳияти самти иҷтимоӣ дошатни тарбия дар чист?
  4. Моҳияти принсипи робитаи тарбия бо ҳаёт, меҳнат дар чист?
  5. Қоидаҳои амалигардонии ин принсип кадомҳоянд?
  6. Моҳияти принсипи дар тарбия ба ҷиҳатҳои муфид такя намудан дар чист?
  7. Мохиятхои принсипи тарбияи гуманситӣ дар чист?
  8. Мохияти рафтори шахсӣ ба тарбия чист?
  9. Қоидаҳои амалигардонии ин принсип кадомҳо?
  10. Моҳияти принсипи дар ягонагӣ таъсирбахшии тарбия дар чист?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Подласый И. П. Педагогика. Книга 2. – М., 2000.
  • Яковлев К. С. Величие здорового смысла: человек эпохи. – М., 1992.
  • Рахимов Х. Нуров А., Педагогика. Душанбе: 2000.
  • Юнусов И., Педагогика: Душанбе 2005.
ҚаблӣЧи чизе обрӯро зиёд мекунад?
БаъдӣМафҳуми «метод» ва моҳияти тарбиявии он