Китоби Маҷмӯаи масъалаҳо барои барномасозии компютерӣ

Номи китоб: Маҷмӯаи масъалаҳо барои барномасозии компютерӣ
Муаллифон: Аҳтам Назаров, Маҳмадсалим Абдукаримов

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


САРСУХАН

Тараққиёти ҷаҳони имрӯзаро бе татбиқи дастовардҳои илмҳои дақиқ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Хусусан, баъди инкишофи илми информатика суръати тараққиёти ҷомеа ба маротиб афзуд. Ҳоло тамоми самтҳои зиндагии одамон бо компютер алоқаманд аст. Бинобар ин, ҳамарӯза тамғаҳои нав ба нави компютер истеҳсол шуда, мавриди истифода ва баҳрабардории одамон қарор мегиранд. Тавассути компютер масъалаҳои гуногуни ҳаётиро, ки боиси ба гардиш даромадани чархи тараққиёти ҷомеа мегарданд, ҳал кардан мумкин аст. Вале ин корро танҳо мутахассис метавонад амалӣ созад. Ҳамон мутахассисе, ки дар компютер барои ҳалли ин ё он масъала барнома навишта метавонад. Аз ин хотир, тайёр намудани кадрҳои барномасоз яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯзҳо тибқи барномаи таҳиякардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагони синфҳои 10 ва 11-и мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ барномасозӣ омӯзонида мешавад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Китобҳои дарсӣ низ мавҷуданд. Вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки қариб дар тамоми мактабҳо ба масъалаи асосӣ – барномасозӣ кам эътибор медиҳанд. Чунин амал ба он оварда расонидааст, ки аксар хонандагон компютерро ҳамчун афзори бозӣ истифода мебаранд. Қисме аз онҳо бошанд, вазифаи компютерро фақат дар ҳарфчинӣ ё кор бо шабакаи Интернет мебинанд.

Мо дар натиҷаи мушоҳидаҳо ба хулоса омадем, ки сабаби асосии диққати махсус надодани омӯзгорони фанни информатика нисбати барномасозӣ, ин дастраси онҳо набудани маводи дидактикӣ мебошад. Китоби мазкур маҳз ба хотири кӯмак кардан дар бартараф кардани ин мушкилӣ пешниҳод карда мешавад.

Китоб аз се боб иборат аст. Дар боби якум 680 масъала гирд оварда шудааст. Масъалаҳо аз рӯйи нишонаҳои зерин ба чор банд ҷудо карда шудаанд:

  1. Масъалаҳо доир ба алгоритмҳо ва барномаҳои хаттӣ;
  2. Масъалаҳо доир ба алгоритмҳо ва барномаҳои шоханок;
  3. Масъалаҳо доир ба алгоритмҳо ва барномаҳои даврӣ;
  4. Масъалаҳо доир ба графиксозии компютерӣ.

Қисми зиёди масъалаҳо чандон мураккаб нестанд. Зеро диққати моро то кадом андоза мураккаб будани масъала не, балки то кадом дараҷа завқовар ва ба табъи хонанда мувофиқ будани он ҷалб мекунад. Аз ин хотир, дар баробари масъалаҳои алгебравӣ, геометрӣ, физикӣ ва химиявӣ, инчунин масъалаҳои иқтисодию омориро, ки эҳтиёҷоти мардум бештар ба онҳо бархурд доранд, дар маҷмӯа ҷой додаем.

Дар боби дуюми китоб барои баъзе аз масъалаҳои боби якум аввал алгоритми ҳалли онҳо дар намуди6 формулавӣ-матнӣ ва блок-схемавӣ оварда шуда, баъд дар яке аз забонҳои барномасозии бейсик, паскал, вижуал бейсик ё делфӣ барои онҳо барномаҳо навишта шудаанд.

Азбаски ин китоб барои донишҷӯён низ пешбинӣ шудааст, бинобар ин барномаҳо бо ёрии ин забонҳо ва дигар воситаҳои барномасозӣ сохта шудаанд. Ин барои хонанда ё донишҷӯе, ки яке аз ин забонҳо ё воситаҳои барномасозиро медонад, имконияти азхудкунии дигаронашро низ фароҳам меорад. Ин гуна тарзи корбарӣ ба ӯ дар натиҷаи муқоисаи рамзҳо, функсияҳо, операторҳо ва фармонҳои забонҳои барномасозӣ ба даст меояд. Ҳамчунин хонанда метавонад дар натиҷаи таҳлили амиқи барномаҳои сохташуда, хулосабарорӣ намояд, ки барномаи ҳалли ин ё он масъаларо дар кадом забон ё воситаи барномасозӣ навиштан беҳтар аст.

Дар баъзе мавридҳо барномаи ҳалли масъала бо чанд тарз пешниҳод гардидааст. Ин имкон медиҳад, ки хонанда санъати барномасозии худро сайқал диҳад.

Дар боби сеюм бошад, саволу масъалаҳои тестӣ оварда шудааст, ки истифодаи онҳо барои санҷиши дониши назариявии хонандагону донишҷӯён ба мақсад мувофиқ аст.

Қайд мекунем, ки китоби мазкур ба омӯзиши қадамҳои нахустини барномасозӣ равона нашудааст. Аслан он барои нафароне пешниҳод мегардад, ки онҳо ақалан яке аз забонҳо ё воситаҳои барномасозии дар боло зикршударо медонанд ва тавассути китоби мазкур маҳорат, малака ва санъати барномасозии худро сайқал додан мехоҳанд. Инчунин китобро ҳамчун маводи иловагии таълим ва ё замима ба китобҳои дарсӣ арзёбӣ кардан мумкин аст.

Омӯзгорони мактабҳои миёна ва олӣ метавонанд ҳангоми гузаронидани дарсҳои амалӣ, беруназсинфӣ, лабораторӣ ва омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои фанни информатика аз ин китоб фаровон истифода баранд.

Умед дорем, ки ин китоб боиси афзудани завқи хонандагон ва донишҷӯён нисбати омӯзиши барномасозӣ гардида, барои тарбия ва ба воя расидани барномасозони болаёқат мусоидат мекунад.

Хотирнишон мекунем, ки фишурдаи китоби мазкур соли 2009 чоп гардида буд. Назари мусбат ва таваҷҷуҳи хонандагон моро водор кард, ки аз нав китобро коркард намуда, бо тағйиру иловаҳои чашмрас онро ба чоп омода созем. Шояд китоби мазкур аз камбудиҳо орӣ набошад. Аз ин рӯ, аз хонандагон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки фикру мулоҳизаҳои хешро нисбат ба мазмуни китоб ба яке аз суроғаҳои зерин ирсол намоянд:

[email protected]
[email protected]


Номи китоб: Мачмуаи масъалахо барои барномасозии компютери
Муаллифон: Ахтам Назаров, Махмадсалим Абдукаримов

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Мундариҷа

Сарсухан

БОБИ 1. Масъалаҳо

1. Масъалаҳо доир ба алгоритмҳо ва барномаҳои хаттӣ
2. Масъалаҳо доир ба алгоритмҳо ва барномаҳои шоханок
3. Масъалаҳо доир ба алгоритмҳо ва барномаҳои даврӣ
4. Масъалаҳо доир ба графиксозии компютерӣ

БОБИ 2. Алгоритм ва барномаи ҳалли баъзе масъалаҳо дар забонҳои барномасозии Бейсик, Паскал, Визуал бейсик ва Делфӣ

Масъалаҳо аз §1
Масъалаҳо аз §2
Масъалаҳо аз §3
Масъалаҳо аз §4

БОБИ 3. Саволҳои тестӣ


Номи китоб: Маҷмӯаи масъалаҳо барои барномасозии компютерӣ
Муаллифон: Аҳтам Назаров, Маҳмадсалим Абдукаримов

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Китоби мазкур бо мусоидати худи муаллиф (А. Назаров) дар сомона нашр мешавад. Аз ин ҷиҳат мудирияти сомона ба муаллиф изҳори миннатдорӣ мекунад.

ҚаблӣКитоби Дизайни барномавӣ дар ЗБ PascalABC.Net, А. Назаров
БаъдӣКитоби Методикаи таълими информатика, А. Назаров