Мақсади асосии Созмони «Ахтарон»

Максади асосии «Ахтарон». Мақсади асосии Созмони «Ахтарон».


Тайёр намудани аъзоёни худ ба сафи «Ворисони Сомониён» мебошад. Ахтарон рамз, нишони сарисинагӣ ва шиори худро дорад, ки он бо ранги зард, офтоб ва шуълаҳои фарахбахши он тасвир ёфтаааст, ранги бунафши дохили давра бошад осудагӣ ва бардавомии ҳаёти мардуми Тоҷикистон, тоҷ ва парчам бошад шуҳрат ва ифтихори тоҷикистониён, таърихи давлатдории тоҷикон ва ояндаи минбаъдаи давлатдории онро ифода мекунад.

«Ахтарон» бо ёрии «Ворисони Сомониён» фаъолият менамоянд. Созмони «Ворисони Сомониён» (хонандагони синфҳои 5-9) давомдиҳандагони кори «Ахтарон» мебошанд.

 Самтҳои фаъолияти созмони «Ворисони Сомониён» гуногун паҳлу буда, дар мактабҳо комиссияи худидоракуни ташкил менамояд, ки он ба кори тарғиботӣ, таълимӣ ҳатмӣ, корҳои беруназсинфӣ, берун аз мактаб, маърифатӣ-равшаннамоӣ, санитарӣ, варзиши, туризм, хоҷагидорӣ, ташкили шӯрои духтарон, кор бо волидон ва маҳфилҳо машғул буда самарабахш гузаштани онҳоро таъмин менамояд. ҳар як комиссия тибқи нақша фаъолияташро ба роҳ мемонад.

 Созмони «Ворисони Сомониён» рамзу нишони худро дорад. Рамзу нишони он дар Ҷумҳурӣ дар шакли ягона тасвир ёфтааст. Нишони сарисинагии «Вориси Сомониён» дар шакли давра бо рушноии нурҳои ҳаётбахши офтоб ва ситораи бисёргуша тасвир ёфтааст, ки ин рамзи баробарҳуқуқии ҳамаи кӯдакон қатъи назар аз миллату дину мазҳабашон мебошад. Рангҳои дохили ситора – сурх, сафед ва сабз буда нишони парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода мекунад ва дар байн расми Исмоили Сомонӣ ҷой дода шудааст, ки ин рамзи адлу инсоф, ақлу хирад, шуҷоат ва баробарҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шарт ва қоидаҳои қабул ба «Ворисони Сомониён» тибқи талаби оинномаи он (ба таври ихтиёри дар асоси аризаи шахси аз сини 10-11солагӣ қабул карда мешавад) муайян карда шудааст.

Аъзоёни созмони «Сомониён» дар кори баланд бардоштани таълиму тарбия, ҳифзи моликияти ҷамъиятӣ, нигоҳ доштани расму оинҳои миллӣ ва умумибашарӣ мадад мерасонанд ва дар сурати мавҷуд будани созмонҳои ҷавонони вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ бо онҳо робита барқарор намуда ҳакорӣ менамоянд.

Маром ва ҳадафи созмони «Сомониён» аз ҳимояи ва амали сохтани ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёни худ фароҳам овардани шароит барои инкишофи озодонаи онҳо худшиносӣ, ваҳдат, ошкор намудани қобилияти эҷодӣ, ғани гардондани маданияти маънавӣ, ахлоқӣ ва сиёсии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, мусоидат намудан ба бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳимояи муҳити зист, дӯстии халқу миллатҳои маскани ҷумҳурӣ бо давлатҳои дигар иборат мебошад.

ҳар як хонандаи аз 15 то 17 солаи ҳамаи намуди мактабҳо метавонанд ба таври фардӣ (индивидуалӣ) тибқи аризаи худ аъзои созмони «Сомониён» шавад.

Аъзои созмони «Сомониён» пас аз хатми мактаб ҳуқуқ дорад, узвияти худро дар созмонҳои ташкилотҳои дигар идома диҳад ва дар қайд бошад.

ҚаблӣСохтори созмон. Созмони талабагии мактабхо
БаъдӣИдоракунӣ ва ба нақшагирии кори созмони талабагӣ