Шеърхо барои Занги охир

Шеърхо дар бораи Занги охир, Шеър барои Занги охирин, шеърҳо дар васфи Занги охир – камолот аз сомонаи www.DONISHJU.net >>

Бонги занги охирин оҳиста шав,
Бо садои зиндагӣ пайваста шав.

Бо садои беғубори кӯдакӣ,
Бо садои тобдори зиндагӣ.

Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ,
Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

То хатам бо хатти дафтар ҷӯр шуд,
Эй муаллим, чашми ту камнур шуд,

Рост кардӣ каҷмакаҷ хатҳои ман,
То нависам рост таърихи Ватан.

Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ,
Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ.

Алвидоъ, эй пешдомони сафед,
Хайра мақдам, бахту армони сафед.

Эй дару девори мактаб як дуо,
Як дуои хайр аз сидқу сафо.

Алвидоъ, эй панҷу чори кӯдакӣ,
Хайра мақдам, панҷу чори зиндагӣ.

Назри Яздонӣ


Шеър дар бораи ЗАНГИ ОХИР

Зангулаи корвони умр аст,
Занге, ки садо диҳад ба мактаб.
Гӯё ҳамаро шитоб дорад,
Бар ҷониби орзую матлаб.

Занге, ки садои охиринаш,
Пуршур мисоли савти дарёст.
Анҷоми чаҳони бачагиҳо,
Оғози чавониҳои зебост.

Занге, ки садои охиринаш,
Анҷом бувад ба ишқи аввал,
Бар он ҳама шармҳои ноҷо,
Бар он ҳама бӯсаҳои маътал.

Занге, ки ҷавоби талх гӯяд,
Бар номаи беҷавоби ёре.
Занге, ки ниҳода дар дили ман,
Занге зи муҳаббати нигоре…

Як умр садо диҳад ба гӯшам,
Занге, ки садо диҳад ба мактаб
Даъват бикунад, ки нест ҳамвор,
Роҳе, ки барад ба сӯи матлаб!

Ҷӯра Юсуфӣ


ЗАНГИ ОХИРИН

Медиҳад зангӯлаи мактаб садо,
Мерасад бар гӯшҳо овози мо.
Бо садои “Шаб ба хайр”-у “Хуш бимон”
Мекунем бо бачагии худ видоъ.

Ассалом эй шоҳроҳи умри мо,
Хайрамақдам, навбаҳори зиндагӣ.
Болу пар деҳ бар дили пуршӯри мо,
То намонем зери бори бандагӣ.

Алвидоъ эй солҳои бачагӣ,
Хайр акнун мактаби беҳтар зи ҷон.
Меравем имрӯз аз оғӯши ту,
Номи некат кай равад лек аз забон?..

Ӯғулой.


 

Вақте, ки занги охир дар гуши мо садо кард,
Вақте, ки мактаб мисли модар ба мо дуо кард
Дар ёдамон наомад фардои роҳпоӣ
Дар чорсӯи тақдир аз ҳамдигар ҷудоӣ.
Дарё будему як – як рафтем мисли ҷӯйбор
То гӯшае шавад сабз, то нахле оварад бор.
Акнун ба ҳукми тақдир аз ҳамдигар ҷудоем
Аммо дар олами дил ҳамдарду ҳамсадоем.


ЗАНГИ ОХИРИН (Камолот)

Ҳар гаҳе саргарми фикр аз назди мактаб бигзарам,
Ман садои форами ин занги мактаб бишнавам.
Занги мактабро шунида боз хушёр мешавам,
Бар ҷавоби дарси нав гӯё, ки тайёр мешавам.
Он замон ояд ба ёдам давраҳои бачагӣ,
Хонда будам назди устод шеърҳои Рӯдакӣ.
Дил бихоҳад андаке, панди устод гӯш кунам,
Бори дигар сӯҳбати он дӯстонро гӯш кунам.
Он ҳама рӯзҳои фирӯзи ҳаётам зинда бод,
Ёди неку панди устодон ҳамеша зинда бод!

Шералӣ ТАБАРОВ


ЗАНГИ АВВАЛ…

Занги аввал занги сулҳу дӯстӣ,
Занги аввал дарси нав омӯхтӣ.
Занги аввал медиҳад имрӯз садо,
Занги мактаб занги дилҳо занги мо.
Занги аввал занги охир нест нест,
Занги аввал занги таътил нест нест.
Занги аввал занги дилгир нест нест,
Занги мактаб занги дилҳо занги мо,
Занги аввал рузи донишу забон
Занги аввал рӯзи сулҳ аст дар ҷаҳон,
Занги аввал рӯзи завқи кӯдакон.
Занги мактаб занги дилҳо занги мо,
Занги аввал занги зисту зиндагист,
Занги аввал занги ҷузъи бандагист.
Занги аввал занги илму Рӯдакист,
Занги мактаб занги дилҳо занги мо….

ҚаблӣБемориҳои узвҳои нафаскашӣ ва пешгирии онҳо
БаъдӣМаълумот дар бораи Зуком (грипп)