Чен кардани гафсии чизхои борик ва тунук бо милапаргор (Кори лаборатори).
Ҳадаф: Ёд гирифтани истифодаи милапаргор (штангенпаргор) ва санҷиши ғафсии чизҳои борику тунук.
Лавозимот: Милапаргор, ягон сими борик, ягон порчаи тунука.

Милапаргор (русӣ: штангенциркуль; ингл.: caliper) аз хаткашак ё худ ҷадвали миллиметритақсимоти пӯлодин ва нониус (номи кӯҳнааш: вернйер) ном олате иборат аст, ки дар он ҷадвалчаи махсуси ёридиҳанда созида шудааст (рас. 1.12).
Нониус даричаи хурде дорад, ки қисми поёнаш дараҷабандӣ шудааст ва 10 тақсимот (хонача) дорад. Ин 10 хонача ҳамчени 9 мм меоянд, яъне ин 9 мм ба 10 ҳиссаи баробар тақсим шудааст ва ҳар як хонаи ҷадвалчаи рӯйи нониус аз як хоначаи ҷадвали асосӣ ба қадри даҳяки миллиметр кӯтоҳтар аст. Дурустии нишондоди милапаргор аз корбурди ҳамин нониус ба даст меояд.
Аз номи «ҷадвали миллиметритақсимот» фаҳмост, ки ҳар як тақсимоти ҷадвали асосӣ 1 мм асту они нониус – 0,9 мм, яъне ба қадри 0,1 мм кӯтоҳтар аст.

Чизи санҷиданӣ дар байни лабаҳои милапаргор ҷой дода мешавад. Чанд мавридро бинем:
а) дар байни лабаҳои асбоб чизе нест ва онҳо бо якдигар ҷафсанд – дар ин сурат нишонаҳои сифрии ҳарду ҷадвал дар ростои якдигар ҷо гирифта, ғафсии сифриро нишон медиҳанд (яъне менамоянд, рас. 1.13, а);
б) лабаҳо ба қадри 0,3 мм кушодаанд – дар ин сурат хатчаҳои “3”-и ҳарду ҷадвал муқобили ҳам ҷой мегиранд (рас. 1.13, б), яъне агар дар байни лабаҳои асбоб ягон чизи тунук гузошта шавад ва андозаи санҷидании он 0,3 мм бошад, хатчаҳои “3” дар ростои ҳамдигар ҷой мегиранд ва
в) хатчаҳои ”4” дар ростои якдигар ҷой гирифтаанд (рас. 1.13, в) – ин он гуна маънӣ дорад, ки даҳони милапаргор ба қадри 0,4 мм боз аст, яъне ҷисме, ки дар байни лабаҳо қаппонда шудааст, андозаи 0,4 мм дорад. Ҷисмҳои дигари миллиметриандоза низ ба ҳамин тарз санҷида мешаванд.
Хуб, агар ғафсии ҷисми санҷиданӣ беш аз 1 см, масалан, 1,12 см, яъне 11,2 мм бошад, чӣ? Посухи ин пурсишро аз рас. 1.13, г дарк кардан осон аст. Адади миллиметрҳои томро бояд аз рӯйи ҷадвали асосӣ ба ҳисоб гирем. Дар мисоли мо ин адад 11 аст. Ҳиссаҳои миллиметри 12-умро аз рӯйи мавқеъи ҳамон хатчаи нониус меёбанд, ки он дар ростои ягон хатчаи ҷадвали асосӣ ҷой мегирад (ин ҷо фарқе надорад, ки хатчаи нониус дар рости кадом хатчаи ҷадвали асосӣ ҷой мегирад).




















