Идоракунӣ ва ба нақшагирии кори созмони талабагӣ

Идоракуни ва ба накшагирии кори созмони талабаги.


Органи роҳбарикунандаи Созмон дар ҷумҳурӣ шӯрои созмон мебошад. Аз ҷумла конференсияи ҷумҳуриявии Созмони талабагӣ рӯзҳои 25-26 феврали соли 2000 дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилон аз вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо баргузор шуда буд, қарор қабул кард, ки 26 феврали соли 2000-ум рӯзи ташкилёбии созмонҳои талабагӣ эълон карда шуда ба созмон номи Исмоили Сомони дода шавад.

Ба маврид аст, таъкид намоем, ки дар баромади вакилон (26-феврали 2000) якдилона қайд шуд, ки пас аз қабул шудани Низомномаи Созмонҳои талабагии мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамаи мактабҳои маълумоти умумӣ созмонҳои талабагӣ бояд ба фаъолият шурӯъ кунанд. Шиносоӣ бо рафти таъсиси созмонҳо ва ташкили кори онҳо нишон медиҳад, ки дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо корҳои назаррас анҷом дода шудааст. Аз ҷумла дар мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе Созмонҳои талабаги фаъолият доранд.

Чи тавре дар боло зикр кардем, конференсияи созмони талабагиро мақомоти доими роҳбарикунандаи он, Шӯрои созмон даъват менамояд, ки дар он тамоми масъалаҳои мубрами ҳаёти Созмонро баррасӣ менамояд. Аъзоёни Шӯро аз намояндагони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо интихоб мешаванд. Шӯро аз ҳайати худ раиси Созмонро интихоб мекунад. Раис аз байни аъзоён муовин ва котибро таъин мекунад.

Шӯрои Созмонҳои талабагии ҷумҳурӣ ҳар сол чор маротиба даъват карда мешавад, ва нақшаи корию буҷаи Созмонро барои тасдиқ ба конференсия пешниҳод менамоянд ва ба он ҳисобот медиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Органи олии Созмони талабагии мактаб маҷлиси умумии аъзоён мебошад. Вай оиннома ва барномаи созмонро тартиб дода кабул мекунад. Дар ҷаласаи умумӣ бо пешниҳоди аъзоёни созмон раиси созмони талабагӣ интихоб карда мешавад.

Тибқи нақшаи созмони талабагии мактаб комиссияҳо ва созмонҳои «Ахтарон», «Ворисони Сомониён» ва «Сомониён», нақшаи кории худро мураттаб сохта, дар маҷлиси умумии созмон тасдиқ мекунад. Нақшаи кори Созмон дар якҷоягии раис, талабагони фаъол, омӯзгорони ботаҷриба директори мактаб ё яке аз муовинони ӯ кумак мерасонанд.

Нақшаи кори созмони талабагии мактаб тахминан аз чунин фаслҳо иборат мебошад:

  1. Таҳлили корҳои Созмон дар соли гузашта
  2. Вазифаи Созмон дар соли хониши нав.
  3. Корҳои ташкилӣ
  4. Чорабиниҳои оммавӣ
  5. Қисмҳои нақшаи кории комиссияҳои Созмон[1].

Нақшаи кори солонаи Созмон масъалаҳои мубрами таълиму тарбияи хонандагонро, аз ҷумла, нақшаҳои кории комиссияҳои таълимӣ, тарғиботӣ, корҳои берун аз синф ва берун аз мактаб, варзиш ва саёҳат, меҳнат ва касбогоҳӣ, ҳамкори бо волидайн ва дигарҳоро дар бар мегирад.

Дар радифи ин дар нақшаи Созмони талабагии мактаб гузаронидани ҷаласаю ҷамъомадҳо бахшида ба идҳо ва рӯзҳои таърихӣ мақоми махсус дорад. Аз ҷумла:

  1. 1- сентябр Рӯзи дониш, дарси сулҳ.
  2. 9 – сентябр Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Якшанбе аввали моҳӣ октябр-рӯзи муаллим.
  4. 6-ноябр Рӯзи қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. 1-январ Соли нав.
  6. 23-феврал – Рӯзи артиши Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  7. 8-март Рӯзи байналхалқии занон.
  8. 11-март Рӯзи матбуоти тоҷик.
  9. 21-22-март ҷашни Наврӯзи аҷам.
  10. якшанбеи сеюми моҳи апрел рӯзи илми тоҷик.
  11. 1-май Рӯзи байналхалқии меҳнаткашон.
  12. 7 –май Рӯзи радио
  13. 9-май Рӯзи ғалабаи халқи шуравӣ бар фашизми истилогар.
  14. 23-май Рӯзи ҷавонон.
  15. 1-июн Рӯзи байналқии ҳифзи кӯдакон
  16. 27-июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ
  17. 22-июл – Рӯзи забони тоҷикӣ.

[1] Ниг. Юнусов Й. Педагогика, Душанбе 2005 саҳ  266.

ҚаблӣМақсади асосии Созмони «Ахтарон»
БаъдӣАҳамияти шарҳиҳолии қасидаи «Шикоят aз пирӣ»-и устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ