​Максимизатсияи фоида ва муайян намудани шароити оптималии фаъолияти фирма

Таъсисёбии талаботи бозорӣ — ин ҷоришавии алоқа байни нархи бозорӣ ва шумораи мол мебошад, ки аз тарафи фурӯшандагон барои ҳар як сатҳи нархҳо пешкаш карда мешавад. Каҷхаттаҳои пешниҳоди кӯтоҳмуддат ва дарозмуддатро барои истеҳсолкунандагони алоҳида тасвир карда, мо метавонем каҷхаттаҳои соҳаро тасвир намоем.

Шаклҳои сохтори бозорӣ

Бозори соҳавӣ — ин гурӯҳи ширкатҳои истеҳсолкунандаи неъматҳое, ки барои қонеъ гардонидани як эҳтиёҷот таъин гардидаанд ва байни ҳам ивазкунанда мебошанд.

Сохтори бозор- ин маҷмӯаи нишонахои ташкили бозорӣ, ки характери таъсири байниҳамдигарии ширкатҳоро дар бозори соҳавӣ муайян мекунад ва тарзи муқаррар намудани мувозинатии бозориро шарҳ медиҳад.


Нишонаҳои сохтори бозорӣ:

1) Консентратсияи фурӯшандагон — ин нишондиҳандаи вазни қиёсии истеҳсолкунандагони калон дар пешниҳоди соҳавӣ мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2) Конcентаратсияи харидорон — нишонаи сохтори бозорӣ, ки миқдори харидорон ва тақсимоти байни онҳо ҳиссаи талаботи бозориро инъикоc менамояд.

3) Дараҷаи гуногунии (дифференсиатсия) мол — нишондиҳандаи ба ҳам монандии неъматҳо, ки аз тарафи ширкатҳои гуногун пешниҳод карда мешаванд ва барои қонеъ гардонидани ҳамон як эҳтиёҷот таъин мегарданд. Ба сифати нишондиҳандаи дараҷаи гуногунӣ (деференсиатсия) чандирнокии муттақобилаи талабот имтифода бурда мешавад.

4) Пуррагии маълумоти бозорӣ

5) Шартҳои ба соҳа воридшавӣ ва аз он баромадан: монеаи воридшавӣ ба соҳа — ин хароҷотҳои иловагие, ширкат ҳангоми ба соҳа ворид шудан дорад; монеаҳо аз соҳа баромадан — ин ҳаҷми хароҷотҳои барнагарданда, ки ширкат дар ҳолати аз бозори соҳавӣ баромадан дорад.

6) Дараҷаи назорати истеҳсолкунандагон аз болои нарх

7) Характери таъсири байниҳамдигарии ширкатҳо

ҚаблӣСаҳми ҷоизадорони Нобелӣ дар рушди микроиқтисод
БаъдӣРубоиёти Умари Хайём (рубоиет Хайем)