Бандаки изофи, дар грамматикаи забони точики
Бандаки изофии – и калимаҳоро ба ҳам алоқаманд намуда, ибораи изофӣ месозад: орзуи хондан, фардои дурахшон, хониши булбул, ҷавони боистеъдод.
Машқ. Матнро хонед. Гӯед, ки бандаки изофӣ дар ибораҳо кадом вазифаро иҷро кардааст.
Таҳамтан дам гирифта, кӯфти роҳро бароварда, аз шароб ва созу наво кайфаш чоқ шуда буд, ки амир ба гуфтори ширини дилфиреб ӯро ба шикор даъват кард: -Дар ин наздикӣ шикоргоҳе дорем, ки дар вай гала-гала нахчир мегардад, оҳувон ва гӯрон бешумор. Оё майли шикор надорӣ? Рустами шикордӯст аз гуфтори ӯ ба шавқ омад.
Бифармуд, то Рахшро зин кунанд,
Ҳама дашт пурбозу шоҳин кунанд.
Ба шикоргоҳ равон шуданд. Завора бар дасти рости Рустам ва Шағод бар дасти чапаш асп меронданд. Ба дашти нахчир расида, саворон ба ҳар сӯ пароканда шуданд, то ки нахчирро ба кӯҳу дараҳо ба дашти кушод ронанд. Рустам ва Завора дар интизории бад-ин сӯ ронда шудани нахчир бешитоб бо роҳе, ки дар вай чоҳҳо буданд, мерафтанд. Рахш бӯи хоки навро фаҳмида беқарор гашт, рам хӯрд ва истода ба замин наъл кӯфт. Рустам, ки чашми ҳушу хирадашро шароб пӯшонда буд, боиси рам хӯрдану наъл кӯфтани вайро ҷӯё нашуда, яке нарм тозиёнааш зад, Рахши дар миёнаи ду чоҳ истода ба пеш пой партофт ва ҳамон лаҳза ду пои пешаш ба чоҳ фурӯ рафт.
Сотим Улуғзода
Луғат:
- гӯр – хари ваҳшии биёбонӣ, гӯрхар
- рам хӯрдан – тарсидан, ҳаросидан