Шеър дар васфи МАКТАБ

Дар ин матлаб якчанд шеър дар бораи Мактаб оварда мешавад. Шеърхо дар васфи МАКТАБ (Мактаб тч) аз сомонаи www.DONISHJU.net – Донишчу нет >>

шеър дар васфи мактаб мактаб, мактаби точики, таджикская школа

Шеърҳо дар васфи Мактаб

Эй монда қадам ба роҳи мактаб,
Олист мақому ҷоҳи мактаб.
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.

Мактаб ба ту ақлу ҳуш бахшад,
Мактаб ба ту шаҳду нӯш бахшад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб…

Бархезу гузор хоби худро,
Баргир ба каф китоби худро.
Рав аз ҳама пештар ба мактаб,
Шавқ аст туро агар ба мактаб.

Саъйе бинамову илму одоб
Беҳтар зи шарики хеш дарёб,
То дар ду ҷаҳон азиз бошӣ,
Бодонишу ботамиз бошӣ.

Садриддин Айнӣ


МАКТАБ – ШЕЪР

Аз файзи Яздон хон аст мактаб,
Бар лаъли ирфон кон аст мактаб.
Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст инсон, ҷон аст мактаб.

Аз мактаб ояд осоиши дил,
Марғуби дилҳо з-он аст мактаб.
Бе мактабонро набвад ҳаёте,
Об аст мактаб, ном аст мактаб.

Саъд аст мактаб, хайр аст мактаб.
Азиз аст мактаб, шон аст мактаб.
Дар чашми биниш нур аст дониш,
Дар ҷисми дониш ҷон аст мактаб.

Дар моҳии ҷон об аст ирфон,
Дар мурғи ирфон дон аст мактаб.

Садриддин Айнӣ


Мактаби мо

Ба тори кӯҳу бар домони саҳро,
Бар оғӯши деҳу шаҳри дилоро,
Ба сӯйи чашмаву рӯди мусаффо,
Ба ҳар ҷое, ки таътил бурд моро,
Ту будӣ ҳамраҳи мо.

Даме дар подара гулҳо бичидем,
Ба фарқи кӯҳ чун оҳу расидем,
Ба рӯйи сабзаи навхат давидем,
Ба зери бурсу ирғай орамидем,
Туро ҳамроҳ дидем.

Ту ҳарфи аввали гуфтор будӣ,
Барори тозае дар кор будӣ,
Ба шодии дили мо ёр будӣ,
Ба ёрӣ доимо тайёр будӣ,
Аҷаб ғамхор будӣ.

Зи тори кӯҳу аз домони саҳро,
Чу тифле, ки нагардад сер асло
Зи рӯйи шоду меҳри гарми момо
Ба наздат омадем, оғӯш бикшо,
Аё, эй модари мо, мактаби мо.

Убайд Раҷаб


Мактабам, нури дидагонам ту!
Мактабам, умри ҷовидонам ту!
Мисли модар муҳиббу ғамхорӣ,
Мактабам, ёри меҳрубонам ту!
Бахту шодӣ мудом ёри ман,
Мактабам, боғи бехазонам ту!

Гулчеҳра Сулаймонӣ

Рубоӣ ва дубайтӣ дар бораи Мактаб

Чашмаи саршори илм аз остони мактаб аст,
Мурғи масти орзу аз ошёни мактаб аст.
Ақлу дониш, илму ирфон, дафтару меҳри китоб,
Баҳри мо хидматрасон аз ганҷи кони мактаб аст.

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Бе ҷон ҷасадро қадре набошад,
Ҷисм аст мактаб, ҷон аст мактаб/

Гар набинад мактабу устоду таълиму адаб,
Кас чу ҳайвон мешавад гарчӣ бувад соҳибнасаб.

Партави хусн аст, оре илму ахлоқу адаб.
Бе адаб, бе илм, бе қадр аст ин набвад аҷаб.
Гар набошад даргаҳи мактаб ба тифлон маъҳазе,
Илму ирфон ҳеҷ мегардад, ҳама кас беадаб.

Агар мактаб бихонӣ, бахтиёрӣ
Нахонӣ дар пушаймонӣ бимонӣ.
Бихон, эй ғунчаи боғи ҷавонӣ.
Агар хонӣ, ту доим шодмонӣ.

Мактаб — макони илму маърифат (иншои озод)


Шеър дар бораи Мактаб, мактаб шеър, шеърхо дар васфи мактаб, мактаб тч, шеъри мактаб, донишчу нет.

ҚаблӣДохилкунӣ ва таҳрири матн
БаъдӣНахлӣ Муҳаммади Бухороӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед