Маорифпарвари ва адабиёти точик (асри XlX-асри XX – 19-20)

Маорифпарвари ва адабиёти точик (нимаи дуюми асри XlX-ибтидои асри XX – 19-20). Маорифпарварӣ ва адабиёти тоҷик (нимаи дуюми асри XlX-ибтидои асри XX).

Аз тарафи Россия истило шудани Осиёи Миёна ба равнақи маданияту санъат ва адабиёт мусоидаг намуд. Олимони тараққипарвари Россия дар бобати тадкики иқтисодиёт, эт­нография, таърих, забон, адабиёт, сарватҳои табиӣ ва ғайраи Осиёи Миёна хизмати босазое карданд.

Аҳмад Махдуми Дониш. Аҳмад Махдуми Дониш ва бисёр мутафаккирону шоирони Осиёи Миена аз намояндагони зиёиёни пешқадами Россия сабақ мегирифтанд. Тадриҷ аз адабиёти кишвар ҳам пеш рафт. Дар ташаккули ҷахонбинии мутафаккири барҷастаи тоҷик Аҳмад Махдуми Дониш, ки бо лақаби Аҳмади Калла (солҳои 1827-1897) машҳур буд, таъсири мада­нияти пешқадами Россия хеле бузург аст.

Аҳмади Дониш яке аз барҷастатарин мутафаккирони ас­ри XIX-и тоҷик ба шумор меравад. Ӯ духтур, шоир, мусиқидон, рассом, мунаҷҷим, олим ва хаттот низ буд. Аҳмади Дониш ба ивази озодфикрӣ на ақидаҳои танкидиаш ба «кофирӣ» ном бароварда буд. Бо вуҷуди ин донишу маълумоти фавқулоддаи ӯ амирро маҷбур мекард, ки ба вай бо назари эътибор нигарад. Аҳмади Дониш ба сифати котиби сафорати амир се маротиба ба Петербург сафар карда буд. Шиносоӣ бо Россия ва мадаиияти рус дар тамоми ҳаёт ва фаъолият ӯ нақши ҳалқунанда бозид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аҳмади Дониш дар ибрози мақсад иа орзуҳои сиёсии худ ба шиори хаёлпарастонаи подшоҳи маьрифатнок ру меовард. Ба ақидаи ӯ агар амир ба фоидаи маорифи халқ «бовар кунонда шавад», гуё худи ҳамин барои ба тарзи нав сохтани ҳаёти воқеии Бухоро кофист. Лекин дар айни замон Аҳмади Дониш барои таъсис додани идораҳои машваратӣ ва ба ин восита маҳдуд гардонидани яккаҳукмронии амир баромад мекард. Рӯҳи тамоми гуфтаҳои ӯро меҳру мухаббат нисбат ба халқ ва ғамхорӣ барои саодатмандии он фаро гирифтааст.

Аҳмади Дониш асли моҳияти ҳукумати мутлақи Россияро дарк карда натавониста бошад ҳам, аммо Россияро бо Бухоро муқоиса карда, табиист, ки аз илму фарҳанги бойи халқҳои Россия, тараққиёти ин кишвар ва шаҳрҳои рус ба ваҷд меомад.

Муҳимтарии асари Аҳмади Дониш рисолаи «Наводир-ул- вақоеъ» мебошад, ки аз маҷмуи порчаҳои илмию фалсафӣ ва бадеӣ иборат аст.

Ӯ дар асари худ «Рисола ё мухтасаре аз таърихи хонадони манғитияи Бухоро» амирони Бухороро ба зери тозиёнаи танқиди сахт гирифта, ошкоро гуфтааст:

«Бас aгap ҳоли султонро тафтиш кунӣ, фосиқе, золиме, саффоқе ва қозӣ марди мурташии ҳаромхоре, ғосибе ва раис к.., бедиёнате ва асас мухаммир ва муқаммир, саргурӯҳи роҳзанон ва саркардаи сориқон мебуд»[1].

‘Тамоми мутафаккирони боистеъдоду поквиҷдони он солҳои Бухоро дар атрофи Аҳмади Дониш гирд меомаданд. Ус­тод Садриддии Айнӣ дар «Ёддоштҳо»-и худ таъкид намудааст, ки чӣ тавр Аҳмади Дониш батадриҷ худро аз дарбор дур кашида, дар атрофи худ одамонеро ҷамъ намуд, ки кушиш доштанд мардумро аз банди ҷохилӣ ва бенавоӣ раҳо диҳанд.

Ба ин тариқа, фикру ақидаҳои Аҳмади Дониш бо вуҷуди он ҳама маҳдудиятҳои худ нисбат ба он замон ақидаҳои пешқадам ва прогрессивӣ буданд. Бузургтарин хизмати Аҳмади Дониш аз он иборат аст, ки ӯ тавонист дар атрофи худ як гуруҳ пайравон-маорифпарварони асри XIX тоҷикро муттаҳид намо­яд. Муфассал оиди АҲМАДИ ДОНИШ

Абдулқодирхоҷаи Савдо (ваф. соли 1874), Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ; (солҳои 1828-1894), Исо Махдуми Бухороӣ (солҳои 1826-1887), Шамсиддин Махдуми Шоҳин (солҳои 1857­1893), Ҳайрати Бухороӣ (солҳои 1876-1902) барин шоирони маҳфили Аҳмади Дониш ҳарчанд шоирони забардасти охири асри XIX буданд, вале аз ҷиҳати ақидаву мафкура ба дараҷаи ин мутафаккири бузург расида натавонистанд. Дар натиҷаи истилои Осиёи Миёна аз тарафи Россия дар шаҳру деҳаҳои Осиёи Миёна маҳаллаҳои русҳо пайдо шудан гирифтанд. Робита бо мардуми тараққихоҳӣ рус, рафтуомад ба ноҳияҳои марказии Россия боиси инкишофи адабиёти маорифпарварии охири асри XIX ва ибтидои асри XX гардиданд.

Намояндагони пешқадами ин адабиёт дар вилояти Фарғонаи кишвари Туркистон Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза Ҳакимзода, Дилшод ва Анбаротун буданд.

Дар эҷодиёти Муҳаммадаминхоҷаи Муқимӣ (солҳои 1850-1903) хаҷв мақоми намоён дорад. Муқимӣ маҳз тавассути ҳаҷв беинсофӣ, бедодгарӣ, худсарӣ ва золимии амалдорони идораҳои подшоҳиро фош мекунад.

Зокирчон Фуркат (солҳои 1858-1909). Зокирҷон Фурқат ба Россия, ба маданияти рус ҳусни таваҷҷӯҳи хоса дошт ва дӯстию рафоқати халқи русу халқҳои Осиёи Миёнаро доимо тартибу ташвиқ мекард.

Эҷодиёти шоири маорифпарвар Ҳамза Ҳакимзода (солҳои 1889-1929) баъди револютсияи якуми рус хеле ривоҷу равнақ ёфт.

Омилҳои асосии ташаккули ақидаҳои пешкадами мао­рифпарварони халқи тоҷик ин шиносоии онҳо бо марказҳои илмию мадании Россия буд. Дар ташаккули ақидаҳои ҷамъиятию сиёсии Дилшод (солҳои 1800-1905/06) ва Анбаротун (1874-1908/09) низ ин омил яке аз омилҳои муҳимтарин буданд.

Дилшод ва Анбаротун мисли тамоми дигар равшанфик- рон худсарию бедодгарии ҳукуматдорон, феодалҳо, истисмори гушношуниди халқро маҳкум мекарданд. Онҳо риёкорӣ, ҳарисӣ, фосиқӣ, ҷоҳилӣ ва бераҳмии бойҳоро фош ва ошкор карда, муфтхурон, молимардумхуронро зери хаҷви сахт қарор дода буданд.

Дар ибтидои асри XX фаъолияти баъзе адибони пешқадами тоҷик басо вусъат ёфт. Ҳайрат, Саҳбо, Асирӣ, Айнӣ ва баъзе дигарон аз ҷумлаи он адибон буданд. Шиносоӣ бо адабиёти рус ба эҷодиёти онҳо таъсири бузург расонд.

Ҳайрат. Ҳайрат (солҳои 1878-1902) шоири боистеъдод ва ғазалсарои забардаст буд.

Шоир дар шеърҳояш халқро ба маърифат даъват намуда, дар роҳи беҳбудии мардум чаҳд карданро сифати олии инсонӣ мешуморид.

Саҳбо. Саҳбо худаш амалдори олимартаба буд, унвони туқсабо дошт. Аммо авомфиребӣ, ҳарисӣ ва ҷоҳилии дарбо- риёну амалдорони амир ӯро водор намуданд, ки дарборро тарк намояд. Ашъори ӯ асосан лирики буд, вале дар эҷодиёташ хаҷв низ бисёр ба назар мерасад. Соли 1918 Саҳбо бо фармони амир барои иштирок дар неҳзати озодихоҳии халқ ба қатл расонида шуд.

Тошхӯҷа Асирӣ. Тошхӯҷа Асирӣ (солҳои 1864-1915) дар Хуҷанд ҳаёт ба cap бурдааст. Ӯ ба косибӣ машғул буд ва қашшоқона зиндагӣ мекард. Асирӣ шоири инсондуст буда. ҳамеша таъкид менамуд, ки вазифаи адабиёт тавсифи ақлу до­ниш аст. Асирӣ дар ашъораш бою муллоҳои риёкорро caxт танқид карда, онҳоро «худозадагони роҳи дин» меномид. Дар як шеъраш Асирӣ таъкид менамояд, ки:

Оҳ аз ин ҷинси наҷосаттинатони зӯҳдкеш,
Ҷуз ба оби теғ натвонӣ мутаҳҳар доштан.
Анкабӯтонанд, ҳангоме ки гиранд эътикоф,
Сайди мазлуле ғараз дар зери чодар доштан.

Асирӣ тарғиботчии фаъоли илму дониш буд ва ақидае дошт, ки бо роҳи маърифат халқро аз чаҳолат ва таассуби динӣ раҳо додан мумкин аст. Ӯ боварии комил дошт, ки мактабҳои дунявӣ, илму маданият мардумро хушбахт карда метавонанд. Масалан, ӯ дар як шеъраш таъқид мекунад, ки:

Шуморо шояд акнун ҷахд кардан,
Ғами ислоҳи кори хеш хурдан,
Макотибҳои нав эҷод кардан,
Раҳи дарси наве иршод кардан.

Садриддин Айни. Садриддин Айнӣ (солҳои 1878-1954) ҳам аз адибони тараққипарвари он давра буд, ки соли 1909 аввалин китоби дарсии дунявӣ «Таҳсиб-ус-сибён»-ро таълиф кард. Дар ҳамон солҳо Айнӣ бисёр шеърҳое навишта буд, ки ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ бахшида шудаанд.

Тамоми адибони ин давра дар эҷодиёти худ хусусиятҳои мусбати маорифпарварии Аҳмади Донишро маҳфуз дошта, бо роҳи маърифат ба халқ хизмат мекарданд, аморатро зери танқид мегирифтанд ва бо Россия алоқаву робита карданро ташвиқ менамуданд.


[1] Дониш Л. Рисола ё мухтасаре аз таърихи хонадони манғитияи Бухо­ро. – Душанбе, 1992.

ҚаблӣАдабиёти бадеи ва таърихнигории точик – асрхои XVI – XX (16-20)
БаъдӣШеър дар бораи ВОРУХ (қирғизи хунхор)