Мавзӯи 21. Тарбияи ақлии (фикрии) хонандагон

Тарбияи аклии (фикрии) хонандагон.


Зермавзӯҳо:

  1. Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули шахсият
  2. Мазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлӣ
  3. Ташаккули маданият ва фаъолияти оқилона
  4. Ҷанбаҳои асосии инкишофи ақлии (фикрии) шахсият

1. Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули шахсият

Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият аст. Ақл (хирад, зеҳн, қобилияти фикр) – шакли олии ба инсон хоси маърифати назарии воқеият. Ақлу заковат – поягузори рушди ҷомеа, омили муҳими ихтирооти нав ба нави ҷаҳонӣ мебошад. Ақли инсон бо мурури замон зимни таҷрибаҳои амалии зиндагии наслҳо нашъунамо ёфта, мунтазам боло меравад.

Тарбияи ақлӣ, чӣ тавре, ки баъзеҳо гумон мекунанд, танҳо аз хату саводнокии шахс иборат набуда, ба фаҳму фаросат низ вобаста мебошад. Фаҳму фаросат бошад айёми тифлӣ тавассути фаҳмондану амалиёти калонсолон аз оила сарчашма мегирад.

Мавзӯро пурра хонед >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2.Мазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлӣ

Дар мактаб барои инкишоф додани тарбияи ақлии кӯдакон системанок тадрис намудани фанҳои марбут, корҳои беруназсинфӣ (маҳфилҳо, хониши берун аз синф), таъсири муҳити зист, мушоҳидакорӣ, воситаҳои ахбори омма (рӯзномаю маҷаллаҳо, киною телевизион) воситаҳои муҳими ташаккули зеҳнӣ ҳисоб мешаванд. Дар барномаҳои таълимии синфҳои ибтидоӣ вазифаҳои тарбияи ақлӣ, ҳосил кардани маҳорату малакаҳои зеҳнӣ хеле возеҳ муайян карда шудаанд.

Баҳри тарбияи зеҳнии шогирдони хурдсол аз машғулиятҳои хониши тарбиявӣ ва берун аз синф чунин шаклҳои корӣ истифода бурда мешаванд, ки бевосита ба инкишофи тарбияи ақлии талабагон хосанд: нақлу ҳикояи мазмуни китобҳо ва дигар маводи хондашуда, муҳокимаи онҳо, саволу ҷавоб, шеърхониҳо, байтбарак, тезгӯякҳо, бозиҳои дидактикӣ, тақризнависӣ, расмкашӣ, нақшофарӣ ва амсоли инҳо.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Ташаккули маданият ва фаъолияти оқилона

Дар мактаб оқилона ташкил кардани маданияти омӯзиш хонандагонро ба илмгирӣ ҳавасманд намуда, аз хасташавӣ ва дилгиркунӣ нигоҳ медорад. Дар омӯзиш фарахмандӣ ва рӯҳафзоӣ бояд. Шоири асри ҶIҶ Муҳаммадхоҷаи Кошиф фармуда: «Дар даруш оташ набошад, шӯъла кай берун занад». Аз ин лиҳоз омӯзгор бояд завқу шавқи шогирдонро шӯълавар гардонад.

Маданияти оқилонаи таълим бо сифати корҳои ақлии талабагон муайян карда мешавад. Дар тарбияи ақлӣ – илмомӯзӣ аввало аз толибилмон сабру матонат, сониян бо рағбати калон дуруст банақшагирии меҳнати ақлӣ, дақиқ ташкил кардани он, риоя намудани қоидаҳои ҳифзиссиҳа, оқилона истифода бурдани усулҳои кор бо китоб ва дигар мавхазҳои ахбор, худназоратӣ, сари вақт ислоҳ намудани хатоҳои амалиёт, худтаҳлилкунии натиҷаҳои меҳнати ақлӣ, пайдо кардани сабабҳои камбудиҳои рӯйдода ва бартарафкунии онҳо ба назар гирифта мешавад.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Ҷанбаҳои асосии инкишофи ақлии (фикрии) шахсият

Инсони солимфикр аз модар бо муғҷаҳои қобилияти зиёди бунёдкорӣ (баъзеҳо бо аломатҳои махсуси генеалӣ) тавлид меёбад. Ҳар кас дар сатҳи қобилияти умумиаш метавонад 10 – 12 забонро ёд гирад. Ҳунарҳои зиёдро дарбар намояд. Вале на ҳама он қобилиятро дар зиндагӣ пурра зоҳир манемоянд. Иддае аз боиси маризию танқисии иқтисодӣ ва бархе аз боиси таъсири манфии берунаву коҳилӣ он қобилияти доштаи худро ошкор карда наметавонанд, муғҷаи тавоногӣ нашкуфта мемонад.

Барои ҳамин ҳам, чунонки дар боло зикр ёфт, яке аз талаботи фаъолияти маърифаткунонии кӯдакон дар мактаб ин ҷанбаи шавқмандгардонии онҳо мебошад. Зеро бидуни такони рӯҳӣ, бидуни ангезиши рӯҳафзоӣ ва бахусус бидуни майлу амал ганҷи дониш ба каф намеояд.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Чаро тарбияи фикрӣ асоси ташаккули шахсият аст?
  2. Ҷаҳонбини асосии инкишофи фикрии кӯдакон кадомҳоянд ва онҳоро шарҳ диҳед?
  3. Тарбияи фикрӣ бо ҷаҳонбинии илмӣ чӣ алоқа дорад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  1. Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, газ. “Омӯзгор” №44 03.11.2006.
  2. Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
  3. Рахимов Х. Нуров А. Педагогика. Душанбе, 2000.
  4. Юнусов Й. Педагогика: Душанбе, 2005.
ҚаблӣМашқу мисолҳо доир ба таъриф ва тақсим
БаъдӣТарбияи ақлӣ – асоси ташаккули шахсият