Бадеиёт ва тавсифҳои шоирона дар шеъри Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ). Бадеиёт ва тавсифхои шоирона дар шеъри Мавлоно Чалолуддини Балхи (Руми).
Яке аз хусусиятҳои барҷастаи назми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фасоҳату балоғат, тавсифҳои шоиронаи ӯст, ки ба маъниҳои олӣ либоси арзандаю шоиста пӯшонида ва мазмуну шаклро бо ҳам мутаносиб сохтааст. Ғазалу рубоиёти адиб бо забони шевою образнок, бо санъатҳои волои бадеӣ оростаю пироста шудаанд. Аксарияти ғазалиёти шоир хушоҳангу хушсадоянд. Онҳоро оҳангсозон оҳанг баста, мутрибон месароянд. 800 сол боз базми қаландарон, ошиқон ва дилдодагонро гарм мегардонанд. Қалби ҳазорҳо мардуми сайёраро нурафшон менамоянд. Мавлоно, гӯё ҳамин маъниро эҳсос карда бошад, ки мегӯяд:
- Ҳар мӯйи ман аз ишқат байту ғазале гашта,
Ҳар узви ман аз завқат хумми асале гашта. - Хуршеди амал рӯят, дарёи асал хӯят,
Ҳар зарра зи хуршедат соҳибамале гашта. - Ин дил зи ҳавои ту дилро ба ҳаво дода,
В-ин ҷон зи лиқои ту бурҷи ҳамале гашта.
Шоир дар байти аввал самимияту ишқи покашро ба байту ғазалҳои эҷодкардааш ташбеҳ намуда ва ширинии ҳаёташро ба хумми асал монанд намудааст, ки ин ташбеҳот дар адабиёти гузаштаи мо нодиранд. Ҳамин тавр, дар байти дувум рӯйи маҳбубаашро ба хуршеди амал ва рафтору кирдорашро ба дарёи асал шабеҳ намудааст, ки ин тавсифҳо шоиронаанд. Байти сеюм ҳам бисёр олӣ ва самимӣ иншо шуда, қаҳрамони лирикӣ аз ҷамоли дилдодааш шоду масрур гардида, ҷон аз дидори ҷононааш мисли баҳори нозанин шукуфою масту махмур гардидааст.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки бештари рӯзгорашро дар Куния гузаронидааст, забони туркиро низ хуб медонист ва ба ин забон такаллум ва эҷод ҳам кардааст. Баъзе ғазалҳои хешро бо тоҷикию туркӣ иншо кардааст, ки намунаи беҳтарини санъати муламмаъ ё ширу шакар маҳсуб шаванд:
Донӣ, ки ман зи олам ялгуз сани севарман,
Гар дар барам наёӣ, андар ғамат уларман.
Ман ёри бовафоям, бар ман ҷафо қилурсан,
Гар ту маро наҳоҳӣ, ман худ сани диларман.
Рӯи чу моҳ дорӣ, ман содадил аз онам,
З-он шаккари лабонат бир иккина диларман.
Фармой ғамзаатро, то хуни ман бирезад,
В-арна санник ускунда мир язгури ёзарман.
Моҳе чу Шамси Табрез ғайрат намуду гуфто:
«Аз ман дигар напурсед, ман суйладим, борарман».
Мавлоно дар тасвири фасли баҳор ва зебоиҳои табиат абёти рангин ва ғазалҳои дилнишин дорад. Хонанда пас аз мутолиаи онҳо эҳсос мекунад, ки Ҷалолиддини Балхӣ ошиқ будааст, ошиқ ба ёр (хоҳ маҷозӣ бошад ва ё хоҳ ирфонӣ) ошиқ ба диёр, ошиқ ба баҳору зебоиҳои ин арӯси сол. Шоиста он аст, ки бо як шӯру ҳаяҷон, бо як меҳру муҳҳабати шоирона баҳорро васф кардааст:
- Баҳор омад, баҳор омад, баҳори мушкбор омад,
Нигор омад, нигор омад, нигори бурдбор омад. - Зи савсан бишнав, эй райҳон, ки савсан сад забон дорад,
Ба дашти обу гул бингар, ки пурнақшу нигор омад. - Гул аз наргис ҳамепурсад, ки «Чун будӣ дар ин ғурбат,
Ҳамегуфто: «Хушам, зеро хушиҳо з-он диёр омад. - Бунафша пеши нилуфар даромад, ки «Муборак бод,
Ки зардӣ рафту хушкӣ рафту умри пойдор омад».
Мавлоно ғазали «Баҳор»-ро гуҳарбор кардааст. Санъатҳои шеърӣ мисли такрор ёфтани калимаю ибораҳои «баҳор омад», «баҳори лолазор», нигор, савсан оҳангнокии ғазалро таъмин кардаанд. Инчунин санъати саҷъ ё мусаҷҷаъ, ки дар ғазал мақоми воло дорад, салосату балоғат ва савтиёти онро афзун гардондааст. Аз ҳамин нигоҳ ба байти нахусти ғазал диққат диҳед, масъала равшан мегардад.
Ғайр аз ин, дар ғазали «Баҳор» санъати ташхис бисёр бамаврид истифода шудааст. Санъати ташхис ин аст: ашёи беҷон ба забон даромада такаллум мекунанд. Дар байтҳои 4 ва 5 наргис, бунафша ба такаллум меоянд ва чун инсон ҳарф мезананд. Дар байти 4 гул аз наргис мепурсад, ки дар он ғурбат ҳолат чӣ хел буд. Худи ҳамин суол чанд санъати бадеӣ дорад. Ғурбат ба маънои зимистон омадааст. Шоир санъати рамзу кинояро истифода бурдааст. Инчунин зимистону баҳор дар ғазал тазод шуда омадаанд.
Мавлоно нисбати забони модариаш эҳтироми сахт дошт ва саъю талош меварзид, ки бо забони зиндаи халқаш асарҳояшро биофарад. Ӯ ҳатто забони модариашро аз забони арабӣ муқаддамтар гузошта буд:
Порсӣ гӯ, арчи тозӣ хуштар аст,
Ишқро худ сад забони дигар аст.
Бӯи он дилбар, чу паррон мешавад,
Он забонҳо ҷумла ҳайрон мешавад.
Мавлоно хуб медонад, ки забони Расули Акрамро нодида гирифтан шоиста нест. Бинобар ин, забони арабиро ситоиш мекунад ва «тозӣ хуштар аст» мегӯяд, вале боз таъкид менамояд, ки «порсӣ гӯй», ки «бӯйи дилбар» асту забони модар». Забони модар ва худи модарро хор макун, эҳтиромашон намо. Сухани сахти модар бароят нӯшдоруст.
Модар ар гӯяд туро: «Марги ту бод!»
Марги он хӯ хоҳаду марги фасод!
Он гурӯҳе, к-аз адаб бигрехтанд,
Оби мардӣ в-оби мардон рехтанд.
Мағрур ва мутакаббир машав, насиҳати волидайнро гӯш бидор, дар корҳо бо дигарон машварат кун:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлҳо мар ақлро ёрӣ диҳад.
















