Матн чист? Маълумот дар бораи матн

Ду ва зиёда ҷумлаҳои аз ҷиҳати маънои грамматикӣ алоқамандро матн меноманд. Матн дорои мавзӯи муайяну ягона буда, дар бораи чизе маълумоти мураттабу батафсил медиҳад.

Матнҳо вобаста ба мазмунашон нақлӣ (ҳикоягӣ), тасвирӣ ва муҳокимавӣ мешаванд.

Дар матнҳои ҳикоягӣ ҳодисаю воқеаҳо бо як сужету тартиби муайян нақл карда мешаванд.

Матнҳои тасвирӣ ифодаи ҳолату аломати воқеа ё ҳодисаро дар бар мегиранд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар матнҳои муҳокимавӣ бештар муҳокимаронӣ баён меёбад.


Намунаи Матн

Ривоят мекунад Алӣ (с) аз Расул (с), фармуданд: Ҳар гоҳе ки падару модар фарзандро овоз кунад, фавран ҳама кори худро монда, назди падару модари худ рафта фармонбардории онҳоро ба ҷону дил кунад ва агар эҳмол карда тарки фармони онҳо кунад, ман безорам аз он шахс. Овардаанд, ки шахсе аз аъроб назди Расул (с) омаду гуфт: Ё Расулаллоҳ, маро панде диҳед, ки дар дунё ва охират маро нафъе ҳосил шавад.

 Расул (с) гуфтанд, ки падару модари худро эъзоз кун ва фармонбардории онҳоро ба ҷо ор ва аввал таъомро ба онҳо хӯрон, Худованд бар ҳар луқмаи таъом ба ту қасре дар биҳишт ато кунад.

Аз «Дурратулвоизин»


Луғат:

эҳмол – бепарвоӣ, саҳлангорӣ

эъзоз – ҳурмат, иззат, эҳтиром

аъроб –  ҷамъи араб

Синтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат

ҚаблӣКитоби “Таърихи Систон”
БаъдӣАҳмади Дониш – ислоҳотхоҳ, маорифпарвар