Таърихи мантиқ (таърихи мантик)

Мантиқи шаклӣ яке аз илмҳои қадимтарин буда, баъзе ҷанбаҳои он охирҳои ҳазорсолаи дуюми пеш аз милод дар Ҳиндустони қадим пайдо шуд. Мутафакирони Ҳиндустони қадим як зумра масъалаҳои маърифат, аз ҷумла, ақлу хирад ва шаклҳои фикр: мафҳум, қазия, натиҷагирӣ ва навъҳои онҳоро мавриди таҳқиқ қарор дода буданд.

Аз асри VI пеш аз милод ба туфайли кӯшишҳои олимони Ҳиндус-тон ва Юнони Қадим инкишофи мантиқ боз ҳам вусъат гирифт. Дар натиҷа анъанаҳои мантиқии олимони Ҳинд ба зуддӣ ба кишварҳои Чин, Ҷопон, Муғулистон, Индонезия, Шарқи Наздик ва Миёна интишор шу-данд.

Мантиқи юнониён бошад ба мамлакатҳои Аврупои Шарқию Ғар-бӣ ва махсусан ба кишварҳои Шарқи Наздик ва Миёна интишор гардид.

Дар ибтидо мантиқ ба ҳалли масъалаҳои санъати сухан нигаронида  шуда буд. Бинобар ин вай ҳамчун ҷузъи риторика (илми баён) ба ҳисоб мерафт. Яке аз мантиқшиносони машҳури Юнони қадим – Демокрит (460370 то милод) махсусан дар соҳаи мантиқи индуктивӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Суқрот (469-399 то милод), Афлотун (427-347 то милод) низ як қатор масъалаҳои мантиқро таҳқиқ намудаанд. Лекин, асосгузори мантиқ шогирди Афлотун – Арасту (384-322 то милод) бузургтарин мута-факкири Юнони қадим ба ҳисоб меравад. Арасту аввалин файласуфест, ки ба таври муфассал шаклҳои мантиқӣ ва қоидаҳои илми мантиқро мураттаб сохтааст. Асарҳои дар соҳаи мантиқ таълифкардаи ӯро дертар дар маҷмӯъ «Арғунун» («Органон») номидаанд. Арасту ба таври умумӣ масъалаҳои асосии мантиқро муайян намуда, тарҳи вайро низ каши-дааст:

  1. Семантикаи мантиқӣ («Категорияҳо», «Оид ба ибораҳо»);
  2. Методологияи мантиқӣ, ки таълимот дар бораи далеловарӣ (аргументатсия) – ро низ фаро мегирад («Аналитикаи дуюм», «Топика», «Дар бораи раддияи суфастоӣ «софистика»);
  3. Мантиқи шаклӣ ё таълимот дар бораи дедуксия («Аналитикаи якум»).

Дар давраҳои гуногуни таърихӣ вобаста ба ҳалли масъалаҳои ум-даи илмӣ ё иҷтимоӣ ин ё он тарафи таълимоти мантиқӣ ба мадди аввал гузошта мешуд. Масалан, дар марҳалаи гузариш аз давраи антиқа ба асрҳои миёна барои аҳкоми динии масеҳият ва исломро аз ҷиҳати фал-сафӣ асоснок кардан масъалаҳои характери мантиқию онтологӣ дошта (яъне семантиқа)  ба ҷои аввал гузошта шуда буд. Дертар, вобаста ба кӯ-шишҳои бо таври ратсионалӣ асоснок намудани фиқҳ, диққати файласу-фон бештар ба мантиқи шаклӣ (яъне дедуксия) нигаронида шуд.

Дар давоми асрҳои VIII-XV мантиқ ҳамчун илми мустақил махсу-сан дар муҳити кишварҳои халқҳои эронинажоду араб инкишоф ёфта-аст. Файласуф ва табиби бузурги тоҷику форс Абубакр Закариёи Розӣ (865- 925) доир ба мантиқ, 9 рисола таълиф намудааст. Асоситарини он-ҳо «Муқаддимаи мантиқ», «Бурҳон», «Мантиқ аз назари мутакалимони  ислом», «Қасидаи мантиқӣ», «Кайфият  ул – истидлол» ва ғайра мебошанд. Абубакри Розӣ дар рисолаҳои мазкур зимни шарҳи мантиқи Арас-ту, баъзе ақидаҳои ӯро низ зери танқид гирифтааст. Вале аз ин осори ӯ, ба ҷуз маълумоти ҷудогонае, ки зимни китобҳои мунаққидони вай боқист, чизи дигаре дастрас нест.

Абунасри Форобӣ (870 -950) низ 8 рисолаи худро ба мантиқ бахшидааст: «Фаслҳои муқаддимавӣ доир ба мантиқ», «Эйсагога»,  («Исоғуҷӣ»), «Катағурийас», «Қиёс», «Суфастоӣ», «Хитоба», «Дар бораи қоидаҳои санъати шеър» ва фасли махсус дар «Эҳсо ул–улум». Ақидаҳои  мантиқии Форобӣ як зумра масъалаҳои мантиқи давраи асримиёнагии шарқро фаро гирифтааст, бешубҳа, манбаи назарии мантиқи ӯро  «Арғунун»-и Арасту ташкил мекунад.

 Бузургтарин донишманди халқи тоҷик Абуалӣ ибни Сино (980 – 1037) дар соҳаи фалсафаю мантиқ, асарҳои зиёд таълиф кардааст. Асоси-тарини онҳо «Китоб уш–шифо», «Китоб ун–наҷот», «Донишнома», «Ишорот ва танбеҳот», «Мантиқ-ул-машриқийин», «Китоби Ҳидоя» ме-бошанд. Мутолиаи ин асарҳо нишон медиҳад, ки Ибни Сино масъала-ҳои умдатарини илми мантиқро таҳлилу тадқиқ намудааст. Ба ақидаи ӯ, мантиқ илмест, ки тавассути он чизи номаълум дар асоси чизи маълум шинохта мешавад. Мантиқ имконият медиҳад, ки дониши ҳақиқӣ аз до-ниши ғалат фарқ кунонида шавад. Аз ин рӯ, ба ақидаи Ибни Сино ман-тиқ илми тарозу ва илмҳои дигар илми суду зиён аст. Ҳар донише, ки бо «тарозу»  санҷида нашавад, дониши ҳақиқӣ набувад. Мантиқ аз назари мутафаккир роҳҳои дар зеҳн ҳосил намудани мафхумҳо, ҳукмҳо, қиёсҳо ва чӣ тавр ба мафҳум, ҳукмҳо ва қиёсҳои дигар гузаштанро ошкор менамояд. Ба ҳамин васила зеҳнро аз хатоҳо эмин медорад.

Дар таълимоти Ибни Сино шаклҳои тафаккур (мафҳум, ҳукм, натиҷагирӣ) ва шаклҳои инкишофи дониш ( проблема, савол, фарзия ва таъ-бир) мақоми махсусро доранд. Аз ҳамин нуқтаи назар таснифи шаклҳои тафаккур, ки аз тарафи Ибни Сино оварда шудааст ба таснифи онҳо дар мантиқи рамзии муосир хеле монанд мебошад. Ба ақидаи Ибни Сино ҳукмҳо сода ва мураккаб мешаванд. Ҳукмҳои сода аз рӯи характеристикаи миқдориашон «сур», фардӣ, ҷузъӣ ва куллианд. Ҳукмҳои мураккаб бошанд: шартӣ (импликативӣ), муттасила, мунфасила (дизъюнктивӣ) ме-шаванд. Аз рӯи хусусияти модалиашон (ҷиҳат) ҳукмҳо зарурӣ, ғайризарурӣ, мутлақ, доима, ғайридоима, мумкина (эҳтимолӣ), ғайримумкина ва тасодуфӣ мешаванд. Вобаста ба он, ки ҳар як аз ҳукм дар қӣёсҳо вазифаи муқаддимаро иҷро мекунанд, бинобар ин Ибни Сино қиёсҳои ҳамлӣ, шартӣ (иқтиронӣ ва истисноӣ) ва модалиро пурра таҳқиқ намудааст. Аз ин рӯ, низоми мантиқии Ибни Сино назар ба низоми Арасту ва Форобӣ пурраю мукаммалтар аст. Зеро дар таълимоти онҳо на ҳамаи  ҳукм ва қиёсеро, ки Ибни Сино мавриди таҳқиқ қарор додааст, дучор шудан мумкин аст. Илова бар ин, як зумра фикрҳои Ибни Сино доир ба ҳукм ва қиёсҳои модалӣ ҷолиби диққат мебошанд.

Дар асарҳои Ибни Сино ва шогирдони ӯ, идеяҳои мантиқи ғайриклассикӣ низ мақоми муайянро дорад. Агар дар мантиқи классикӣ яке аз принсипҳои асоситарини мантиқ – принсипи истиснои солис ҷой дошта бошад, дар мантиқи ғайриклассикӣ принсипи мазкур риоя намешавад.

Мутафаккирон ва мантиқшиносони бузурги форсу тоҷик, ки баъди  Ибни Сино зиндагонӣ кардаанд Абӯҳомиди Ғазолӣ (1056-1111), Фахруд-дини Розӣ  (1149- 1209), Котибии Қазвинӣ (ваф.1276), Насируддини Тӯсӣ (12011274), Қутбуддини Розӣ (ваф.1364), Саъдуддини Тафтозонӣ (1320-1392) ва дигарон буданд.

Дар осори «Меъёр ул-улум дар фанни мантиқ», «Меъёр ун-назар» (Ғазолӣ) «Лубоб  ул-ишорот», «Рисолат ул-Камолия», «Ҷомеъ ул-улум» (Фахруддини Розӣ); «Асос ул-иқтибос», «Шарҳ ул-Ишорот» (На-сируддини Тӯсӣ); «Рисолаи Шамсия дар баёни қавоиди мантиқ» (Қазви-нӣ); «Таҳзиб улмантиқ ва–л-калом» (Тафтозонӣ) пеш аз ҳама масъала-ҳои мантиқ ҳарҷониба муҳокима ва таҳқиқ шудаанд. Аз ҷумла, китоби Котибии Қазвинӣ «Рисолаи Шамсия» асрҳои зиёд ҳамчун китоби дарсӣ дар мадрасаҳо хизмат кардааст.

Дар давраи Эҳё ва Замони Нав, вобаста ба инкишофи маърифати таҷрибавӣ тадқиқотҳои мантиқӣ яку якбора ба сӯи масъалаҳои методо-логияи маърифати илмӣ тағйири тамоил карданд. Чунин ҳолатро, мах-сусан, дар асарҳои Ф. Бэкон (1561-1626) ва Р. Декарт (1596-1650) мушо-ҳида кардан мумкин аст.

Онҳо ҳангоми таҳқиқи методологияи маърифати таҷрибию ақлонӣ ба хулоса омаданд, ки мантиқи схоластикие, ки ба мантиқи Арасту нисбат дода мешуд, барои таҳлили донишҳои фалсафӣ кофӣ нест. Бинобар ин, мантиқи Арасту ва махсусан, манти-қи асримиёнагии Ғарб ба танқид гирифта шуд. Масъала гузошта шуда буд, ки таълимоти нави мантиқӣ бунёд шавад. Танқиди Ф. Бэкон ва Р. Декарт боиси се хулосаи муҳим гардид.

Якум, мантиқи кӯҳна, ки аз Арасту оғоз ёфтааст, аҳамияти худро гум кардааст. Зеро, вайро дигар дар баҳсу мунозираҳо ё амалияи бурҳон истифода намебаранд. Бинобар ин, дар чунин марҳилаи инкишофи тафаккури мантиқӣ, майли мутахассисони соҳа бештар ба таҳқиқи ҷиҳат-ҳои равоншиносию фардии мантиқ нигаронида шуда буд.

Дуюм, мантиқи кӯҳна, ҳамчун мантиқи комилан шаклӣ ба танқиди сахт дучор шуда, таъкид гардид, ки вай аз замони Арасту то ҳол заррае ҳам инкишоф накардааст (албатта, онҳо аз мероси арзандаи мута-факкирони асрмиёнагии форсу тоҷик дар соҳаи мантиқ бехабар буданд). Бо вуҷуди он, танқиди мазкур боиси раҳо ёфтани нуқтаи назар ва усул-ҳои нави таҳқиқ дар мантиқ гардид. Яке аз комёбиҳои муҳимтарини мантиқ, ба он дохил шудани усулҳхтои нав – усулҳои диалектикӣ мебо-шад, ки онро Гегель (1770-1831) эҷод кардааст. Минбаъд усули диалек-тикӣ дар асарҳои мантиқшиносон ва файласуфони маркистӣ инкишоф ёфта, ҳангоми таҳлили ҷараёни дониш ҳамчун қисми таркибии назарияи маърифат хизмат кардааст.

Сеюм, ақидае пайдо шуд, ки мувофиқи он мантиқ низ аз рӯи сохт ба риёзиёт шабоҳат дорад. Чунин ақида ба Лейбнис (1646-1716) тааллуқ дошт, ки ӯ бори нахуст зарурияти дар қолаби ҳисоб  ифода намудани шаклҳои мантиқро ба миён гузоштааст.

Дар ибтидои амалӣ гардонидани нақшаи Лейбнис ба Ҷ. Бул (1815-1864) муяссар гардид, ки мантиқро дар намуди сохти алгебравӣ (алгеб-раи булӣ) тасвир намояд. Маълум шуд, ки ҷараёни муҳокимарониро низ ба мисли сохти алгебравӣ таҳқиқ кардан мумкин аст. Баёни муносибати гуфтор бошад, мисли муносибати оддитарини алгебравӣ, тавассути амалҳои элементарӣ сурат гирифт. Минбаъд, ба мақсади таҳқиқи қонуну қоидаҳои мантиқ мафҳумҳое истифода мешуданд, ки ба фаслҳои илми риёзӣ (назарияи маҷмӯъ, топология, назарияи эҳтимолӣ ва ғайра) ман-субанд.

Усулҳои нави таҳлили мантиқиро ғайри назардошти чунин усулҳои махсус ба мисли формализатсия ва аксиоматизатсия тасаввур кардан душвор буд.

Ҳаминро бояд қайд намуд, ки ба усулҳои формализатсияю аксиоматизатсия Арасту, Ибни Сино ва Насируддини Тӯсӣ барин мантиқшиносони бузург ибтидо гузоштанд. Масалан, онҳо ҳангоми таҳқиқи қиёс (силлогизмҳо)  бори нахуст тағйирёбандаҳоро истифода бурдаанд. Худи қиёс бошад, яке аз шаклҳои номукаммали низоми аксиоматикӣ ба шумор меравад. Дарки сабаби низоми дедуктивии Арасту аз мантиқшиносони оянда заҳмати зиёдеро талаб кардааст. Собит шудааст, ки мантиқи му-осир маҳз ба туфайли усулҳои дедуксия, формализатсия ва аксиомати-затсия вуҷуд дошта метавонад. Идеяҳои алгебраи мантиқ дар асарҳои мантиқшиносон – У.С. Ҷевонс (1835-1882), А.М. Морган (1806-1871), Ч. С. Пирс (1889-1914), Э. Шр  ёдер (1841- 1902), Г. Фреге (1848-1925) ва дигарон инкишоф ёфта, ҷамъбаст гардидааст.

Дар инкишофи мантиқи рамзӣ, аниқтараш мантиқи риёзӣ саҳми олимони рус П.С. Поретский (1846-1907) ва Е.Л. Бунитский (1874-1952) низ назаррас мебошад.

Аввалин асари бузург доир ба мантиқи рамзӣ – «Рrincipia mathe-matica» мебошад, ки олимони англис Б. Рассел (1872-1970) ва А. Уайтхед (1861-1947)  солҳои 1910-1913 таълиф кардаанд.

Ҳамин тариқ ба фасли мустақили илми мантиқ табдил ёфтани мантиқи рамзӣ ба ибтидои асри ХХ рост меояд Дар натиҷаи истифодаи усулҳои мантиқи рамзӣ барои ҳалли масъалаҳое, ки мантиқи анъанавӣ ба миён гузошта буд, кашфиётҳое ба амал омаданд, ки мантиқро ба зинаи нави инкишоф бардоштанд. Масалан, ба туфайли асарҳои мантиқшиноси немис Д. Гилберт (1862-1943) ҳисоби гуфтор  ва ҳисоби хабарҳо (предикатҳо)  ба амал омаданд, ва қудрати мантиқи муосирро боз ҳам пурзӯр намуданд. Бо вуҷуди ин, мантиқи муосир тамоми масъалаҳои мантиқи анъанавиро нигоҳ доштаааст.

Масъалаҳои умдатарини мантиқи муосир дар асарҳои мантиқши-носон: К. Гедел, С. Клини, А. Тюринг, А. Черч, П.С. Новиков, А.А. Мар-ков, А. Н.

Колмогоров ва дигарон таҳқиқ шудаанд. Мантиқи муосир ба гуногуннавъиаш нигоҳ накарда қонунҳо, шаклҳо ва усулҳои фаъолияти фикриро таҳқиқ менамояд. Азбаски дар зинаи тафаккури таҷридӣ (абстрактӣ) воқеият тавассути забон инъикос мешавад, бинобар ин мантиқ ҳангоми таҳқиқи тафаккур забонро низ таҳлил менамояд, зеро вай олати маърифат аст.

Мантиқи диалектикӣ низ таърихи дуру дароз дорад. Фалсафаи Шарқи қадим ва антиқа аз идеяҳои диалектикии тафаккур бой аст. Аз асрҳои VI-V-и пеш аз милод сар карда, категорияҳои мантиқи диалекти-киро истифода мебурданд. Лекин онҳо мураттаб набуданд. Аз ҳамин са-баб мантиқи диалектикӣ ҳамчун илми мустақил вуҷуд надошт. Барои инкишофи минбаъдаи мантиқи диалектикӣ Афлотун ва Арасту саҳм гу-зоштанд. Баъзе идеяҳои мантиқи диалектикӣ аз тарафи файласуфони ас-римиёнагии Шарқу Ғарб ва файласуфони замони нав баён шудааст.

Дар давраи Нав, мантиқи диалектикӣ шакли классикиашро дар фалсафаи Кант, Фихте, Шеллинг ва махсусан Гегел ба худ гирифтааст. Мантиқи диалектикии Гегел, бо вуҷуди характери идеалистӣ доштанаш, таълимоти мураттаб ва мукаммал мебошад.

К. Маркс, Ф. Энгелс ва В.И. Ленин мантиқи диалетикиро дар заминаи материалистӣ таҳқиқ намуданд. Мантиқи диалектикӣ минбаъд дар асарҳои файласуфони муосир инкишоф ёфтааст.

ҚаблӣМавқеи илми мантиқ дар методологияи маърифати илмӣ
БаъдӣЗабон ҳамчун низоми (системаи) аломатҳо. Мантиқ ва забон