Принсипҳои методологии мантиқи шаклӣ. Принсипхои методологии мантики шакли.
Принсипҳои асосии мантиқи шаклӣ чортоанд: принсипи айният, принсипи адами таноқуз, принсипи истиснои солис ва принсипи асоси кофӣ. Ин усулҳои тафаккури мантиқӣ хусусияти умумӣ дошта, нисбати ҳамаи шаклҳои фикр: мафҳум, қазия, натиҷагирӣ ва амалҳои мантиқӣ амал мекунанд.
Ҳангоми иҷро намудани амалҳои мантиқӣ доир ба мафҳумҳо, ҳукмҳо ва хулосабарориҳо қудрати принсипҳои мантиқи шаклиро мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин рӯ, принсипҳои асосии мантиқи шаклӣ аз қоидаҳои он фарқ дорад. Қоидаҳои мантиқи шаклӣ нисбати ҳамаи шаклҳои тафаккур амал карданашон шарт нест.
Принсипҳои мантиқи шаклӣ инъикоси ҷиҳатҳо, муносибати муайяни ашёи олами моддӣ мебошанд ва дар натиҷаи фаъолияти амалию истеҳсолии одамон мустаҳкам гардида, дар айни замон исботро тақоӣзо намекунанд.
Принсипи айният возеҳии фикрро таъмин менамояд. Ин принсип тақозо менамояд, ки ҳангоми муҳокимаронӣ фикр бояд новобаста ба микдори такроршавиаш мазмуни муайяни худро нигоҳ дорад. Ё агар бо ибораи дигар гӯем: ҳар як мафҳум дорои мазмуни муайяни мушаххас мебошад, пас, ин мафҳум дар доираи муайяни муҳокимаронӣ чанд бор такрор шавад, ҳам, мазмуни худро набояд гум кунад. Агар талаботи принсипи мазкур вайрон шавад, пас фикрҳои айниятдор ҳамчун гуногун ва баръакс, фикрҳои гуногун айниятдор ҳисобида мешаванд. Ин ҳодиса ба хусусиятҳои луғавии мафҳумҳо алоқаманд аст, алалхусус, истифодаи нодурусти синонимҳо, омонимҳо тартиби мантиқии фикр ва возеҳияти онро вайрон мекунад. Масалан, калимаи «натиҷа» се маъно дорад.
- Дар мантиқ қисми қазияи шартист, ки аз асос бармеояд.
- Қазияи аз як ё якчанд қазия барояндаро низ «натиҷа» гӯянд.
- Дар амалияи судӣ калимаи мазкур ҷамъбасти тафтиши ҳолати кори ҷиноиро ифода мекунад.
Калимаи «шаст» низ сермаъност (рақам, синну сол, суръат, чангак ва ғайра).
Принсипи айният ба тариқи зер тасреҳ меёбад: ҳар як фикр ба худи худаш айниятдор мебошад. Дар мантиқ принсипи айниятро тавассути формулаи «р – р», «р=р», «р≡р», «р↔р» ифода мекунанд.
Яке аз шартҳои зарурии тафаккури дуруст риоя намудани талаботи принсипи айният аст. Баъзан истифодаи нодурусти синонимҳо боиси вайрон шудани талаботи принсипи айният мегардад. Дар натиҷа хатоии мантиқӣ рӯй медиҳад, ки онро таъвизи мафҳум меноманд. Масалан, дар Юнони Қадим гурӯҳи одамоне буданд, ки онҳо барои дар баҳсу мунозираҳо ғолиб баромадан бошуурона ва барқасдона принсипҳои мантиқи шаклӣ, аз ҷумла, принсипи айниятро вайрон мекарданд, Ин қабил ода-монро софистҳо меноманд. Як муҳокимаи софистонро аз назар мегузаронем:
Он чизе, ки ту гум накардаӣ, ту дорӣ (ҷавоб: не)
Ту шохҳоятро гум накардаӣ?
(Мусоҳиб ҷавоб медиҳад, ки «гум накардаам»)
Пас маълум мешавад, ки ту шох дорӣ.
Бояд таъкид кард, ки дар ин ҷо бо вуҷуди он, ки муҳокимаронӣ шаклан дуруст мебошад, лекин натиҷа дурӯғ аст. Сабаби ин дар он аст, ки дар хулосабарории мазкур мафҳуми «гум накардаӣ» ба ду маъно кор фармуда шудааст. Дар ҳукми якум мафҳуми «гум накардаӣ» ба он чизҳое дахлдор аст, ки онҳо ба инсон тааллуқ доранд, дар ҳукми дуюм мафҳуми «гум накардаӣ» ба он чизе (яъне шох) дахлдор аст, ки ин чиз ба инсон хос намебошад.
Ҳамин тавр, мувофиқи принсипи айният тафаккури дуруст бояд возеҳ бошад. Возеҳият хосияти ҷудонашавандаи тафаккури мантиқист.
Тафаккури мантиқӣ, агар ашёву зуҳуроти олами обективиро дуруст инъикос намояд, мунтазам ва адами таноқуз мешавад. Мунтазамӣ, хо-сияти зотии тафаккури дуруст мебошад. Вай дар принсипи адами таноқуз ифодаи худро ёфтааст. Ин принсип чунин тасреҳ гардидааст: ду ҳукми зид дар як вақт ҳақ буда наметавонанд, яке аз онҳо ногузир бояд дурӯғ бошад.
Принсипи адами таноқуз бо формулаи ┐(p∧┐p) ифода мешавад ва дар он р – қазияи муайян буда, ┐р – қазияест, ки қазияи р – ро инкор менамояд ва аломати (┐) инкори қазияи мураккаби (p∧┐p)-ро ифода менамояд. Формулаи мазкур бо таври зайл хонда мешавад: дар як вақт қазияи р ва инкори он (┐р) ҳақ буда наметавонанд. Усули адами таноқуз аз ду фикре, ки нисбат ба ягон чиз дар як вақт гуфта шудааст дурӯғ будани яке аз онҳоро собит мекунад.
Маҳорати ошкор намудан ва бартараф кардани зиддиятҳо барои ҳар як инсон аҳамияти зиёд дорад. Ҳангоми муҳокимарониҳо танҳо ри-оя намудани талаботи принсипҳои мантиқи шаклӣ кифоя нест, кас бояд, инчунин, ба принсипҳои диалектикӣ истинод биёрад, зеро мувофиқи онҳо ашё ҳатман дар инкишофу робитаи ҳамдигарӣ омӯхта мешавад.
Барои муайян намудани мавриди амали принсипи адами таноқуз ба қазияҳо ва амал накардани онҳо, мисолҳои зеринро дида мебароем:
- «Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аст» ва «Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нест». Қазияҳои мазкур зиданд, пас мувофиқи принсипи адами таноқуз ин қазияҳо дар як вақт ҳақ намеша-ванд.
- «Раҳимов футболбози хуб аст» ва «Раҳимов футболбози хуб нест». Дар ин ҷо Раҳимов футболбози хуб гуфта, солҳои пеш дар назар дошта шуданаш мумкин аст ва «Раҳимов футболбози хуб аст» гуфта, соли ҷорӣ ба назар гирифта шуданаш мумкин аст. Дар ингуна қазияҳо зиддият ба миён намеояд. Зеро эҳтимол Раҳимов солҳои пеш футболбози хуб набуд, аммо соли ҷорӣ футболбозӣ хуб шуда бошад. Нисбати ҳамин гуна қазияҳо принсипи адами таноқуз амал намекунад. Бинобар ин принсипи мазкур тақозо менамояд, ки фикрҳо ё ҳукмҳои зид дар як нис-бат, дар бораи як ашё, дар як вақт баён шаванд.
Баъзан дар муҳокимарониҳо, пайхас намудани зиддиятҳо душвор аст. Зеро аксаран бо таври пинҳонӣ ҷойгир мешаванд. Масалан, гуфтори машҳури яке аз файласуфи бузурги Юнони Қадим Суқротро аз назар мегузаронем. Ӯ гуфтааст, ки: «Медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам». Дар ин гуфтор ба зиддият роҳ дода шудааст. Дар ҳақиқат, агар ба Суқрот маълум бошад, ки вай ҳеҷ чизро намедонад, пас шубҳае нест, ки ӯ инро (яъне чизи медонистагиашро) ҳам намедонад.
Агар принсипи адами таноқуз аз ду қазияи зид дурӯғ будани яке-ашро исбот кунад, пас принсипи истиснои солис собит менамояд, ки ду ҳукми зид дар як вақт дурӯғ буда наметавонанд, яке аз онҳо ҳатман ҳақ буда ҳолати сеюм истисно аст.
Принсипи адми таноқуз, тақозо менамояд, ки қазия ва инкори вай дар як вақт рад нашавад, яъне ҳукмҳоро тавре аниқ намоем, ки ба са-волҳои алтернативӣ ҷавобгӯ бошанд. Ба ҳамин тариқ, ин принсип муай-янияти сифатии ашёву зуҳуротро собит мекунад.
Принсипи истиснои солис монанди принсипҳои дигари мантиқи шаклӣ, дар фаъолияти амалию назарии одамон, аз ҷумла, кори ҳуқуқши-носону ходимони ҷабҳаи сиёсӣ аҳамияти калон дорад. Аксаран, кас дар кори амалию маърифатии худ диллемаеро доир ба тарзи ҳалли ин ё он масъала аз мадди назар мегузаронад. Дар ин хел ҳолатҳо барои ҷавоби аниқ шахс бояд, вазъиятро муфассал ва ҳаматарафа омӯзад.
Принсипи истиснои солис бо формулаи «p ∨ ┐p» ифода меёбад.
Талаботи дигаре, ки нисбат ба муҳокимаҳо пешниҳод мегардад, асоснокӣ ва далелнокии онҳо мебошанд. Ин талабот аз шартҳои прин-сипи асоси кофӣ бармеояд, ки чунин тасреҳ мешавад: Ҳар як фикри ҳақ бояд асоси кофӣ дошта бошад. Бинобар ин, барои ҳақ донистани ҳар як фикр, ҳукм, назария бояд асоснок шавад. Фикр ё ҳукмеро, ки далел на-дорад, ҳақ ҳисобидан мумкин нест.
Агар ҳақ будани ягон ҳукмро исбот накарда ба он бовар кунем, он гоҳ мегӯянд, ки: «он ҳукми асоснок нашудааст». Ҳукмҳое, ки аз онҳо бо ёрии далелҳо ҳукми дигар бароварда мешавад, ҳукмҳои асосноккунанда номида мешавад. Дар ин ҳолатҳо асос бояд барои гирифтани натиҷаи ҳақ кофӣ бошад.
Агар талаботи принсипи асоси кофӣ риоя нашавад, мегӯянд, ки ҳукми асоснокшаванда бедалел ё беасос аст.
Таҷрибаи тамоми инсоният, ки дар қонунҳо, аксиомаҳо ва нуқтаю принсипҳои илм акс ёфтаанд, низ барои тасдиқи фикрҳо кофианд.
Ҳамин тариқ, ба талаботи принсипҳои мантиқи шаклӣ риоя кар-дан, яке аз шартҳои асосии тафаккури дуруст ва мантиқияти муҳокима мебошад. Дар натиҷаи татбиқи талаботи принсипҳои мазкур фикрҳои мо муайяну возеҳ, мунтазаму пай дар ҳам ва асоснок мегарданд.




















