Мавзӯъ ва мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ

Мавзуъ ва мундаричаи «Ёддоштхо»-и Садриддин Айни иншо эссе реферат.

Садриддин Айнӣ
Садриддин Айнӣ

Мавзӯъ: Мавзӯъ ва мундариҷаи «Ёддоштҳо»-и  Садриддин Айнӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. «Ёддоштҳо» ва қисмҳои он
  2. Мӯҳтавои мавзӯъ ва мундариҷаи асар

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Устод Садриддин Айнй шахсияти барҷастаи фарҳангие мебошад, ки дар қатори симоҳои намоёни тамаддуни умумибашарй эътироф гардидааст. Хизматҳои шоистаи устод Айнй будааст, ки халқи тоҷик ӯро қамчун олим, нависанда ва Қаҳрамони Тоҷикистон ба ҷаҳониён муаррифй намудааст.

Садриддин Айнй ҳамчун сардафтари адабиёти нави тоҷик шогирдони зиёдеро ба монанди Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, М. Турсунзода, Ф Ниёзй, Р. Ҷалил, М. Миршакар, А. Деҳотй, Р. Ҳошим ба воя расонида, дар рушду нумӯи адабиёти муосири тоҷик саҳми босазо гузоштааст. С. Айнй дар ганҷинаи адабиёти умумиҷаҳонй осори зиёде боқй гузоштааст, ки мавриди баҳр>абардории ҷаҳониён қарор гирифтааст.

Ёддоштҳо, ки асари ҷамъбастии устод Айнй маҳсуб мешавад, аз ҳамин қабил асар ба ҳисоб меравад. «Ёддоштҳо» охирин, бузургтарин асари баъдиҷангии нависанда буда, аз чор қисм иборат аст. Қисмати аввали асар ҳамчун огози он дар бораи ҳодисаву воқеаҳои даврони кӯдакии нависанда нақл менамояд.

Бахши аввал бо номи «Дар саҳро» ёд карда мешавад. Қисмҳои боқимондаи асар «Дар шаҳр» ном дорад. С. Айнй кӯшиш намудааст, ки дар бахши дуюми асари худ дар бораи мадрасаҳои Бухоро, барномаи таълимии онҳо, дар бораи аҳвол ва тарзу тариқи омӯзиши шарикдарсони худ маълумоти назаррасе диҳад.

Қисми сеюми асар маълумотҳои мухталифи ҷолиби диққатро дар бораи Шарифҷон Махдум-яке аз маърифатдӯстони он замон, ҳунармандони Бухоро, шиносоии ӯ бо шоир Ҳайратро дар бар мегирад, ки ҷолиб мебошад. Дар қисми чаҳорум фикру андешаҳои худро дар бораи аҳволи муллобачагони пешқадам, дар бораи фикру ақидаҳои пешқадами маорифпарварии Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ иброз намудааст.

Ёддоштнависӣ дар адабиёти мо таърихи дурудароз дошта, аз замонҳои кадим то имрӯз идома дорад. Устод С. Айнй низ чунин анъанаро давом додааст. У аз мазмун ва мундариҷаи асарҳои пешин, ки характери ёддоштӣ доштанд, бохабар будааст. Аз ин рӯ, Садриддин Айнй дар бобҳои охири асари худ аз ҳаёт ва фаъолияти шоирон ва олимони асри XIX- Шарифҷон Маҳдум, Аҳмади Дониш, Ҳайрат ва дигарон маълумотҳои ҷолиб додааст. Дар баробари ин, дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти чанд тан шоирон ва аҳли илму адаб ба монанди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Саидхоҷаи Гулшанӣ, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Қорӣ Абдулкарими Офарин ва Шамсиддин Шоҳин маълумотҳои арзишманд додааст.

Дар охир ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки «Ёддоштҳо» дар ганҷинаи адабиёти халқҳои Машриқзамин дурдонаи бебаҳое ба ҳисоб меравад. Устод Айнй дар асари худ раванди рушду нумӯи инсони комил ва рӯҳу иродаи қавии онҳоро нишон дода, ҷавононро дар рӯҳия ва мафкураи нави замонавй таълим медиҳад. Фикру ақидаҳои инсондӯстй, ватандӯстй, меҳру муҳаббат ба обу хоки ватанро дар ҷисму ҷони насли наврас тарғибу ташвиқ менамояд. Дар таълифи «Ёддоштҳо» асарҳои тарҷумаҳолии нависандагони адабиёти бародари рус низ ҳамчун сарчашмаи адабй мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Асари «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ аҳамияти тарбиявию ахлоқй низ дорад. Ҳамчунин, асари мазкур то имрӯз аҳамияти таърихй ва тарҷумаиҳолии худро аз даст надодааст. «Ёддоштҳо» ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума гардидааст. Ҳамчунин, аҳли илму адабй халқҳои мухталиф дар бораи ин асари бузург асарҳои тадқиқотй-илмй таълиф намудаанд.

ҚаблӣМавзуъ ва мундариҷаи достони «Ҳасани аробакаш» – и Мирзо Турсунзода
БаъдӣПарчами Тоҷикистон (шеъри Низом Қосим)