Шеъри Мехмони “Магриби”-и Мирзо Турсунзода

Шеъри Меҳмони “Мағрибӣ”-и устод Мирзо Турсунзода. Шеъри Мехмони “Магриби”-и Мирзо Турсунзода.


Ҳеҷ шунидӣ гапи садсоларо,
Қиссаи деринаи Банголаро?

Ҳеҷ шунидӣ, ки рухи осмон
Ҷилва кунад лаълисифат дар ҷаҳон?

Ҳеҷ шунидӣ ту, ки дар офтоб
Об чу симоб хӯрад печутоб?

Ҳеҷ шунидӣ ту, ки кӯҳи баланд
Дар сари худ чатр кашад аз паранд?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Об равад таг-таги яхҳои пир
Мисли ҷавоҳир зи дили ҳар адир.

Лолаву себарга ба вақти саҳар
Ҳалқабадӯшанд зи лӯлӯи тар.

Ҳеҷ шунидӣ, ки баланд аз саҳоб
Сайркунон лона гузорад уқоб.

Ин ҳамаро бинӣ ту дар Ҳиндукуш,
Дар сари кӯҳи абадӣ нуқрапӯш.

Ҳеҷ шунидӣ, ки дарахт аз бадан
Бол барорад ба ҳавои чаман.

Нахл дар он ҷо ба сар андохта,
Аз пари товус кулаҳе сохта.

Гашта дар он ҷо ватани ҷонварон —
Бойтарин сайдгаҳе дар ҷаҳон.

Наъраи фил ояду бабру паланг,
Савти хуши булбулакон ранг-ранг.

Ҳаст замини заҳи пур аз мағок,
К-аз нами ӯ мешавад одам ҳалок.

Маймуни посӯхта, думсӯхта,
Кирми чу гавҳар ба шаб афрӯхта.

Ин ҳама дар бешаи Ҳиндустон
Воҳиманоканд ба пиру ҷавон.

Гар биравӣ ту ба тамошои боғ,
Мекунӣ аз бӯи муаттар димоғ.

Ҳеҷ надидӣ ту чунин чормағз,
Ҳеҷ бадин сон ананасҳои нағз.

Гар ба гулаш дидаи худ во кунӣ,
Ёди рухи духтари зебо кунӣ.

Ҳеҷ надидӣ ту чунин оби рӯд,
Мисли хуми нилгарӣ каб-кабуд:

Зарду гулобӣ ҳашароти зиёд
Бинию асло набарорӣ зи ёд.

Ин ҳама дар домани Ганг аст, Ганг,
Қиссаи шӯрафкани Ганг аст, Ганг…

Нақл намоянд, ки аз ғарби тор
Кард сафар бандаи кибру виқор,

Дар бари худ карда либоси сафед,
Ҷой ба дил дода умеди палид.

Қувваи пурҷозибаи ин диёр
Кард дили мардаки ғарбӣ шикор.

Нест ҳудуде ба таманнои ӯ,
Туршии рӯ, бинии болои ӯ.

Дағ-дағаи ӯ зи ҳад афзун бувад,
Аз хиради одамӣ берун бувад.

Дар дили ӯ ҳеҷ надорад асар
Хубии ин мамлакати хокзар.

Қуллаи хушманзараи Ҳиндукуш,
Ҳар камару ҳар дараи Ҳиндукуш.

Абри баланди сари ин кӯҳи пир,
Лаззати парвози уқоби далер…

Меравад аз пайраҳаи кӯчабоғ,
Зинати он боғ накарда суроғ.

Мегузарад аз бари вайронаҳо,
Мадрасаю обидаю хонаҳо,

Мегузарад ӯ нанамуда назар,
Бо ҳаяҷони дилу шавқи басар,

Ишқи гулу нолаи булбул асар
Ҳеҷ надоранд ба ин раҳгузар.

Омаду бар гардани ҳинду нишаст,
Ҳар чӣ ки мехост, гирифт ӯ ба даст.

Пӯсти рӯбоҳу палангон гирифт,
Ҳосили бечораи деҳқон гирифт,

Пахтаю абрешиму гандум гирифт,
Нони даҳони ҳама мардум гирифт,

Шираи ин бойзаминро кашид,
Хуни дили халқи гадоро макид.

Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Ҳеҷ надидӣ ту чунин мақбара,
Қасру биноҳои аҷиби сара,

Гунбази он мадрасаҳои қадим,
Шаъшаъаи обидаҳои азим…

Нақшу нигори дару дарвозаҳо,
Тоҷмаҳал… рафта дар овозаҳо?

Дидаӣ дар зери замин зинаҳо,
Софтар аз чеҳраи оинаҳо?

Меваи ширини ба монанди қанд,
Сояи боғу чамани дилписанд?

Дидаӣ оё ту ба чашмат аён
Мӯъҷизаи кишвари Ҳиндустон?

Ҳеҷ магар дидаӣ дар умри худ
Боғи муаллақ чу гилеми кабуд?

Санъати дар нозукӣ нозуктаре,
Духтаракони ба мисоли парӣ?

Мутриби моҳир зи дили мириданг
Мебарад оҳанги фиғонро ба чанг.

Сохта аз нуқраву зар косаҳо,
Дурру зар овехта раққосаҳо.

Кӯчаю бозор пур аз морбоз,
Фолбину мардуми маймуннавоз,

Дар талаби нон шуда ҷамъе ҳалок,
Хастаю афтода гурӯҳе ба хок.

Дида ман инро ҷигарам пора шуд,
Ашк равон аз бари рухсора шуд.

Ин ҳама дар кӯчаи Калкутта буд,
Шаҳри пур аз ҳарзаву сафсатта буд.

Гарчи сари халқ шуд аз ғам сафед,
Пур бувад аммо дили ӯ аз умед.

Пайкари он гарчи чу хокистар аст,
Лек ниҳон дар дили ӯ ахтар аст.

Гарчи ба ғорат равад ин сарзамин,
Боз дар он ганҷи равонро бубин.

Меҳнати деҳқонписару коргар
Аз ҳама ашёи ҷаҳон муфттар.

Аз чӣ ҷавонон ҳама қоматхаманд?
Аз чӣ надоранд сари худ баланд?

Аз чӣ бувад шаҳр пур аз кӯру ланг?
Аз чӣ сари мардуми мискин гаранг?

Ин магар афсонаи Бангола аст,
Қиссаи бадбахтии садсола аст!..

Мегузарад мағрибии худписанд
Карда сару бинии худро баланд.

Бозикунон чӯб-асоро ба даст
Шому саҳар роҳ равад мисли маст.

Дар сари ӯ нест ба ғайр аз ғурур,
Дар дили ӯ мақсади айшу сурур.

Баҳри чӣ ин мағрибии дилсиёҳ
Карда ҳарисона ба Машриқ нигоҳ?

Бурд дилашро магар ин сарзамин,
Бӯи хуши ин чамани нозанин?

Ё ҳаваси дидани бӯзинаҳо,
Ё ба каф овардани ганҷинаҳо?

Нақл намоянд, ки аз ғарби тор
Кард сафар одами бенангу ор.

Ном баровард ба сангиндилӣ,
Тухми ситам коштану ҷоҳилӣ.

Дар дили ӯ ҳеҷ надорад асар
Нолаю фарёди падар ё писар,

Зинати боғу чамани дилфиреб,
Рӯи гулу савти хуши андалеб,

Қасру биноҳои қадимии ӯ…
Шӯҳрати дерини азимии ӯ…

Бо сари пурфитнаю бо карруфар
Мекунад аз байни халоиқ гузар,

Мекунад ин ғарбии рӯбаҳмиҷоз
Дасти тамаъро сӯи ҳинду дароз.

“Дурри гаронро ба кафи ман бинеҳ,
Зар бидеҳу зар бидеҳу зар бидеҳ”.

Мегузарад дуртар аз издиҳом
Бе назари диққату бе эҳтиром.

Гоҳ намоён шавад ӯ чун сипоҳ,
Гоҳ ба монанди гадоёни роҳ.

Гоҳ чу як гурбаи пояндамуш,
Гоҳ гурезанда чу муши хамӯш.

Ҳар чӣ ки мехост дар ин сарзамин,
Пурра даровард ба зери нигин.

Пӯсти рӯбоҳу палангон гирифт,
Ҳосили сарпанҷаи деҳқон гирифт.

Нуқраву тилло зи дили кон гирифт,
Тоқату ороми фақирон гирифт.

Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Фурсати он аст, ки ин “меҳмон”
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.

Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст
Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набаст.

Сар назад аз мағрибии бекарам
Чизи дигар ғайри ҷафою ситам.

Тир назад мағрибии дилсиёҳ
Ҷуз ба дили халқ дар ин сайдгоҳ.

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд.

Ҳукми вай имрӯз агарчи равост,
Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Мирзо Турсунзода

ҚаблӣВожаҳои суғдӣ дар гуфтори имрӯзиён
БаъдӣШеъри “Руди Ганг”-и Мирзо Турсунзода