Танга дар зери курсӣ (ҳикоя)

Овардаанд, ки рӯзе амири Сомонӣ Абуалиро имтиҳон карданӣ шуд. Ӯ ба пешхизматони худ амр намуд, ки дар зери чор пояи курсии Абуалӣ чор танга гузоранд. Онҳо амри ӯро ба ҷо оварданд. Абуалӣ омада, ба рӯи курсӣ нишаст, руй ба ҷониби осмон кард ва боз ба ҷониби замин нигоҳ карда, аз тааҷҷуб ва ҳайрат сари худро ҷунбонидан гирифт.

Амири Сомонӣ гуфт:

      -Ҳакими замонро чӣ чиз дар тааҷҷуб андохтааст, ки ин қадар мутаҳайиранд?1

Абуалӣ гуфт:

-Ман имрӯз чунин дармеёбам, ки тахти ман ба миқдори пушти корде баланд гашта ё худ осмон ҳамон миқдор ба замин наздик шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амири Сомонӣ ва аркони давлаташ бар камоли ҳис ва эҳсосоти ӯ таҳсин ва офарин намуданд.


Танга дар зери курси (хикоя), хикояхои Абуали ибни Сино, хикояхои точики.

ҚаблӣМаълумоти умумӣ дар бораи вазни арӯз
БаъдӣМор ва косаи шир

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед