Мавзӯи 14. Тарбияи иқтисодӣ мактабиён

Тарбияи иктисоди мактабиён


Аз замин нонрезаҳоро чида мемолам ба чашм,
Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм.
М. Турсунзода.

Шуури иқтисодӣ – қисми муҳими ҷаҳонбинии илмӣ аст. Ин намуди тарбия ҳам дар оила айёми кӯдакии бармаҳал оғоз меёбад. Агар кӯдак нисбати иқтисодиёт шуурона тарбия наёбад, ба хонадон ва ҷомеа аз ҷиҳати моддӣ зарари калон меорад. Чунончи, нонро қадр накарда, як газида партофтан, ба қадри бозичаҳо, сару либос нарасидан, чароғҳои электрики сутунҳои хиёбону гулгаштҳо, шишаҳои тирезаҳои қатораҳоро нишон гирифта задан, чарм ва рӯкашҳои нишастгоҳҳои курсии автобусу троллейбусҳоро буридан, партаю курсиҳои мактабро ҳаста кардан ғайраву ва ғайраҳо. Ҳамаи ин аз нодонии иқтисодӣ ва ғайришуурона рафторкунии онҳо сар мезанад. Чунин ғайриоқилона рафторкунии кӯдакон, ки ба хонадонҳо ва ҷомеа хеле гаронӣ меорад, аз беэътиборӣ ва ё камэътибордиҳии калонсолон, дар мактаб бошад камэътибордиҳии муаллимон рух медиҳад.

Дар мактаб, бахусус дар синфҳои ибтидоӣ, ҳар фанни таълимиро ба ин масъала гиро намудан пурра имконият дода шудааст. Дар мактаби ибтидоӣ тибқи фанҳои хониш, санъати миллӣ ва меҳнат, забони модарӣ, табиатшиносӣ ва ғайра нисбати тарбияи иқтисодӣ бештар дахолат намудан мумкин аст.

 Шуури иқтисодӣ фаҳмиши ҳаёти иқтисодии ҷомеаро таъмин намуда, ҳар кормандро ба иштирокчии фаъоли раванди истеҳсолот табдил мегардонад. Дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ, такмили муносибати истеҳсолӣ, ташаккули шуури иқтисодии авлоди кишвар инро объективона тақозо мекунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Шуури иқтисодӣ донишҳои асосии қонуни инкишофи иқтисодии бозоргонӣ, самарабахш баланд бардоштани истеҳсолот, азнавсозии сохти он, такомулоти муносибати истеҳсолӣ, системаи идоракунӣ ва методҳои хоҷагидориро фаро мегирад. Қисми муҳими он қобилияти тафаккури иқтисодӣ, ҷустуҷӯи эҷодии баландбардории истеҳсолоти меҳнат, ноилгардӣ ба сифати натиҷаҳои баланд бо сарфи меҳнати кам мебошад. Тафаккури иқтисодӣ фикр кардани ҳодисаҳои ҳаёти иқтисодӣ бо назардошти ба ҳисоб гирифтани комёбиҳои илм ва техникаро мепарварад. Он иқтисодро ҳамчун ҳодисаи яклухт мепиндорад, зеро муфидии он аз муфидӣ ва иқтидори кори ҳар кадом звенои хоҷагии халқ вобастагӣ дорад. Шуури иқтисодӣ бо чунин ҳисси иҷтимоӣ, монанди коллективизм, ҳисси соҳибии ҷамъиятӣ, масъулиятҳискунӣ барои нигаҳдорӣ ва афзоиши он, ҳисси иҷтимоии адолатхоҳӣ, ӯҳдадории иҷтимоӣ ва интизом ҳамкорӣ дорад.

 Шуури иқтисодӣ як қатор вазифаҳои ҷамъиятиро иҷро мекунад.

Вазифаи маърифатнокии он аз системанок паҳн кардани донишҳои иқтисодӣ иборат аст, бояд ҳар шахси меҳнатӣ фаъоляити меҳнатии худро фаҳмад, дараҷаи фоидаоварии иқтисодии онро дарк кунад. Мактаббачагон ҳақиқати иқтисодиёт, ки дар заминаи илму технакаи ҳозиразамон инкишоф меёбад, фаҳмида мегиранд, бояд он тамоман даромаднок ва фоидаовар бошад.

Вазифаи инкишофёбии шуури иқтисодӣ аз ташаккули тафаккури иқтисодӣ иборат аст. Иштирокчии доираи ҳаёти иқтисодӣ – иҷтимоӣ фаъолияти худро дар микёси истеҳсолии мушаххас ва тамоми системаи хоҷагии халқ дарк мекунад. Вай нафақат иҷрокунанда, балки такмилдиҳандаи ғайрат, дар амал иҷрокунандаи хаёлоту орзуи хеш мегардад. Ҳамаи ин эҷодиёти шахсиятро инкишоф медиҳад.

Вазифаи тарбиявии шуурнокии иқтисодӣ ба ташаккули маҳорати гуногуни хоҷагидорӣ, сарфакорӣ, бовиҷдонӣ, муносибати дуруст кардан ба меҳнат, риоя намудани талабгон ба интизоми меҳнат, технология ва нақшаи корӣ равона карда мешавад.

Вазифаи ташкилкунии шуурнокии иқтисодӣ вобаста ба ташкили илмии меҳнат марбут аст. меҳнати ташкилкардашуда эстетикаи меҳнатро тавлид мекунад.

Вазифаи эстетикии шуурнокии иқтисодӣ ба инкишофи фаҳмиши фаъолияти ҳар коргари истеҳсолот моҳияти эстетикии гуногун дорад. Ҳосили меҳнат бояд талаботи истеҳсолкунанда ҷавоб диҳад, дар акси ҳол иқтисоди истеҳсолкунанда зарар мебинад.

Вазифаи пешбиникунии шуурнокии иқтисодӣ дар банақшагирии қувваҳои ҷойгиршудаи истеҳсолӣ, пешбинии рушди меҳнати истеҳсолӣ, талабот ба кадрҳо, навкунии технология, истеҳсоли маводи нав бо талаботи пешакии мӯдҳо дида мешавад. Ҳар як коргар дар фаъолияти истеҳсолии худ дигаргуниҳо ва баландбардории касбӣ азхуд кардани ихтисосҳои наздик, барпо намудани шакл ва методҳои нави ташкили меҳнатиро пешбинӣ мекунад.

Вазифаҳои шуурнокии иқтисодӣ натиҷаҳои тарбияи иқтисодии талабагонро таъмин мекунад. Он онҳоро ба муносибаткунии истеҳсолот майл медиҳад, нисбати намудҳои гуногуни иҷтимоӣ ва ғайрирасмии шахсӣ, бригадӣ, аренда, пудрати оилавӣ ва фаъолияти меҳнати фардӣ, оиди нақша, режими иқтисодӣ, даромаднокӣ, меҳнати истеҳсолӣ, арзиши аслӣ, интизоми меҳнатӣ ва истеҳсолӣ, сифати маҳсулот, маош, ҳисобу китоби хоҷагӣ таъсир мебахшад.

 Тарбияи иқтисодӣ – ин фаъолияти педагогии ташкилкардашуда, системаи махсуси фикркардашудаи кор, ки ба ташаккули шуурнокии иқтисодии хонандагон равона карда шудааст. Дар рафти иҷрои он талабагон маҷмӯи мафҳумот ва тасаввуротҳои ташкилӣ ва таъсирбахшии иқтисодиёт, инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, механизми амалкунандаи хӯҷаиниро мемӯзанд. Тарбияи иқтисодӣ инкишофи тафаккури иқтисодӣ, ташаккули ахлоқӣ ва сифати корӣ, ки дар фаъолияти иқтисодӣ, фаъолияти умумӣ, ӯҳдабароӣ, ташаббускорӣ, хоҷагидорӣ, эҳтиёткорӣ, муносибати покдилӣ нисбати сарвати умумӣ – халқӣ, ратсионализаторӣ, ҷавобгарӣ, кӯшиш ба даромаднокии баланд, навкунии раванди технологӣ ва таҷҳизот, сифати баланди маҳсулот, омади кор ва беҳбудии шахсиро таъмин мекунад.

 Тарбияи иқтисодӣ дар мактаб тавассути ҳамаи фанҳои асосӣ дода мешавад. Силсилаи фанҳои ҷамъиятӣ азхудкунии мафҳумоти асосии иқтисодиётро таъмин мекунанд. Толибилмон оиди базиси иқтисодӣ ҳамчун маҷмӯи муносибати истеҳсолӣ, оиди қувваҳои истеҳсолӣ ва ҷойгиршавии онҳо, нисбати системаҳои гуногуни иқтисодиёт, ки дар ин ё он шакли хусусӣ ва воситаҳои тақсимоти маводро фаҳмида мегиранд.

Фанҳои табиатшиносӣ ҳам нисбати он ҳисса мегузоранд. Дар дарсҳои риёзӣ талабагон супоришҳои мазмуни иқтисодидоштаро ҳал мекунанд. Дарсҳои физика, биология, кимиё дар истеҳсолот истифодабарии дастовардҳои илму техникаро ба талабагон намоиш медиҳанд, рӣ бо ин роҳ вазифаҳои мӯлҳосилии истеҳсолот, инкишофи меҳнати истеҳсолиро таъмин мегардонанд. Информатика ва техникаи омор, таъмини саводнокии компютер бемайлон вобастагӣ доранд.

Дар меҳнати истеҳсолӣ наврасон, ҷавонон ва духтарон бо проблемаҳои иқтисодии ташкили меҳнат, банақшагирӣ, риоя кардани талаботи технологӣ, сифати маҳсулот, беҳбудии истеҳсолот, навкунии он шинос карда мешаванд. Дар тарбияи меҳнатии талабагон омӯзиши махсуси масъалаҳои асосии инкишофи иқтисодии кишвар аҳамияти калон дорад. Дар фаъоляти муаллимони синфҳои ибтидоӣ ва роҳбарони синфҳои болоӣ тарбияи иқтисодӣ таҳти иштироки талабагон дар корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ, сохтмони ҳар гуна бозичаҳои хушсифат барои кӯдакистон, таъмири китобҳо, парвариши ниҳолҳо, ҷамъоварии гиёҳҳои дурувор, оҳанпора, қоғазҳо, муҳофизати боигариҳои ҷамъиятӣ, сарфакорӣ пардохта мешавад.

Кӯдакон бешазор, дарё, кӯл, ускунаҳои мактабро эҳтиёт мекунанд, ба колхозу совхозҳо дар ғунучини ҳосил ёрӣ мерасонанд, ба корҳои бригадаи истеҳсолӣ, отрядҳои сохтмон иштирок менамоянд. Ин фаъолияти онҳо бояд дақиқ ташкил карда шавад, то ки натиҷаҳои дилхоҳ диҳанд, музди меҳнаташон дода шавад. Сифати пасти меҳнати истеҳсолӣ аз бесарусомонӣ ва бемуздӣ сар мезанад ва ба рафтори шууронагии онҳо рахна меорад.

 Дар қатори фаъолияти амалии талабагон бо проблемаҳои мушаххаси иқтисодӣ васеъ муаррифӣ кардани онҳо зарур аст.

Дар системаи тарбияи иқтисодии талабагон экскурсияҳои истеҳсолӣ, вохӯриҳо бо роҳбарони идораҳои намунавӣ ва хоҷагиҳо, пешқадамони истеҳсолот, бо вакилони бригадаҳои арендӣ, пудрати оилавӣ аҳамияти тарбиявии калон дорад. Мазмуни ин шаклҳои тарбияи иқтисодӣ дақиқ ба нақша гирифта мешавад. Ҳамаи ин ба касбогоҳии хонандагон мувофиқат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар мактаб ба тарбияи иқтисодӣ бепарвоӣ кардан дастпарваронро ба бесаводии иқтисодӣ, дуруст интихоб карда натавонистани касб меорад.

Албатта, саҳву камбудиҳои тарбияи иқтисодӣ ба сабабҳои объективию субъективӣ низ вобастагӣ дорад. Аз як тараф гузаштан ба иқтисоди бозоргонӣ, татбиқ кардани технологияи нав ва методҳои хоҷагидорӣ, аз тарафи дигар, тарбияи иқтисодии кӯдакон, вобастагии онҳо бо омӯзиши меҳнати истеҳсолӣ, агар иҷрошаванда бошад, онгоҳ, ҳамчун қоида, ба дараҷаи содда, дар кандашавӣ аз якҷоягии истеҳсолот, шаклҳои ташкили меҳнат, муносибатҳои истеҳсолӣ дида мешавад. Ин, албатта, дараҷаи тайёрии хонандагонро ба ҳаёт, ба меҳнати истеҳсолӣ паст мекунад, ба иқтисодиёт зарар мерасонад.

Механизм, воситаҳо ва роҳҳои тарбияи иқтисодии мактаббачагон гуногунанд. Мундариҷаи шуурнокии иқтисодиёти оммавӣ ба талабагон дар натиҷаи фаъолияти дарки онҳо дастрас мегардад. Дар раванди таълим дар назди мактабиён гузориши масъалаҳои хусусияти иқтисодидошта, инчунин гузаронидани дарсҳои ҷамъиятшиносӣ, таърихӣ, риёзӣ, физикӣ, кимиёӣ, ҷуғрофӣ, биологӣ низ аҳамияти калон дорад. Механизми асосии тарбияи иқтисодии талабагон фаъолияти иқтисодии бевосита ба онҳо дастрас ҳисоб меёбад. Меҳнати фоиданоки ҷаъиятӣ ва истеҳсолии хонандагон ташкили муфидонаи иқтисодии зайлро талаб мекунад: банақшагирӣ, мувофиқонидани меҳнат, механизатсияи он, баҳисобгирии фоида ва натиҷадиҳии он аст. Ҷалб кардани кӯдакон ба фаъолияти иқтисодӣ ва таҳлили хусусиятҳои меҳнатии онҳо, таҷрибаи шахсии онон фаҳмиши масъалаҳои иқтисодиро ба миён меорад, сифати ахлоқӣ ва эътиқоди ҷаҳонбинии иқтисодиро ташаккул медиҳад. Тарбияи иқтисодӣ низ дар раванди муносибати иқтисодӣ ҳалли худро меёбад. Онҳо ҳамроҳи волидайн ба буҷети оилавӣ, ба ашёҳои шахсӣ эҳтиёткорӣ зоҳир мекунанд. Дар меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ онҳо ба ҳамдигар, бо иштироки калонсолони истеҳсолот, бо олоти меҳнатӣ, мебелҳо, инвентарҳо дуруст муносибат мекунанд.

 Ҳамин тавр, дарки иқтисодӣ, фаъолият ва муносибат – он механизмҳои шуурнокии иқтисодии талабагонро ташаккул медиҳад. Меъёри таъсирбахшии кори тарбияи иқтисодӣ бо талабагон аз инҳо иборат аст:

  • донистани мафҳумоти иқтисодӣ ва ғояҳои барандагии қатъии ислоҳоти иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ;
  • наздик шуда тавонистан бо андозаи иқтисодии масъалҳои ташкили меҳнат;
  • муносибати сарфакорӣ ба моликияти шахсӣ ва ҷамъиятӣ;
  • донистани вазифаи ахлоқӣ – меҳнатӣ ва масъулият дар назди ҷамъият барои вазъият ва инкишофи хоҷагии халқ.

Санҷиши контролӣ

  1. Дар бораи вазифаҳои тарбияи иқтисоди маълумот диҳед?
  2. Мақоми оила дар тарбияи иқтисодии фарзандон
  3. Дар бораи ҳамкории мактабу оила дар тарбияи иқтисодии мактабиён маълумот диҳед?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
  • Раҳимов Х. Нуров А. Педагогика. Душанбе, 2000.
  • Юнусов Й. Педагогика.- Душанбе 2005.
  • Беляков С.А. Лексияҳо оид ба иқтисоди маориф. Душанбе 2004.
ҚаблӣГрафикаи векторӣ
БаъдӣМавзӯи 15. Тарбияи экологии хонандагон