Давлатхои Хиндустон. Давлати Магад. Давлати Нанд. Империяи Мавр. Чумхурихои Хиндустон.
Дар таърихи Ҳиндустони қадим яке аз давраҳои муҳимтарин оғоз меёбад. Давлатчаҳои сершумори он ба давлати марказиятноки ягона муттаҳид мешаванд. Он давраи Магаду Маврҳо ном дошта, қариб 4 аср давом кардааст.
ДАВЛАТИ МАГАД
Асосгузори сулолаи Харякҳо Бамбисар дар нимаи дуюми асри VI – аввали асри V пеш аз милод давлати Унуро ба давлати худ муттаҳид кард. Дар давраи ҳукмронии писари Бамбисар Аҷаташатра давлати Магад ба давлати неруманди водии дарёи Ганг табдил меёбад. Ба Аҷаташатра лозим омад, ки бар зидди давлати Личхан мубориза барад. Аҷаташатра оқибат бар он ғолиб мебарояд. Баъди ин навбат ба давлати дигари пурзӯр Авантӣ мерасад, ки дар Ҳиндустони Ғарбӣ воқеъ буд ва онро ҳам мағлуб намуда, ба мамлакати худ ҳамроҳ мекунад. Барои мустаҳкам кардани иқтидори давлати Магад писари Аҷаташатра Удаин (солҳои ҳукмрониаш 461 – 445 пеш аз милод), ки шоҳи навбатии ин сулола буд, пойтахти давлатро аз Раҷагриҳа ба Паталипутра кӯчонд. Ин шаҳр дар оянда ба маркази калонтарини Ҳиндустони қадим табдил ёфт.
ДАВЛАТИ НАНД
Дар давраи лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ дар Паталипутра солҳои 345 – 317 сулолаи Нанд ҳукмронӣ мекард. Дар рафти лашкаркашӣ Искандари Мақдунӣ ба давлати Нанд ҳам ҳуҷум карданӣ мешавад. Дар ин вақт дар Нанд шоҳ Аграмас ҳукмронӣ мекард. Ҳокимони маҳаллие, ки мухолифони Нандҳо буданд, ба Искандар дар бораи қувваҳои ҳарбии он давлат хабар мерасонанд. Искандар аз ҳамин сабаб бе талафоти калон давлати Нандро забт мекунад, вале дар он ҷо намемонад.
Аграмас ҳукмрониашро дар Нанд давом медиҳад. Нандҳо лашкари пурзӯри дорои қариб 200 ҳазор пиёдааскар, 20 ҳазор савора, 2 ҳазор аскари савори аробаи ҷангӣ ва 3 – 4 ҳазор фили ҷангӣ ташкил карда буданд. Чунин лашкарро таъмин кардан кори осон набуд. Барои ҳамин Нандҳо ба халқ андозҳои вазнин бор карда, дар айни замон бар зидди ҳокимони маҳаллии саркаш мубориза мебурданд ва онҳоро мағлуб карда, ба итоати худ медароранд. Ин кор барои ба вуҷуд омадани давлати нави марказиятноки ҳиндӣ – Мавр замина мегузорад.

ИМПЕРИЯИ МАВР
Шоҳи аввалини сулолаи Мавр Чандра Гупта (с. 321–297 п.а.м.) буд. Дар бораи давраи ҷавонии ӯ сарчашмаҳои буддоӣ нақл мекунанд. Гӯё ки Чандра Гупта ҳангоми таҳсил бо устоди мушовири ояндаи худ – Чанак вомехӯрад. Чандра Гупта ҳамроҳи Чанак нақшаи соҳиб шудани тоҷу тахти Нандҳоро мекашад ва бо ёрии ӯ онро амалӣ мекунад.
Муборизаи Чандра Гупта бар зидди Нандҳо дуру дароз ва ниҳоят мушкил буд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда зиёда аз 1 миллион ҷанговар, 10 ҳазор фил, 100 ҳазор асп ва 5 ҳазор аробаи ҷангӣ талаф шуд. Оқибат Чандра Гупта ба тахти подшоҳии давлати Мавр менишинад. Ӯ ин корро барвақттар карда метавонист, вале Искандари Мақдунӣ, ки ба Ҳиндустон ҳамла карда буд, халал расонд. Чандра Гупта бар империяи Мавр ҳукмрон буд ва барои мустаҳкам кардани ин давлат ҷидду ҷаҳди бисёре кардааст. Баъд аз сари Чандра Гупта ҳокимият ба писари ӯ Биндусар мегузарад, ки ӯ солҳои 297 – 272 ҳукмронӣ кардааст. Дар давраи салтанати Биндусар давлат ноором буд. Дар он шӯришҳо cap зада, ҳокимияти шоҳро суст мекарданд. Баъд аз вафоти Биндусар дар байни писарони ӯ барои тоҷу тахти давлатӣ талошҳо cap шуд. Оқибат дар Паталипутра соли 272 пеш аз милод ба ҳокимият Ашок соҳиб мешавад. Салтанати ӯ дар империяи Мавр то соли
232 пеш аз милод давом мекунад. Дар давраи ҳукмронии Ашок (272 – 232 п.а.м.) давлати Мавр ба дараҷаи баландтарини рушди худ мерасад. Ба Ашок лозим омад, ки ба давлати пурқуввати Калинга, ки дар соҳилҳои халиҷи Бангола воқеъ буд, ҷанг кунад. Дар ин ҷанг Ашок 150 ҳазор ҷанговари душманро асир гирифта, 100 ҳазори дигарро мекушад. Калинга ба давлати Мавр ҳамроҳ карда шуд. Бо ин Маврҳо роҳи муҳимтарини обиро ба даст дароварданд. Ашок дар давлатдорӣ маҳорати баланд дошт. Ӯ бо шоҳҳои давлатҳои бисёре, масалан, бо шоҳи Селевкиён Антиох, ҳокими Миср Птолемей, шоҳи Македония Антигон Гонат ва дигарон муносибатҳои дӯстона барқарор кард. Сафирони Ашок ба давлатҳои зиёди дуру наздик сафар карда, супоришҳои подшоҳро иҷро мекарданд.
Давлати Мавр соли 206 пеш аз милод аз тарафи шоҳи Селевкиён Антиохи Кабир мавҷудияташро аз даст додааст.
ҶУМҲУРИҲОИ ҲИНДУСТОН
Дар давраи Магаду Мавр давлатҳои ҷумҳуриявие, ки дар сарчашмаҳои қадимаи Ҳиндустон бо истилоҳи «гана» ва «сингха» ишора шудаанд, мавҷуд буданд. «Ганаҳо» ва «сингхаҳо» дар идоракунии давлат мақоми калон доштанд. Дар сарчашмаҳои қадима якчанд навъи давлатҳои ҷумҳуриявии Ҳиндустон ном бурда мешавад.
Дар сарчашмаҳои хаттии буддоӣ ду хел давлат нишон дода шудааст: мутлақият дар зери ҳокимияти шоҳ ва мамлакатҳое, ки ба воситаи «ганаҳо» ё худ «сингхаҳо» идора карда мешаванд. Ганаҳо ва сингхаҳои рушдкардаи давраи Маврҳо давлатҳое буданд, ки дар онҳо ҳокимияти ягонаву мутлақи шоҳ вуҷуд надошт, яъне онҳо ҷумҳурӣ буданд. Дар чунин давлатҳо ҳокимияти шоҳӣ меросӣ набуд. Сардори давлат интихоб ва ё аз тарафи «гана» ё «сингҳа»-ҳо таъйин карда мешуд. Барои интихоб ва ё таъйин шудан ба вазифаи шоҳӣ меъёри асосӣ хизматҳои номзад буд. «Гана» ё «сингха» дар сурати зарурӣ метавонист шоҳро аз вазифааш озод кунад.
Иҷрои қарорҳои қабулкардаи ганаҳо ва сингхаҳо аз тарафи ҳама ҳатмӣ буд. Ба онҳое, ки қарорҳои гана ё сингхаро иҷро намекарданд, ҷаримаи калон мебастанд. Баъзан дар ҳаққи гунаҳгор ҳукми қатл содир мешуд. Мансабдорони давлатиро ҳам гана ва сингха таъйин мекард. Бинобар ин, онҳо намояндаи гана ва сингха ҳисобида мешуданд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Дар бораи пайдоиш ва рушди давлати Магад нақл кунед.
- Давлати Нанд дар Ҳиндустон кай ва чӣ тавр ташкил шудааст?
- Сулолаи Нандҳо дар Ҳиндустони қадим кай ҳукмронӣ кардааст?
- Империям Маврҳо кай ва чӣ тавр ташкил ёфтааст?
- Чандра Гупта чӣ тавр ба тахти подшоҳии Мавр менишинад?
- Дар бораи шоҳ Ашок нақл кунед.
- Империяи Маврҳо чӣ тавр барҳам хӯрд?
- Ҷумҳуриҳои Ҳиндустони қадимро номбар кунед. Онҳо чӣ тавр идора карда мешуданд?