Омӯзиши забони англисӣ — Дуруду паём

Мавод дар заминаи барномаи «Забондон» омода шудааст. Барои дарёфи бештар ба барномаи «Забондон» ворид шавед.


Дар забони англисӣ паём ба шахси расмие, ки аз вохӯрдӣ оғоз мегардад, чунин аст:

Ассалому алайкум. Шумо котиби мудир? Насаби ман Раҳимов. Ба ман соати 11 вохурӣ таъин карда шудааст. Good morning. (You are the secretary?) My name is/I am Rahimov. I have an appointment for 11 a.m.

Аниқаш савол барзиёд аст, дар Британия ва Америка дар қабулгоҳи мудири ширкат, корхона ва ғайра котиба ҳамеша ҳаст. Вале агар савол додан хатмӣ бошад, хубтар мешуд, ки саволҳои дар боло зикршударо дар шакли ҷумлаи хабарӣ ва бо овози каме тасдиқкунанда  ва саволӣ дода шавад.


Ибораҳои навбатӣ дар нутқи гуфтугӯии забони англисӣ бо истифодаи вақт (субҳ, рӯзона, бегоҳӣ) маҳдуд карда шудаанд. Дар ҳолате, ки агар вохӯрӣ рӯзона ба вуқӯъ пайваст – аз нисфирӯзӣ то ғуруби офтоб – паёми Good afternoon! бештар дуруст аст ва агар аз субҳ то нисфи рӯз бошад Good morning гуфта мешавад:

Ассалому алайкум Good morning! Good afternoon!
Good evening! How do you do?

Айни замон How do you do?-ро ба сифати паём танҳо дар байни калонсолон метавонед шунид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Салом Hello/Hallo/Hullo!
Hi!
Morning! Afternoon!
Evening!
Рӯз ба хайр! Good day!

Паёмҳои услуби гуфтугӯи махсусан барои одамони бо якдигар наздике, ки озодона муносибат мекунанд, истифода мешавад:

Салом! Hi!
Hello! Hello there! Hello everybody!
Morning! Top o’ the morning!
Afternoon! Evening!
Good morning. (You are the secretary.) My name is/I am Snegiryeff. I have an appointment for 11 a.m.
Нағз мӣ! Hi! Hey!
Hello!
How’s Tricks?
Howdy! H’arya!

Паёмҳои услуби китобӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:

Дуруд бар шумо! Welcome!
Иҷозат диҳед Шуморо пешвоз гирам! Allow you to welcome you.
Шодам, ки шуморо пешвоз мегирам! I’m happy to welcome you.
Ман Шуморо аз номи … хуш омадед мегӯям!. Allow me to welcome you/greet you on behalf of…
I am happy to welcome/greet you on behalf of…
Хуш омадед! Welcome!
Салому эҳтироми маро (моро) қабул фармоед! Good morning/afternoon. (паём)
Goodbye. (дар ҳолати худоҳофизӣ)

Дар забони англисӣ ҳаммаънои аниқи паёми “Салому эҳтироми маро (моро) қабул фармоед” нест. Аммо дар ҳолати худоҳофизӣ намудан одамони калонсолон аз рӯи одат  ” Эҳтироми маро (моро) ба завҷаатон расонед”  гӯён миннатдорӣ баён мекунанд, ки ин ба забони англисӣ чунин тарҷума мешавад: My compliments to your wife. Please give my respects to your wife.


Манбаъ: «Одоби муошират», Муҳиддинова Т. Ҳ., Душанбе — 2014.


Матлаби пешин: «Тарзҳои ҷавобдиҳӣ ҳангоми шиносоӣ».

Матлаби баъдӣ: «Изҳори меҳрубонӣ ва пурсиши аҳвол».

Рӯйхати пурраи дарсҳо.

ҚаблӣМетодҳои тадқиқоти илмии педагогика
БаъдӣҚонунияти умумии инкишоф

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед