Мавзӯи педагогика ва масъалаҳои асосии тадқиқоти он

Ҳар фан мавзӯи тадқиқотии худро дорад. Аз ҷумла фанни педагогика низ. Мавзӯи онро тарбия, яъне чӣ тавр ба меҳнат омода кардани насли наврас ташкил медиҳад. Аммо инкишо­фи назарии педагогика чунин муайянкунии мавзӯи тадқиқоти фанни мазкурро маҳдуд ва сатҳӣ мешуморад. Сустии муайян­кунии мавзӯи тадқиқотии педагогика дар он аст, ки чизи асосӣ – дар кадом асоси педагогика назария ва методикаи тарбияро кор карда мебарояд, муайян намекунад. Мавзӯи тадқиқоти педагогика аз он робитаҳои қонуние, ки байни инкишофи шахсият ва тарбия вуҷуд доранд ва дар ҳамин асос масъалаҳои назарӣ ва фаъолияти тарбиявӣ кор карда мешаванд, иборат аст. Равшантар карда гуем, мавзӯи тадқиқоти педагогика моҳияти инкишоф ва ташаккули шахсияти инсон ва дар ҳамин асос муайян кардани наза­рия ва методикаи тарбия ҳамчун раванди муташаккилонаи махсуси педагогӣ мебошад.

Чунин саҳеҳӣ нисбати мавзӯи педагогика ҳам барои муҳаққиқ, ҳам барои муаллим ва ҳам оид ба ҳамаҷониба сарфаҳмравии раванди инкишофи шахсият, инчунин робитаи тарбия мушаххас муайян мегардад.

Ҳамин тавр, мавзӯи педагогика на фаъолияти маълумот, таълим, тарбия, балки равонакунии таъсиррасонӣ ба инки­шоф ва ташаккулдиҳии шахсият ҳангоми таълим, маълумот ва тарбия мебошад.

Дар инкишофи шахсият, пеш аз ҳама, беҳтар ба ҳолати рӯҳии шахс эътибор дода мешавад. Зеро ташаккули олами ботинии шахс ба рафтору муносибати вай вобаста аст. Агар таъсирбахшии тарбия, чунончи, омӯзиши хониш ба шахсият таъсири мусбӣ расонад, ба вай завқу шавқ бедор мекунад, пеш меравад. Ва агар баръакс ин таъсирбахшии тарбия таъсири манфӣ расонад, вай ба ин эътибор намедиҳад, бинобар ин, бояд аз роҳи таъсиррасонӣ истифода намуд. Коркарди ин ғояро инкишофи назарияи педагогика ва методикаи тарбия пеш меронад.

Дар мавриди коркарди назария ва методикаи тарбия пе­дагогика амиқии механизм, инкишофи шахсият, раванди махсус ташкилкардашудаи тарбияро, ки аз зарурияту талаботи ҷомеа ба миён меояд, бояд омӯзад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ин имконияти баҳисобгирии масъалаҳои умдаи назарӣ ва тадқиқотиеро медиҳад, ки фанни педагогика бо онҳо сарукор дорад. Ба ин масъалаҳои зайл шомил мешаванд:

  1. Омӯхтани моҳият ва қонуниятҳои инкишоф ва ташаккули шахсият дар шароитҳои махсус ва ташкилкардашудаи тарбия;
  2. Муайян кардани мақсади табия;
  3. Кор кардани мазмуни тарбия;
  4. Тадқиқи методҳои тарбия.

Мавзӯи асосӣ

Фан ва вазифаҳои педагогика


Мавзуи педагогика ва масъалахои асосии тадкикоти он, реферат, кори курси

ҚаблӣМафҳумҳои асосии педагогика
БаъдӣСоҳаҳои илми педагогика ва алоқаи он бо илмҳои дигар