Шеър дар васфи Навруз – бахор барои духтарон

Шеъри хубе дар васфи навруз ва бахор барои зан ва духтарон тавсия дода мешавад.

МУЖДАИ СОЛИ НАКӮ

Табли шодӣ мезанӣ, эй дил дар оғӯши баҳор,
Ҳамчу хуршеде дурахшам дар миёни лолазор.

Шеър бар лаб, мисли булбул, месароям рози дил,
Чун ба гӯши корвоне мерасонам беқарор.

Майдабофӣ кардаам мӯйҳои худро бо ҳавас,
Бар танам атлас равонам базми Наврӯзи диёр.

Мутмаинам ёри ман ҳам, мебиёяд диданам,
Чун сафои субҳи равшан, фориғ аз гарду ғубор.

Хуш расидӣ ҷашни Наврӯз! муждаи соли накӯ,
Аз ҳузурат дарду ғамҳо, мекунад аз дил фирор.

Рӯъё

 Инчунин хонед:

ҚаблӣНавруз – иди баҳор
БаъдӣИди Навруз дар Тоҷикистон