Моҳичаи тиллоӣ (ҳикоя)

Моҳии заррин (Қиссаи мардуми Ҳиндустон)

Дар соҳили дарёи бузурге дар кулбаи куҳнаву фарсудае пиру кампире зиндагӣ мекарданд. Онҳо ниҳоят қашшоқона умр ба сар мебурданд. Пирамард ҳар рӯз барои моҳигирӣ мерафт. Кампир моҳӣ мепухт. Онҳо ҳамин тавр рӯз мегузаронданд.

Боре пирамард тӯри худро аз об кашиданӣ шуда ҳис кард, ки тӯр хеле вазнин аст. Бо тамоми қувват тӯрро кашида, ба соҳил баровард. Дар тӯр моҳии калони заррин медурахшид. Моҳии заррин ба забон омада, гуфт:

–Маро накуш, пирамард, ба хонаат набар. Маро ба дарё сар деҳ ва ҳар чизеро ки хоҳӣ, аз ман талаб намо.

–Аз ту чӣ талаб кунам, Моҳии заррин? – гуфт пирамард.

Ман на хона дорам на як каф биринҷ, ки гуруснагиямро рафъ намоям, на либос, ки танамро пӯшонам.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

мохича тилло

Моҳӣ гуфт:

–Ба хотири ҷамъ ба хонаат рав. Ту акнун ҳам хона, ҳам

хӯрок ва ҳам либос дорӣ.

Пирамард моҳиро ба дарё сар дод ва ба манзилаш баргашт.

Омаду хонаашро нашинохт. Ба ҷойи кулбаи хасин иморати зебою мустаҳками чӯбин меистод, дар дохили хона барои меҳмонон мизҳои қатор, дар болои мизҳо табақҳои пур аз биринҷ меистоданд. Либосҳои наву зебо рахт задагӣ буданд.

Пирамард ба кампираш гуфт:

–Дидӣ, кампир, бахти мо хандид! Пештар мо ҳеҷ чиз надоштем. Ҳоло ҳама чиз дорем. Ба Моҳии заррин, ки имрӯз ба тӯри ман афтод, ташаккур бигӯ!

Кампир сухани шавҳарашро шунида, оҳ кашида, гуфт:

–Оҳ мӯйсафед, мӯйсафед! Мӯйҳоят сафед шуда бошанд ҳам, мисли кӯдак ақл надорӣ. Ин чӣ хоҳише буд, ки ту аз моҳӣ кардӣ?! Зуд баргарду ба назди моҳӣ рав. Аз ӯ панҷ хизматгор ва хонае талаб кун, ки дар он шоҳ зиндагӣ карда тавонад. Бигзор он хона аз хазинаҳои пур аз симу зар, дар саҳни ҳавлӣ аспу ароба қатору оғилҳо аз гову барзагов пур бошанд. Ва боз хоҳиш кун, ки туро ҳоким эълон кунад.

Пирамард майли рафтан надошт, вале бо кампираш баҳс карда натавонист.

Ба лаби дарё омаду дар соҳил нишаст ва моҳиро фарёд кард:

– Аз об баро, Моҳии заррин! Ба наздам биё, моҳии сеҳрофарин! Баъд аз лаҳзае оби дарё тира гашту аз қаъри он Моҳии заррин баромада, ба пирамард нигарист.

–Гӯш кун, Моҳии заррин, – гуфт мӯйсафед, – ман аз ту молу мулки зиёд гирифтам, вале занам норозӣ аст, мехоҳад, ки ту маро ҳоким таъйин кунӣ. Дигар хоҳишҳои кампирро гуфт.

Моҳии заррин суханони пирамардро гӯш карду гуфт:

–Бигзор ҳамин тавр шавад!

Моҳӣ инро гуфту зери дарё рафт.

Пирамард ба хонааш баргашт. Дид, ки ҳама мардуми гирду атроф ҷамъ шудаанду дар даст карнаю сурнай, гулчанбару туҳфаҳо доранд. Нақора заданду карнаю сурнай навохтанд, пирамардро ба тахти равон шинонданд, ба китф бардошта ба хонааш дароварданд. Он хона не, қаср буд.

Пиру кампир акнун хушу хурсандона умр ба сар мебурданд. Як моҳ нагузашта, кампир боз ба пирамард часпид:

Зуд ба назди моҳӣ раву гӯй, ки, туро шоҳи ҷаҳон эълон кунад! Раву гӯй, ки, агар ин корро накунад, худам наздаш мераваму ҷанҷол мекунам.

–Ман намеравам, – гуфт пирамард. – Аллакай аз ёд баровардӣ, ки чӣ хел зиндагӣ мекардем?

Пирамард дуру дароз баҳс кард, вале пиразан қабул накарда, бо исрор мӯйсафедро назди моҳӣ фиристод.

Пирамард омаду дар лаби дарё нишаста, нидо баровард:

–Аз об баро, Моҳии заррин! Ба наздам биё, моҳии сеҳрофарин!

Пирамард як бор, ду бор ва се бор нидо баровард, вале моҳӣ аз қаъри дарё набаромад.

Мӯйсафед хеле мунтазир шуда нишаст ва баъд оҳи вазнине кашида, ба хона баргашт. Дар ҷойи қасри боҳашамат боз ҳамон кулбаи вайрона истодаасту дар дохили он кампири ҷандапӯшу ифлос.

Пирамард ба ӯ нигоҳ карда гуфт:

–Эҳ занак, занак… Охир ба ту гуфта будам, ки «Нафси бад – балои ҷон». Хасисию баднафсӣ кунӣ, моли доштаатро низ аз даст медиҳӣ.


Мохичаи тилои (хикоя) Мохии заррин

ҚаблӣСуруди умумиҷаҳонии кӯдакон
БаъдӣОби Душанбе (шеър)