Таваллуди фарзанд ва фароҳам овардани шароит барои рушди кӯдак

Оила ва тарбияи фарзанд. Таваллуди фарзанд ва фарохам овардани шароит барои рушди кудак.

oila зану мард фарзанд духтар писар

Ҳар як падару модар орзуи фарзанддор шуданро дорад, зеро фарзанд ширинтарин меваи умри инсон, нишоне аз падару модар ва давомдиҳандаи насл мебошад. Таваллуди фарзанд дар оила боиси шодмонии падару модар ва хешу ақрабо мегардад. Фарзандро гули умеди волидон мегӯянд. Аз ин рӯ падару модар шудан бахти бузургест. Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар ин бора хеле хуб мефармояд:

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.
Ҳосил аз фарзанд бошад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.

Хабари таваллуди тифлро шунида, шодиёна додан одати қадими мардуми мост. Маънои он чунин аст, ки аз ба дунё омадани тифл тамоми хешу ақрабо хурсанд буда, орзу доранд, ки чунин шодию фараҳ ва бахту саодат насиби ҳар хонадон гардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Оила аввалин маконест, ки шахсияти кӯдак дар он инкишоф ёфта тарбия мегирад. Ҳар гуна беназмӣ ва мушкилиҳои ахлоқӣ дар оила бевосита ва бавосита дар рафти тарбияи кӯдак таъсири манфӣ мегузорад, зеро «кӯдакон мисли оина ҳама чизи дидаашонро қабул карда, инъикос менамоянд». Тадқиқоти яке аз равоншиносони машҳури рус Л. Б. Шнайдер, ки дар мавриди оила ва муносибатҳои оилавӣ асарҳои пурарзише таълиф намудааст, собит менамояд, ки «ҳатто дар батни модар ҷанин ба ғамхорӣ ниёз дорад». Модар баъзан ҷунбидани ҷанинро эҳсос карда, «барояш ҳаво намерасад», «магар сайру гашт мехоҳад» гуфта, бо ҷанин «муошират» мекунад. Бояд қайд кард, ки «ҷанин нисбат ба садоҳои баланд садоҳои пастро беҳтар дарк мекунад. Бинобар ин ҷанин ба суханони ороми меҳрангези модар гӯш медиҳад ва вобаста ба ҳолати рӯҳии модар ӯро низ ҳамин хел ҳолат фаро мегирад. Агар модар дар ҳолати тарсу ғаму андуҳ қарор дошта бошад, пас ин ба рушди ҷанин бетаъсир намемонад».

Кӯдакон дар синну соли гуногун талаботи гуногун пайдо мекунанд. Агар талаботи онҳо мавриди диққати волидон қарор нагирад, мумкин аст дар рафти ҳаёт дар рафтори онҳо мушкилот мушоҳида гардад.

Фарзанди инсон, ки ҳамчун ҷисми заиф ба дунё меояд ва ҳанӯз мустақилият ба даст наовардааст, ба тарбияю оғӯши гарми модар, меҳру шафқат ва навозиш ниёз дорад. Тифл одат, рафтор, феълу атвор ва хислатҳоро тавассути шир ва меҳри модар аз худ мекунад. Ҳамин тавр, ба тарбияи кӯдак аз нахустин рӯзҳои тавлиди ӯ машғул шудан зарур аст. Баъди тавлид рафтори кӯдак дар асоси рефлексҳои ғайришартӣ (макидан, доштан, худмуҳофизатӣ ва ғ.) ба низом меояд.

Тифл бе ёрии калонсолон ягон талаботи худро қонеъ карда наметавонад. Аз ин рӯ қонеъ кунонидани талаботи кӯдак ва рушди ӯ дар рафти муносибати ӯ бо калонсолон сурат мегирад ва дар ҷараёни муошират дар кӯдак аввалин рефлексҳои шартӣ ҳосил мешавад. Масалан, агар модар ба кӯдак аз рӯйи реҷаи муайян хӯрок диҳаду ӯро хобонад, ҳамин рефлекси шартӣ дар кӯдак пайдо мешавад. Яъне баъди сер шудан хоҳиши хоб рафтан пайдо мекунад. Дар рафти муошират бо калонсолон дар кӯдакон нишонаҳои инкишоф ёфтани нутқ ба вуҷуд меояд. Ҳамин тавр, дар охири яксолагӣ кӯдак маънои калимаҳоеро, ки ба қонеъгардонии талаботаш вобаста аст, мефаҳмад ва дар рафти муошират дар нутқи худ истифода мебарад.

Дар айёми тифлӣ, кӯдакӣ ва наврасӣ нақши оила ва муносибатҳои оилавӣ дар рушди фарзанд ниҳоят калон аст. Дар сурати мавҷуд будани муносибатҳои хуби оилавӣ ҷараёни рушди кӯдак ба таври бояду шояд ба роҳ монда мешавад. Мутаассифона, на дар ҳар як оила муносибатҳои лозимаро нисбати якдигар ва фарзанд мушоҳида карда метавонем. Вайрон шудани муносибатҳои оилавӣ боиси халалдор гардидани рушди кӯдакон мешавад.

Ҳамин тавр, муносибатҳои оилавӣ дар ташаккули рафтор ва шахсияти кӯдак нақши бузургро мебозанд. Олимон чунин хусусиятҳои муайяни оиларо, ки ба пайдоиши мушкилиҳо дар рафтори кӯдакон мусоидат менамоянд, тадқиқ кардаанд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои олими равоншиноси рус Л.С. Алексеев намудҳои зерини оилаҳои номусоид ошкор гардиданд: низоангезанда, зиддиахлоқӣ, аз назари педагогӣ салоҳиятнадошта ва зиддиҷамъиятӣ.

Масъалаи таъсири оила ба рушди кӯдаконро мавриди таҳқиқ қарор дода, равоншинос Г. П. Бочкарева оилаҳоро чунин тасниф кардааст:

  1. Оилаҳо бо муҳити номусоиди эмотсионалӣ, ки дар онҳо волидон ба талаботу эҳтиёҷоти кӯдак ҳангоми созгор будани муносибатҳо ҳисси таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
  2. Оилаҳо бо муҳити носолими ахлоқӣ, ки ба кӯдакон шавқу ҳавас ва талаботи номатлубро мепарваранд ва дар натиҷа онҳо ба ҳаёти бадахлоқона ҷалб карда мешаванд.

Психолог В. Бауренас вазъи рушди кӯдаконро дар оилаҳои носолим таҳқиқ карда, зуҳуроти каҷрафториро бо чунин вазъиятҳои тарбиявӣ дар оила алоқаманд менамояд:

1.Мавҷуд набудани таъсири бошууронаи тарбия ба кӯдак.

2.Дараҷаи баланди фишор ва ҳатто зӯроварӣ дар тарбия.

3.Аз рӯйи тасаввуроти худбинонаи аз будаш зиёд баҳо додан ба мустақилии кӯдак.

4.Бенизомию бетартибӣ дар тарбия бо сабаби носозии волидон.

Умуман, муҳити иҳотакарда ва пеш аз ҳама, муносибатҳои оилавӣ ба рушди кӯдакон ҷиддан таъсир мерасонад. Агар падару модар дар зеҳни фарзанди худ ҳамчун риёкор, ваъдахилоф, дурӯғгӯ, фиребгар, бадкор, золим ва бевиқору ҳазлпеша нақш банданд, минбаъд кӯдак аз онҳо дарси дуруст намеомӯзад. Бахусус, агар волидон дар ҳузури кӯдак ба амалҳои бад даст зада, ӯро ҳам ба ин корҳо ҷалб кунанд, онҳо бовариву эътимоди кӯдакро нисбат ба худ ба пуррагӣ барбод медиҳанд.

Ҳодисаҳои хушу зебои муҳити атроф мисли ҳама кас ба кӯдак ҳам хуш менамояд, аммо ҳодисаҳои нохуш ба ӯ таъсири манфӣ мегузорад. Бинобар ин кӯдак, ки бо ҳодисаҳои атроф муносибати доимӣ дорад, завқманд ва ё ошуфтаҳол шуданаш мумкин аст. Кӯдак ба ҳар кору ҳодиса ҳамроҳ шуда, бо узвҳои нозуки биноӣ ва шунавоияш барои худ маълумоти нав мегирад. Кӯдак бо ин роҳ ҳар чизи дида ва шунидаашро таҳлил карда, маълумоти навро дар хотирааш ҷой мекунад.

Ҳамин тавр, ахборе, ки пайваста ба хотираи кӯдак роҳ меёбад, дар оянда дар ташаккули шахсияти ӯ нақш баста, аз тарафи дигар, рафтору кирдори ӯро муайян ва ба самти мусбат ё манфӣ равона мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки кӯдак ҳама вақт рафтори аҳли оилаашонро назорат мекунад ва дидаву шунидаашро аз рӯйи фаҳмиши худ баҳо медиҳад. Пас, аҳли оила ҳар гунае, ки тарбия ёфтани кӯдакро мехоста бошад, бояд худашон ҳамон гуна рафтор кунанд. Хулоса, равиши ҳаёт дар муҳити оилавӣ ба ҳаёти ояндаи кӯдак алоқамандии зич дорад.

Муносибатҳои оилавӣ ба рушди кӯдак таъсири бузург мерасонанд. Муҳити носолим, низоангез ва пуршиддат дар оянда кӯдакро асабонӣ, гирёнчак, якраву бадхашм мегардонад. Мухолифат, одатан, ба кӯдак осебҳои рӯҳӣ расонида, боиси рафтори ношоистаи кӯдак мегардад.

Агар волидон хоҳиши онро дошта бошанд, ки фарзандашон боодоб ва хушгуфтору хушрафтор бошад, мебояд худашон намунаи ибрат шаванд. Рафтору гуфтори волидон бояд ҳамеша рост ва холӣ аз дурӯғ бошад. Агар нахоҳем, ки фарзанди мо суханони қабеҳ ба забон орад, бояд ҳеҷ гоҳ дар ҳузураш сухани қабеҳ нагӯем, то ки дар хотираи ӯ ҳарфҳои нохуб асло сабт наёбад. Агар хоҳем, ки фарзандамон баномусу шарафманд ва ростқавлу боиффат бошад, чунин муҳити муносибро бояд дар оилаи худ барқарор намоем.

Волидон бо рафтору кирдори худ бояд намунаи ибрат шаванд. Кӯдак ба кору гуфтори калонсолон диққат дода, онҳоро меомӯзад ва ба онҳо тақлид мекунад. Пеш аз ҳама фарзанд ба волидони худ тақлид мекунад. Волидон он вақт дар тарбияи фарзанд муваффақ мешаванд, ки агар дар миёнашон иттиҳод ва иттифоқ вуҷуд дошта бошад ва дар ин раванд бо ҳам ҳамкорӣ намоянд.

Саволҳо

  1. Гамхории волидон нисбати фарзанд чи гуна огоз мегардад?
  2. Муносибатхои оилави ба фарзанд чи таъсир расонида метавонанд ?
  3. Чи тавр нутки кудакро инкишоф додан бехтар аст?
  4. Таъсири мухити ичтимои ба рушди фарзанд чи гуна зохир мегардад?
  5. Волидон ба ояндаи фарзанд чи гуна таъсир расонида метавонанд?
ҚаблӣРоҳҳои пешгирӣ кардани низоъҳо дар оила
БаъдӣПсихологияи кӯдак ва мушкилоти тарбия