Синфи ҳашарот (синфи хашарот)

Синфи ҳашарот (синфи хашарот).


Тавсифи умумӣ. Ҳашарот ҳавои атмосфераро ба воситаи хирной нафас мегиранд (ба расми 85 нигаред). Тафовути ҳашарот аз дигар буғумпойҳо он аст, ки танаи онҳо аниқ ба қисми сар, сина ва шикам ҷудо шудааст (расми 94).

Расми 94. Сохти берунии ҳашарот
Расми 94. Сохти берунии ҳашарот

Дар сари ҳашарот як ҷуфт мӯйлаб, як ҷуфт чашми мураккаб ва аъзои даҳон ҷойгир аст. Дар синаи аксарияташон ду ҷуфт бол, се ҷуфт пой мавҷуд аст. Дар шикамашон пой надоранд. Ҳашарот синфи калонтарини олами ҳайвонот аст, шумораи намудҳои он зиёда аз 1 млн буда, аз тамоми намудҳои олами ҳайвонот ва наботот дар якҷоягӣ зиёдтар мебошад, яъне зиёда аз 80% олами ҳайвоноти дунёро ҳашарот ташкил медиҳад. Андозаи баданашон аз 0,25 мм то 30 см мешавад.

Тоҷикистон вобаста ба гуногун будани муҳити географӣ ва шароитҳои иқлимаш аз ҳашарот бой аст .

Дар Тоҷикистон тақрибан 10-12 ҳазор намуди ҳашарот мавҷуд буда, онҳо ба қаторҳои мухталиф мансубанд.

Дар кураи Замин, хоҳ об бошад, хоҳ хушкӣ, эҳтимол минтақае нест, ки дар он ҳашарот мавҷуд набошад. Ба ҳашарот инҳо дохил мешаванд: гамбӯск, шапалак, ору, сӯзанак, малах, занбӯри асал, мӯрча ва ғайраҳо. Муҳити зисти ҳашарот, асосан, хушкӣ ва хӯрокашон рустанӣ мебошад. Ҳашароте низ вомехӯранд, ки дар об зиндагӣ мекунанд (обченкунак, гамбӯски шинокунанда, гамбӯски обдӯст, обсофкунак (нотонекта глауса) ва ғайраҳо). Ҳашароти муфтхӯри инсон ва ҳайвон ҳам маълум аст (кайк, шабушк, шабзод).

Сабабҳои дар табиат васеъ паҳн шудани ҳашарот инҳоянд: рӯйпӯши хитинии сахтдошта, ки онҳоро аз таъсироти механикӣ ҳифз мекунад; инчунин, дар ин рӯйпӯш қабати мумшакл доранд, ки он оби организмро бухор шудан намемонад; захираи чарб дар ковокии бадан мавҷуд аст; хирнойи нағз инкишофёфта доранд; системаи ихроҷ (найчаи малпигӣ), ки онҳо оби организмро дар шароити камобӣ кам харҷ мекунанд; мавҷудияти пойҳои гуногун барои зиндагӣ дар шароити мухталиф; пайдоиши бол, шаклҳои гуногуни аъзои даҳонӣ ва ғайраҳо.

Барои ҳашарот вобаста ба таркиби хӯрок, тағйирёбии узви даҳон хос аст (расми 94). Масалан, агар хӯрок сахт бошад (рустанӣ, дон), узви даҳонии ҳашарот хоянда аст (малах, гамбӯск ва ғайраҳо). Агар хӯрок мулоим ё моеъ бошад (шаҳди гул), узви даҳонии ҳашарот хояндаю лесанда мешавад (занбӯри асал). Агар хӯрок моеъ бошад, узви даҳонӣ маканда аст. Масалан, узви даҳонии шапалак ба хартуми печутобхӯрда шабоҳат дорад ва ғизои ёфтаашро мемакад. Дигар шакли узви даҳонӣ халандаю маканда буда, ба ҳашароте хос аст, ки хуни ҳайвон ё шираи рустаниро аз зери пӯст мемаканд (хомӯшак, нимсахтболҳо, кайк, шабушк ва ғайраҳо). Узви даҳонии пашаи хонагӣ лесанда аст.

Боли ҳашарот тӯрмонанд (сӯзанакҳо), пардамонанд (занбӯри асал), бо пулакча (шапалак), боли пеш сахт (гамбӯск), ними бол сахту нимаш пардамонанд (нимсахтболҳо) мебошад. Баъзе ҳашарот вобаста ба тарзи зиндагиашон, масалан муфтхӯр буданашон, болашонро гум кардаанд (шабушк, кайк). Дар шиками ҳашарот неш, узвчаи тухмгузор ва бордоркунанда мавҷуд аст. Ҳашарот нисбат ба омилҳои муҳити зист мутобиқати хоса пайдо карда, дар ҳарорати -30 дараҷа хунукӣ ва то +50 дараҷа гармӣ зиндагӣ карда метавонанд.

Мушакҳои ҳашарот нисбат ба дигар буғумпойҳо мураккаб ва махсусшуда мебошанд. Қариб ҳамаи мушакҳои ҳашарот кӯндаланги рах-раханд. Қувваи нисбии мушаки ҳашарот хело зиёд аст: онҳо бори аз вазни худашон 14-15 маротиба зиёдро кашида бурда метавонанд.

Системаи ҳазми хӯроки ҳашарот аз ковокии даҳон ғадуди луоббарор, сурхрӯда, ҷиғилдон, меъдаи сованда, рӯдаи мобайн ва қафо иборат аст (ба расми 84 нигаред).

Системаи гардиши хуни ҳашарот кушода аст. Рагҳои хунгард дар онҳо суст тараққӣ карда, хун, асосан дар холигӣ ё ковокии бадан чарх мезанад. Дили ҳашарот дар тарафи пушт ҷойгир буда, аз якчанд ҳуҷрачаи якҷуфтӣ сӯрохидошта иборат аст. Системаи гардиши хуни ҳашарот суст инкишоф ёфтааст, чунки фақат вазифаи бурдани моддаи ғизоиро ба бадан иҷро мекунад.

Узви нафаскашии ҳашарот хирной (трахея) аст. Ҳаво ба хирной тавассути стигмаҳо (сӯрохиҳои ҳаводаро) ворид мешавад. Ин сӯрохиҳо дар сегментҳои сина ва шикам ҷойгиранд.

Системаи ихроҷ аз найчаҳои борики бисёр дароз (найчаҳои малпигӣ), ки ба рӯдаи қафо ворид мешаванд, иборат аст. Дар рӯдаи қафо як қисми оби дар хӯрок боқимондаро ин найчаҳо ҷаббида гирифта, онро аз сари нав ба хун бармегардонанд ва оби организмро камсарф мекунанд, ки ин дар шароити биёбон хеле муҳим аст (расми 95).

Расми 95. Сохти дохилии ҳашарот ва пойҳои онҳо
Расми 95. Сохти дохилии ҳашарот ва пойҳои онҳо

Системаи асаби ҳашарот аз ганглия (гиреҳи асабҳо) болои гулӯ (майнаи сар), ҳалқаи асаби назди гулӯ ва занҷири асаби шикам иборат аст (расми 96).

Расми 96. Системаи асаби гамбӯск (а) ва занбӯри асал (б)
Расми 96. Системаи асаби гамбӯск (а) ва занбӯри асал (б)

Узви шомма (бӯйфаҳмӣ) ва зоиқа (мазафаҳмӣ)-и ҳашарот дар мӯйлабҳо, қилҳо ва пойҳояш ҷойгир аст. Дар баъзе ҳашарот, маса лан, дар нари наи малахи боғӣ узви сомеа (гӯш) дар соқи пойи пеш, узви овозбарораш дар болҳои пеш а  ҷойгир мебошад. Инчунин, малахҳои саҳроӣ, чирчиракҳо, сикадаҳо низ овози ба худ хос мебароранд.

Системаи ҷинс ии ҳашарот. Дар модина як ҷуфт тухмдон мавҷуд аст. Ҳар кадоми онҳо аз якчанд найчаҳои тухмӣ иборат буда, дар он ҷо тухм ба воя мерасад.

Аз тухмдон як ҷуфт найчаи тухмгузар баромада, рафта ба бачадон меафтад. Дар нарина низ як ҷуфт наслдон мавҷуд аст. Аз онҳо найчаи нутфагузар баромада, ба найчаи тухмпошак меафтад. Аксарияти ҳашарот тухми бордоршударо мемонанд, чунки афзоишашон бо роҳи ҷинсӣ ба амал меояд. Баъзан афзоиш бе бордор кардан низ ба амал меояд, масалан, дар ширинча, ки ин ҳодисаро партеногенез меноманд.


Саволҳо

  1. Сабабҳои дар табиат васеъ паҳн шудани ҳашаротро номбар кунед.
  2. Дар ҳашарот кадом шаклҳои даҳон дида мешавад, бо мисолҳо фаҳмонед.
  3. Дар кадом ҳашарот бол дида намешавад ва барои чӣ?

Тестҳо

1. Дар ҳашарот кадом намуди мӯйлабҳо дида мешавад?

А) риштамонанд; Б) аррашакл, паршакл; В) гурзшакл, лавҳашакл; Г) ҳамаи ҷавобҳо дурустанд.

2. Дар кадом қисми танаи ҳашарот пой дида мешавад?

А) сар; Б) сина; В) сарсина; Г) шикам.

3. Узви ихроҷи ҳашарот чист?

А) 2 ҷуфт гурда; Б) ғадудҳои луобҷудокунанда; В) найчаҳои малпигӣ; Г) нефридия.

ҚаблӣЗертипи трахеянафаскашҳо. Синфи бисёрпойҳо
БаъдӣСохт ва тарзи ҳаётгузаронии ҳашарот