Мавзӯи мантиқ. Хусусияти инъикоси олам дар зинаи тафаккури абстрактӣ

Мавзӯи мантиқ

Мафҳумҳои асосӣ: Тафаккур, шаклҳои тафаккур, шакли мантиқӣ, забон, ҳаққонва шаклан дуруст будани фикр.

 Мантиқ (منطیق) калимаи арабӣ буда, маънояш «нутқ», «забон» аст. Лекин истилоҳи «мантиқ» дар якчанд маъно кор фармуда мешавад.

Якум, тавассути ин истилоҳ, қонуниятҳои тағйирот ва инкишофи ашё ва зуҳуроти олами объективиро ифода менамоянд. Одатан, қонуни-яти тағйирот ва инкишофи ашё ва зуҳуроти олами объективиро мантиқи объективӣ меноманд.

Дуюм, истилоҳи «мантиқ»-ро нисбат ба қонуниятҳои махсуси робита ва инкишофи фикр низ истифода мебаранд. Одатан чунин қону-ният мантиқи субъективӣ номида мешаванд. Қонунияти робитаву ин-кишофи фикр – инъикоси қонунҳои объективӣ мебошанд.

Илме, ки қонунҳои робита ва инкишофи фикрро меомӯзад, мантиқ ном дорад. Китоби мазкур асоси чунин илмро хоҳад дарбар гирифт. Илми мантиқ тафаккури инсонро меомӯзад, лекин вай на ҳамаи ҷиҳат-ҳои тафаккурро фаро мегирад. Тафаккурро ғайри мантиқ илмҳои дигар, ба монанди равоншиносӣ, физиологияи фаъолияти олии асаб, фалсафа ва информатика низ меомӯзанд. Пас, саволе пайдо мешавад, ки кадом ҷиҳати тафаккур мавзӯи мантиқро ташкил медиҳад? Пеш аз, ҷавоб додан ба ин савол лозим меояд, ки баъзе хусусияти инъикоси оламро тавассути тафаккури абстрактӣ баён намоем.

Хусусияти инъикоси олам дар зинаи тафаккури абстрактӣ

Маълум аст, ки инъикос принсипи асосии ҷараёни маърифат мебо-шад. Маърифат бошад шакли олии инъикоси воқеият аст. Натиҷаи ҷараёни маърифатро дониш ташкил медиҳад. Дар ҷараёни маърифат вобаста ба характери инъикос ду зинаи бо якдигар алоқамандро фарқ кардан ло-зим аст. Зинаи аввалини маърифат-маърифати ҳиссӣ буда, зинаи дуюмро тафаккури абстрактӣ ё худ маърифати мантиқӣ ташкил медиҳад.

Маърифати ҳиссӣ – маърифати бевосита аст. Дар чунин зинаи маърифат дарки ҷиҳатҳои муҳим ва ботинии ашёву зуҳурот, ошкор намудани қонунҳои амал ва инкишофи онҳо имконнопазиранд. Зеро моҳияти ашёву зуҳуротро маҳз тавассути тафаккури абстрактӣ ошкор намудан мумкин аст.

Тафаккури абстрактӣ, ҳамеша аз бедониши ба дониш, аз дониши сатҳии нопурра бо дониши амиқи пурра, ба дониши моҳият ва ҳамаҷониба ҳаракат мекунад, ки ин шарти зарурии фаъолияти инсон аст. Тафаккури таҷридӣ, (абстрактӣ) имконият медиҳад, ки мо аз донишҳои маълум ба донишҳои то ҳол номаълум гузарем.

Тафаккури таҷридӣ, (абстрактӣ) чун зинаи дуюми ҷараёни маърифат дорои хусусияте мебошад, ки тавассути онҳо вайро аз маърифати ҳиссӣ фарқ кардан мумкин мебошад.

Якум, тафаккури таҷридӣ, инъикоси бавоситаи олами моддӣ аст. Инсон бо ёрии тафакури абстрактӣ, яъне тавассути таҳқиқи мантиқии маълумоти ҳиссӣ, чизеро дониста мегирад, ки бевосита мушоҳида кардан мумкин нест, лекин, бо ашёи ҳисшаванда робитаи муайян доранд. Масалан, ҳангоми бевосита назар кардан ба таърихи ҷамъият он чун маҷмӯи тасодуфҳо, бархӯрди бенизоми ирода ва фаъолият намудор мешавад. К. Маркс дар натиҷаи таҳлили муфассали мантиқӣ, қонуни аз назар пинҳони инкишофи ҷамъиятро кашф кард, ки аз ирода ва шуури одамон вобастагӣ надорад.

Дуюм, тафаккури таҷридӣ, инъикоси таъмими (умумиятдодаи) олами моддӣ мебошанд. Дар зинаи дуюми маърифат, ба маълумоти ҳиссӣ такя намуда, хосиятҳои умумии ашёву падидаҳо ҷудо карда мешавад. Онҳо имконият медиҳанд, ки ашёи гурӯҳи муайян ҷамъбаст гардад. Дар натиҷаи таъмими ашё аз рӯи нишонаҳои муҳим мафҳумҳо ба вуҷуд меоянд ва ба тарзи махсус ашё ва зуҳуротро инъикос менамоянд. Мафҳумҳо, дар навбати худ, ҳамчун васоити методологии маърифат хизмат менамоянд.

Сеюм, хусусияти муҳимтарини тафаккур ин аст, ки бо забон, нутқи инсон робитаи узвӣ дорад. Нутқ, забон ва тафаккур дар ҷараёни фаъо-лияти амалии инсон баробари пайдоиш, ташаккул ва инкишофи ҷамъият ба миён омада, рушд ёфтаанд. Забон воситаест, ки тавассути он фикрҳо ташаккул меёбанд. Натиҷаи тафаккур бошад, дар забон ифода меша-ванд. Бе забон тафаккур вуҷуд дошта наметавонад. Забон шакли зоҳири фикр аст. Забон воситаест, ки тавассути он инсон фикри худро ифода мекунад.

Ҷаҳорум, тафаккур фаъолияти фаъол ва мақсаднок аст. Дар раванди тафаккур бо мақсади муайян масъалаҳо пешниҳод мешаванд. Амалӣ гардидани мақсади муайян ва ҳалли масъалаҳои пешниҳодшуда амалиёти муайяни фикриро тақозо менамояд.

Хусусияти баёншудаи тафаккур боиси татбиқи усулҳои маърифат гардидаанд, ки тавассути онҳо олами моддӣ дар шаклҳои муайяни мантиқӣ инъикос мегарданд.

Шаклҳои асосии тафаккур: мафҳум, қазия ва назарияи илмианд. Шаклҳои инкишофи дониш: истинтоҷ (натиҷагирӣ), проблема, фарзия, ва ғайраҳоанд.

Илми мантиқ шаклҳои тафаккуру инкишофи дониш, усулу равиши маърифатро меомӯзад, ки маҳз дар зинаи тафаккури таҷридӣ, (абстрактӣ) истифода мешаванд. Мантиқ қонунҳои махсуси тафаккурро низ таҳқиқ менамояд.

Бо мақсади баёни муфассали мавзӯи илми мантиқ лозим аст, ки шаклҳои мантиқии фикр ва қонунҳои мантиқро муоина намоем.

ҚаблӣШеър дар бораи Соли нав
БаъдӣМантиқи шаклӣ ва диалектикӣ