Хамкории муаллимон ва рохбарони синф бо падару модарон.
Зарурати ҳамкории муаллимони синфҳои ибтидоӣ нисбат ба роҳбарони синф зиёдтар аст. Ба ҳамагон аён аст, ки аз рӯзҳои аввалини ба мактаб омадани кӯдакон волидайнашон ба маслиҳату машварати муаллимон бештар ниёз доранд, зеро кори бомаслиҳат – салоҳи кор мебошад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» мефармояд: «Чун дар воқеоту ҳодисот аз машварат гурез нест, бояд ки машварат бо аҳли ҳикмат ва азҳоби таҷриба ва мардуми дурандешу пирони оқибатбин воқеъ шавад ва тадбири ин тоифа собит аст»[1].
Воқеан, барои волидайн машварати соҳибтаҷриба, мутахассиси таълиму тарбия – муаллим бениҳоят зарур аст. Бидуни дастгирӣ ва ёрии хайрхоҳонаи тарафайн баланд бардоштани фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии мактабиён натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод. Танҳо робита, муҳити солими ҳамкорӣ, шароити мусоиди оила ва мактаб ва билохира талаботи ягонаи онҳо бурдбориҳо оварда метавонад.
Яке аз воситаҳои иртиботи муҳим ва ҳамкории роҳбарони синф бо оилаҳо ин нисбати дарсҳазмкунӣ, давомот, рафтор ва муносибати фарзандонашон мунтазам ахборот дода истодан мебошад. Чунин алоқамандии мактабу оиларо, чуноне, ки пештар маълумот дода будем, дар навбати аввал рӯзномаи талабаҳо ба ҷо меорад. Рӯзнома воситаи муҳими ҳарҳафтаинаи иртиботи роҳбари синфу оила буда, ба он падару модарон дар охири ҳафтаҳо аз фанҳо баҳоҳои гуногун гирифтаю, рафтору ахлоқи фарзандонашон ва аз чорабиниҳои синф (машварат, мубодилаи афкор, маҷлиси волидайн ва ғ.) огоҳ мешаванд ва ба рӯзнома имзо мегузоранд, ки ин алоқаи бозгаштро ифода мекунад. Илова бар ин, дар охири ҳар чоряки таълимӣ маҷлиси волидайни синф баргузор мегардад, ки дар он ба таври муфассал вазъи таълиму тарбия ва рафтору интизоми талабаҳо аз ҷониби роҳбари синф таҳлили ҷамъбастӣ баррасӣ карда мешавад ва чораҳои минбаъд беҳтаргардонии назорати оилаҳо ҳаллу фасл меёбад.
Роҳбарони синф дар мавридҳои зарурӣ ё ба матлаби шиносшавӣ бо шароити зиндагӣ, имкониятҳои дарстайёркунии шогирдон ба хонаашон ташриф меоранд ва ё волидайнро ба мактаб даъват мекунанд. Ин он маъноро надорад, ки муаллим барои камбудиеро гуфтан омада бошад, балки онҳо ба хонадонҳои аълохонҳо ва пешқадамон ҳам ташриф меоранд, ҷиҳатҳои судманди тарбияи ононро баҳри мубодилаи афкор меомӯзанд. Ва дар ҷамъомадҳо онҳоро ба дигарон баррасӣ мекунанд, то ки волидайни ҷавон аз онҳо таҷриба гиранд.
[1] Ҳусайн Воизи Кошифӣ. Ахлоқи Муҳсинӣ. – Душанбе, 1991. – с. 193.

















