Мушакҳо ва вазифаи онҳо. Кори мушакҳо. Бофтаи мушак

Мушакхо ва вазифаи онхо. Кори мушакхо. Бофтаи мушак


Аз рӯйи нахи худ бофтаи мушак 3 хел мешавад: 1) бофтаи кӯндаланграхи мушаки скелетӣ; 2) бофтаи кӯндаланграхи мушаки дил; 3) бофтаи мушаки суфта (расми 33).

Расми 33. Намуди бофтаҳои мушак
Расми 33. Намуди бофтаҳои мушак

Ба ҳар як намуди ин бофтаҳо ҳуҷайраҳои шаклан тағйирёфтаи хосияти нахи мушак дошта, мансуб аст.

Мушакҳои скелет аз бофтаҳои мушакии кӯндаланграх таркиб ёфтаанд. Торҳои мушакии он ба намуди даста ҷамъ шудаанд. Аз дохили торҳои мушакӣ риштаҳои борики сафедаҳо мегузаранд, ки қобилияти кӯтоҳшавӣ, кашишхӯрии мушакро ба амал меоранд (расми 34).

Расми 34. Сохти мушакҳо
Расми 34. Сохти мушакҳо

Мушакҳои дил ҳам монанди мушакҳои скелет аз бофтаҳои му шакии кӯндаланграх иборатанд. Ин нахҳо дар ҷойҳои муайян ба ҳам пайваст мешаванд ва ин навъи пайвастшавӣ имкон медиҳад, ки мушакҳои дил тез кашиш хӯранд.

Мушакҳои суфтаро фақат дар узвҳои дохилӣ: рагҳои хун, рӯда, масона ва ғайраҳо дидан мумкин аст. Хосияти бофтаҳои суфтаи мушак дар он аст, ки онҳо суст кашиш мехӯранд.


Сохти мушакхо

Сохти мушакҳо. Мушакҳои скелет аз бандчаи нахҳои кӯндаланграхи мушак иборатанд. Ба ҳар кадом мушак рагҳои хунгард ва асаб ҳамроҳ шуда, бо лифофаҳои бофтаи пайвасткунанда пӯшонида шудаанд ва ба воситаи пайҳо ба устухон часпидаанд. Мушакҳои асосии бадани одам аз қисми пеш ва пушт дар расмҳои 35 ва 35а нишон дода шудаанд.

Расми 35. Мушакҳо (аз пеш)
Расми 35. Мушакҳо (аз пеш)
Расми 35а. Мушакҳо (аз пушт)
Расми 35а. Мушакҳо (аз пушт)

Накши системаи асаб дар танзими фаъолияти мушак

Нақши системаи асаб дар танзими фаъолияти мушак. Ҳамаи мушакҳои бадан 3 хосиятро дороанд: 1) мутаассиршавӣ; 2) гузаронидани ҳаяҷон; 3) кашишхӯрӣ. Дар мушакҳои бадан торҳои асабҳои ҳиссиёт ва ҳаракат мавҷуданд. Хабарҳо тавассути торҳои асаби ҳиссиёт аз ретсепторҳои пӯст, мушакҳо, пайҳо, буғумҳо ба систе- маи марказии асаб меоянд. Хабарҳо, инчунин ба воситаи нейронҳои ҳаракат аз ҳароммағз ба мушакҳо мегузаранд ва дар натиҷа мушакҳо кашиш мехӯранд. Ҳамин тавр, кашишхӯрии мушакҳо дар организм ба таври рефлекторӣ анҷом меёбад. Ба нейронҳои ҳаракати ҳароммағз хабарҳои мағзи сар, аз он ҷумла қисми нимкураҳои калон таъсир мерасонад. Ин ҳаракатро ғайриихтиёрӣ мекунад. Мушакҳои кашишхӯрда қисмҳои гуногуни баданро ба ҳаракат медароранд ва сабаби ҷойивазкунии организм ё нигоҳ доштани ҳолати муайяни он дар фазо мегарданд.


Мушакхои каткунанда, росткунанда ва мувофикати онхо

Мушакҳои қаткунанда, росткунанда ва мувофиқати онҳо. Дар вақти ягон хел ҳаракат кардани одам ду гурӯҳи ба ҳам муқобили мушакҳо – мушакҳои қаткунанда ва мушакҳои росткунандаи буғумҳо амал мекунанд (расми 36). Ҳангоми кашиш хӯрдани мушакҳои қаткунанда ва дар як вақт суст шудани мушакҳои росткунанда қатшавии бандҳо ба амал меояд. Ба ҳамдигар мувофиқат кардани кори мушакҳои қаткунанда ва росткунанда дар натиҷаи дар ҳароммағз ба навбат ба вуҷуд омадани ҷараёни ба ҳаяҷонойӣ ва боздорӣ имконпазир мегардад. Масалан, мушакҳои қаткунандаи даст дар натиҷаи ба ҳаяҷон омадани нейронҳои ҳаракати ҳароммағз кашиш мехӯранд. Дар як вақт мушакҳои росткунанда суст мешаванд. Ин ба боздории нейронҳои ҳаракат вобаста аст.

Мушакҳои қаткунандаю росткунандаи буғумҳо мумкин аст дар як вақт дар ҳолати сустӣ бошанд. Чунончи, мушакҳои дасте, ки ба қад озод партофта шудааст, суст мебошанд. Ҳангоми бардоштани ягон бор ё машқ кардан кашишхӯрии ҳар ду намуди мушакҳоро мушоҳида намудан мумкин аст и 37).

Расми 37. Кори мушакҳо
Расми 37. Кори мушакҳо

Кори мушак

Кори мушак. Мушакҳо кашиш хӯрда, ба устухон чун фишанг таъсир мерасонанд ва кори механикиро иҷро мекунанд. Ҳар як кашишхӯрии мушак бо саршавии неру вобаста аст. Манбаи ин неру таҷзия ва оксидшавии моддаҳои органикӣ (карбогидратҳо, чарбҳо, кислотаи нуклеинат) мебошанд.

Моддаҳои органикӣ дар нахҳои мушак ба тағйирёбии кимиёвӣ дучор меоянд, ки он бо иштироки оксиген сурат мегирад. Дар натиҷа маҳсулоти таҷзия, хусусан гази карбонат ва об ҳосил шуда, неру хориҷ мегардад. Аз байни нахҳои мушак рагҳои хун мегузаранд, ки организмро бо моддаҳои ғизоӣ ва оксиген мунтазам таъмин намуда, моддаҳои нодаркори ҳосилшуда ва дуоксиди карбонро ба узвҳои ихроҷ мебаранд.

Мондашавии мушак

Мондашавии мушак. Ҳангоми дуру дароз ва бетанаффус кори ҷисмонӣ кардан қобилияти кории мушакҳо оҳиста-оҳиста кам мешавад. Муваққатан суст шудани қобилияти кории мушакҳоро мондашавӣ меноманд. Баъди каме дам гирифтан қобилияти кории мушакҳо аз нав барқарор мешавад. Дар вақти машқҳои мунтазами ҷисмонӣ мушакҳо дертар монда мешаванд, зеро дар фосилаи байни кашишхӯрии мушакҳо қобилияти кории онҳо қисман барқарор мегардад. Чӣ қадаре ки мушакҳо тез-тез кашиш хӯранд, онҳо ҳамон қадар тез монда мешаванд. Қобилияти кории мушакҳо, инчунин ба ҳаҷми кор вобаста аст. Агар ҳаҷми кор бисёр бошад, ҳамон қадар мушакҳо тезтар монда мешаванд.

Мондашавии мушакҳо, ба қобилияти кории онҳо таъсир кардани суръати кашишхӯрӣ ва андозаи миёнаи корро интихоб кардан муҳим аст. Дар ин сурат маҳсулнокӣ зиёд шуда, мондашавӣ дертар оғоз меёбад.

Ақидаеҳаст, ки гӯё оромии мутлақ тарзи беҳтарини барқарор кардани қобилияти корӣ мебо    шад.

И. М. Сеченов нодурустии чунин ақидаро исбот кард. Ӯ дар шароити истироҳати беҳаракат ва дар вақти як корро ба кори дигар иваз кардан, яъне ҳангоми истироҳати фаъол, чӣ тавр барқарор шудани фаъолияти меҳнатиро муқоиса кард. Маълум шуд, ки дар вақти истироҳати фаъол мондашавӣ тез бартараф ва фаъолияти корӣ барвақттар барқарор мешавад.


Дониши худро санҷед:

  1. Кадом намуди мушакхоро медонед?
  2. Мушакхо кадом вазифаро ичро мекунанд?
  3. Мувофикати мушакхои каткунанда ва росткунанда дар чист?
  4. Дар вакти кори мушакхо чи хел моддахо ва равандхо манбаи неру мебошанд?
  5. Суръати кашишхури, кор ба кобилияти кории мушакхо ва мондашавии онхо чи таъсир мерасонад?
  6. Наххои актини аз миозини чи фарк доранд?
  7. Мушакхои кундаланграх аз мушакхои суфта бо кадом хосияти худ фарк мекунанд?
  8. Танзими кашишхурии мушак чи хел ба рох монда мешавад?
  9. Истирохати фаъол чист?
  10. Асосгузори физиологияи мехнат кадом олим аст?
ҚаблӣЁрии аввалин ҳангоми зарар дидани скелет
БаъдӣНамудҳои шабака. Намудхои шабака