Корҳои тарбиявӣ (Технологияи тарбия)

Корхои тарбияви (Технологияи тарбия)


 Дар адабиётҳои психологию педагогӣ мафҳуми «чорабиниҳои педагогӣ» барои ифодаи истифода бурдани намуд ва шаклҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ кор фармуда мешавад. Чорабиниҳои тарбиявӣ – ин маҷмӯи гуногуни таъсирбахшии тарбиявӣ нисбати шароитҳои муайян ба миён омада, баҳри тарбияи комплексии талабагон хизмат мекунад. Аз чорабиниҳои тарбиявӣ раванди тарбиявӣ пайдо мешавад.

Мафҳуми «корҳои тарбивӣ» системанокӣ, комплексӣ, пайдарҳамӣ, бефосилагии кори тарбиявиро ифода менамояд. Корҳои тарбиявӣ (КТ) – ин намуди (шакли) ташкилкунӣ ва иҷро намудани фаъолияти аниқи муайян бо тарбиягирандагон. Хусусияти асосии фарқияти КТ – зарурат, муфидонагӣ, иҷрошавандагӣ инҳо мебошад. Ҷараёни тарбия аз занҷираи бардавоми корҳои тарбиявӣ иборат мебошад ва кандашавиро намепарварад. Он хусусияти коллективӣ ва эҷодкорӣ дошта, дар ҳамкории тарбиядиҳанда сурат мегирад.

Дар ҷараёни корҳои тарбиявӣ ду намуди муносибат ҳаст – фаъолият ва дигаре комплексӣ амал мекунад. Аввалинаш ташкили намудҳои гуногуни фаъолияти мактабиёнро талаб мекунад: дарк намудан, корҳои меҳнатӣ, умумӣ, рассомӣ, спортӣ, арзишҳои миллӣ, дар дуюмаш, ки мо медонем – пайвастакунии ҳамаи намудҳои фаъолият ва таъсири ягонагии онҳо дар раванди тарбия аст. Муносибати фаъолият дар тарбия характери комплексӣ мегирад.

Агар корҳои тарбиявиро ҳамчун системаи маълумот дида бароем, ба гуногунии зиёди он нигоҳ накарда, дар мактаб зоҳир намудан мумкин, ки ҳамаи он асосан як хел ташкил карда мешавад. Дар ҳама кор ба марҳалаҳои зайл ҷудокуниро дидан мумкин аст:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1) мақсадгузорӣ (таҳлили вазъият, ташаккули бартаридошта ва ҳамроҳикунандаи мақсади тарбия);

2) банақшагирӣ;

3) ташкил ва тайёрӣ;

4) ҳатман иҷрокунии кор;

5) таҳлили натиҷаҳои ноилшуда (нақ. 16).

Нақшаи 16

Онҳоро дида мебароем.

Яке аз сарчашмаҳои муҳими мақсадгузорӣ ва тарҳрезии КТ вазъияти иҷтимоии ҳамон давр мебошад, ки корҳои тарбиявӣ ба вуқӯъ пайваста аст. ин вазъият ба ҳодисаҳои иҷтимоии кишвар ва олам вобастагӣ дорад: идҳо, санаҳои таърихӣ, қарорҳои ҳукумат ва ҳодисаҳои маҳаллӣ ва ғайраҳо.

Дигар сарчашмаи ташкил ва гузаронидани КТ ба ташхиси сифатан ташаккулёбии шахсият хизмат мекунад. Боз як манбаъ – майли умумии умури таълимию тарбиявии муассиса дар давраи муайян мебошад. Дар якҷоягӣ ин сарчашмаҳо кори тарбияро дар зиндагӣ пурра мегардонанд.

Бартарӣ доштани мақсад (одатан ин мақсади тарбияи ахлоқӣ) вазифаҳои муайяни корро возеҳ мегардонад. Дар ҳар кор ғояи асосӣ ҷудо карда мешавад, ки он бо яке аз майлҳои тарбия (ақлӣ, ҷисмонӣ, меҳнатӣ ва ғ.) мувофиқат мекунад.

Вазифаи педагог дар марҳалаи мақсадгузорӣ – ба ҳисоб гирифтани вазъияти иҷтимоӣ, итоат кунонидани фаъолияти тарбиявии худ ба мақсади бартаридошта, ташхис кардани дараҷаи тарбиятии коллектив ва узвъҳои алоҳидаи он, сипас гузаронидани таҳлили ҷузъии педагогӣ дар сатҳи тайёрии тарбиягирандагон ба он системаи тарбияи таъсиррасон, ки дар оянда ба назар гирифта мешавад. Дар ин маврид бояд ба ин саволҳо ҷавоби муайян гирифта шавад:

  1. Бо кадом коллектив таъсирбахшии тарбиявӣ равона карда шудааст?
  2. Дараҷаи инкишофи он нисбати майли мазкур чӣ тавр аст?
  3. Иҷроиши кор бояд ба ноилшавии кадом натиҷа бошад?
  4. Бо кадом системаи тарбия ба натиҷаҳои банақша гирифташуда ноил шудан мумкин аст?

Дар ин марҳала ба камбудиҳо низ эътибор дода мешавад.

Марҳалаи банақшагирӣ корҳои тарбиявӣ аз паи марҳалаи мақсадгузорӣ бурда мешавад ва аз вай фақат бо назариявии худ фарқ мекунад, амалан ин раванди ягонагӣ ҷудонашаванда аст. Ин марҳала дар назди педагог вазифаи муҳим мегузорад – бо ҳамроҳии тарбиягирандагон ҳамаи қисматҳои майли фаъолиятро муайян кардан, тақсим намудани вазифаҳо байни иштироккунандагон, фаҳмондани тарзи амалигардонии онҳо аст. Аксари педагогҳо банақшагирии кори тарбиявиро дар ғайби иштирокчиён тартиб доданро меписанданд. Аз ин лиҳоз ба роҳбари синф лозим аст, ки КТ– ро ҳамроҳи талабагон тартиб диҳад. Мавриди банақшагирӣ ба он эътибори ҷиддӣ додан шарт аст, ки масъалаҳои якумдараҷа аз нақша наафтанд.


Мавзӯи пурра >> Технологияи тарбия

ҚаблӣМуносибати комплексӣ (Технологияи тарбия)
БаъдӣМавзӯӣ 17. Тарбияи ахлоқӣ ва интизоми бошуурона