Воситахои ёрирасон дар вакти кор бо мошини дарздузи.
Дар вақти кор бо мошини дарздӯзӣ воситаҳои ёрирасон аҳамияти калон доранд (расми 42). Онҳо сифати дӯхти маснуотро баланд мебардоранд, меҳнатро осон карда, истеҳсоли маснуотро афзун мегардонанд. Дар вақти кор бо воситаҳои ёрирасон кӯк задани қисмҳои маснуот зарур нест.
1. Бо ёрии воситаи ёрирасони ҷадвали ҳудуддор дарзи дукаратаро медӯзанд. Бо ёрии тазйиқдиҳандаи бахиявӣ бахия медӯзанд.
Ба воситаи тазйиқдиҳандаи буранда дарзи қаткуниро бо буриш ва дарзҳои васеъгиашон ҳархела ё андозаашон муайян иҷро мекунанд. Расми 43.
Дар вақти чокдӯзӣ воситаи ёрирасон – ҷадвали ҳудуддорро истифода бурдан аҳамияти калон дорад. Он вақтро сарфа мекунад ва миқдори маснуот зиёд мешавад.

Ҷадвали ҳудуддорро бо винт ба платформаи мошин маҳкам мекунанд. Ба таги тазйиқдиҳанда тарафи рости ду порчаро гузошта медӯзанд ва охири чокро маҳкам мекунанд.

Ин калимаҳоро дар хотир доред: дарзҳои зарурӣ, дарзи дукарата, дарзи бахиядӯзӣ, тазйиқдиҳандаи бахиявӣ, тазйиқдиҳандаи буранда.
Савол ва супориш
- Қоидаҳои дарзи дукарата ва бахиядӯзиро гӯед.
- Воситаҳои ёрирасон дар вақти кор чӣ аҳамият доранд?
- Аҳамияти ҷадвали ҳудуддор дар чист?
- Намуди дарзҳоро аз назар гузаронед ва қоидаҳои иҷрои онҳоро дар хотир доред.