Дарзи мошини дарздузи. Ичрои намунавии дарзи дукарата.
Дар вақти дӯхтани либосҳо дарзҳои пайвасткунандаро истифода мебаранд. Дарзҳо ҳар хел мешаванд. Ҳоло бо намудҳои он – дарзи дукарата, дарзи бахиядӯзӣ, дарзи қаткунӣ, дарзи кушод ва дарзи ноаён шинос мешавем, ки аз ҷумлаи дарзҳои зарурӣ мебошанд.
Иҷрои намунавии дарзи дукарата. Кори амалии №22
Таҷҳизот: қуттии корӣ, чор намуди матои андозаашон 10х10см.
Рафти кор:
- Тайёр кардани намуна. Порчаҳои пайвастшавандаро бо тарафҳои чапашон рӯ ба ҳамдигар монда, дастӣ кӯк занед.
- Дӯхтани порчаҳо (расми 40 а). Порчаҳоро дар мошин дӯхта, пас кӯки дастии онҳоро канда, масофаи ҷойи чокро ба ду тараф қат карда, дарзмол кунед. Ин намунаро ба тарафи чапаш гузошта, баъд боз дӯзед (расми 40 б).
- Порчаҳоро дӯхта, кӯкҳоро канда, ҷойи кӯкҳоро дарзмол кунед. Баъд гирди намунаи чоки дукаратаро бо қайчӣ буред.
