Одоби меҳмонӣ кардан ва ба меҳмонӣ рафтан

Андар меҳмонӣ кардан ва меҳмон шудан ва шароитҳои он

Эй писар, мардумони бегонаро ҳар рӯз меҳмон макун. Аз он ки ҳар рӯз ба ҳаққи меҳмон натавон расидан. Бинигар то як моҳ чанд бор меҳмонӣ тавонӣ кардан. Он ки се бор тавонӣ кардан, як бор кун ва се бор андар ӯ харҷ кун, то хони ту аз ҳама айбе мубарро (холӣ) бувад ва забони айбҷӯён бар ту баста бошад. Ва чун меҳмонон дар хонаи ту оянд, ҳар касро пешвоз мафирист ва тақаррубе ҳамекун ва темори (ғамхорӣ) ҳар кас ба сазои ӯ медор. Чунонки Абушакури Балхӣ гӯяд:

Агар дӯст меҳмон бувад ё на дӯст,

Шабу рӯз темори меҳмон накӯст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Агар вақти мева бувад, пеш аз таом меваҳои тару хушк пеш ор, то бихӯранд. Ва як замон таваққуф кун ва он гаҳ хӯрданиҳо овар.

Ва ту манишин то он гоҳ, ки меҳмонон бигӯянд як бору ду бор, ки бинишин. Он гоҳ бо эшон мусоидат кун ва нон бихӯру фурӯтар аз ҳама кас нишин.

Ва аз меҳмонон узр махоҳ, ки узр хостан табъи бозориён бувад.

Ва ҳар соат магӯй: «Эй фалон, нон нек бихӯр ва ҳеҷ намехӯрӣ. Шарм мадор, ки аз ҷиҳати ту чизе карда натавонистам..». Ин на суханони муҳташамон бувад. Ин лафзи касе бувад, ки ба солҳо меҳмоне як бор кунад аз ҷумлаи бозориёне, ки аз чунин гуфтор мардум шармсор шаванд ва нон натавонанд хӯрдан ва нимсер аз хон бархезанд.

Ва моро ба Гелон расме накуст. Чун меҳмонро ба хона баранд, хон биниҳанд ва кӯзаҳои об ҳозир кунанд. Ва меҳмонхудой (соҳиби меҳмон) ва пайвастагони ӯ аз он ҷо бираванд, магар як тан аз ҷойи дур бозистад аз баҳри коса ниҳодан то меҳмон чунонки хоҳад, нон бихӯрад. Он гаҳ мизбон пеш ояд. Ва расми араб низ чунин аст…

Пас аз мардум миннатпазир ва тозарӯй бош.

Аммо беҳудаханда мабош, ки беҳуда хандидан дувуми девонагист, чунонки кам хандидан дувуми сиёсат аст ва хештандорист, чи гуфтаанд, ки хандаи беҳудаву бевақт гиря бувад.

Ва агар меҳмони ту ҳазор муҳол бикунаду бигӯяд, аз вай бардору хидмати вай бузург дор.

Аз “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус

ҲУРМАТИ МЕҲМОН НИГАҲ ДОР, ЭЙ ПИСАР


Одоби мехмони кардан ва ба мехмони рафтан, Андар мехмони кардан ва мехмон шудан ва шароитхои он, Аз “Кобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус

ҚаблӣПаҳншавии мева ва тухм
БаъдӣДавомнокии ҳаёти рустаниҳо/растаниҳо