Давомнокии ҳаёти рустаниҳо/растаниҳо

Рустаниҳо аз ҷиҳати давомнокии ҳаёташон хеле гуногун мешаванд. Агар булут, арча ва баъзе рустаниҳои дарахтӣ беш аз ҳазор сол умр бинанд, гандуми баҳорӣ, ҷавдор, сулӣ ва дигар рустаниҳои ғалладонагӣ ҳамагӣ як сол умр мебинанд.

Баъзе гиёҳҳо ҳам, масалан, қоқу, ширгиёҳ, сапали шутур, газна, пудина ва ғайра солҳои бисёр умр мебинанд. Баргу пояи бештари ин рустаниҳо то зимистон хушк шуда, баҳорон аз сари нав месабзанд. Зеро реша ё узвҳои дигари зерихокии муғҷадори ин рустаниҳо зимистонро дар зери барф мегузаронанд. Баҳорон аз муғҷаҳо пояҳои нав мерӯянд.

Расми 8. Давомнокии ҳаёти рустаниҳо

Рустаниҳоеро, ки умри бисёр мебинанд, рустаниҳои бисёрсола меноманд. Буттаву дарахтон, инчунин бисёр гиёҳҳои худрӯй (8) ва кишоварзӣ бисёрсолаанд.

Дар байни рустаниҳои алафӣ чунин рустаниҳое ҳам ҳастанд, ки камтар аз як сол, ҳамагӣ як тобистон умр мебинанд. Масалан, шӯра, шаббӯй, шалғамча, арзан, марҷумак ва сулӣ баҳорон аз тухм руста гул мекунанд, меваю тухм мебанданд ва баъд хушк мешаванд. Онҳоро рустаниҳои яксола меноманд.

Рустаниҳои дусола қариб ду сол месабзанд. Лаблабу, турб, сабзӣ, пиёз ва карам соли якум одатан фақат реша ронда, поя ва барг мебароранд. Соли дуюм бошад, онҳо навдаҳои нав мебароранд, гул мекунанд ва меваю тухм баста, (8) тирамоҳ хушк мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар баробари ин, баъзе рустаниҳое ҳастанд, ки давомнокии ҳаёти онҳо хеле кӯтоҳ буда, ҳамагӣ якчанд моҳро дар бар мегиранд. Онҳо аввали баҳор ба нашъунамо шурӯъ карда, гул мекунанд, мева ҳосил намуда, то баҳори оянда дар ҳолати оромӣ қарор доранд. Ин қабил рустаниҳоро ба гурӯҳи рустаниҳои эфемерӣ (лолахасак, вазирак (сурепка) ва эфемероидӣ (бойчечак, лола) дохил мекунанд.

Ҳамин тавр, тирамоҳ мева ва тухми аксар рустаниҳо, аз ҷумла рустаниҳои бисёрсола ҳам мепазанд. Ранги барги бисёр буттаву дарахтон тағйир меёбад, (9) сипас баргҳо мерезанд; айёми хазонрез фаро мерасад.

Расми 9. Ранги баргҳо дар тирамоҳ

Дар ҳаёти рустаниҳо ҳодисаҳои муайян (баргбарорӣ, гулшукуфт, мевабандӣ, хазонрез) ҳар сол такрор меёбанд. Ҳодисаҳои даврии ҳаёти ҳайвоноту рустаниҳоро, ки махсусияти мавсимӣ доранд, як соҳаи биология – фенология меомӯзад. Доир ба ҳаётгузаронии ҳайвоноту набототи кишвар пайваста мушоҳидаи фенологӣ бурдан ба олимон имкон медиҳад, ки хусусиятҳои ҷолиби диққати инкишофи табиати зинда ва муҳлатҳои корҳои кишоварзиро муқаррар кунанд. Чунин мушоҳидаҳоро шумо ҳам ба ҷо оварда метавонед: мушоҳида бояд мунтазам бошад ва натиҷааш дар дафтари махсус навишта шавад.


Саволҳо

  1. Кадом рустаниҳо бисёрсола, яксола ва дусола номида мешаванд?
  2. Тирамоҳ дар ҳаёти рустаниҳо чӣ ҳодиса рӯй медиҳад?
  3. Фенология чист?
  4. Кадом рустаниҳо ба гурӯҳи рустаниҳои эфемерӣ ва эфемероидӣ мансубанд?

Узвҳои рустанӣ (Узвхои растани)


Давомнокии хаёти рустанихо, Давомнокии хаёти растанихо, Ранги баргхо дар тирамох чи гуна аст, Растанихои дусола, растани, ботаника бо забони точики.

ҚаблӣОдоби меҳмонӣ кардан ва ба меҳмонӣ рафтан
БаъдӣДарахт, Бутта, Нимбутта

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед