Якчанд тезгуякхо бо забони точики баҳри шумо, корбарони сомонаи Донишчу гирдоварӣ намудем. Инҳо каме сода ва кӯтоҳу осонанд. Дар матлабҳои баъди тезгуякхои мушкилтарро хоҳем овард.
Шаш зарби шаш
Шавад сию шаш.
Ба шаш шохи шафтолу
Шасту шаш гунҷишк нишаст.
Шасту шаш шиша доштам,
Шашташ шикаст, шасташ нашикаст.
Садто сафедор
Сад себу анор
Сад садаву бед,
Сию се себи сафед.
Собирҷон соатсоз аст,
Соҳиби касби соз аст.
Сангу сангча дар санглох.
Сад санг бо се сангяк саду се санг.
Шаш шаст – сесаду шаст,
Сесаду шаст – шаш шаст.
Зулфия зар медӯзад,
Зевар аз ӯ омӯзад.
Зафар сафар кард,
Сафар зафар кард.
Ҳавлии мо як парча,
Дар боғи мо як арча.
Мо ҳамагӣ чор бача,
Ду писар, ду духтарча.
Дар дасти оча бача,
Дар дасти бача кулча.
Дар лаби ҷӯйча
Як села чӯҷа.
Об хӯрданд аз шаршара
Даҳ даравгар дар дара.
тезгуяк, тезгуяки точики, тезгуяк бо забони точики, тезгуякхо
Дар ҳавлии мо як тутча,
Ин тутча чуту тутча.
Шар шари борон
Шаршара борон
Си сих шашлик
сишиш сиз шашлик